Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия.  Гардиши об дар табиат

Нурҳои ОфтобНурҳои Офтоб замин ва қабати болоии баҳру кўлу дарё ва обанборҳоро метафсонанд, ки дар натиҷа аз онҳо бухори об ба ҳаво бармехезад. Ҳаври бухори об дар баландии атмосфера сард гашта, ба абр табдил меёбад ва сипас ба ҳолати моеъ баргашта, боз ба Замин дар шакли барфу борон мерезад.

ОБИ КАДОМ БАҲР АЗ ҲАМА ШЎР АСТ?

Дар таркиби оби баҳр намаки ошӣ (хлориди натрий) ва минералҳои дигар мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна шўрии оби баҳр 3,5 дар садро ташкил медиҳад. Баҳрҳои Каспий, Арал ва Майит (мурда) аз ҷумлаи бузургтарин кўлҳои шўри рўйи Заминанд. Аммо шўрии оби баҳри Майит 25 дарсад буда, обаш аз ҳамаи баҳрҳои дигар шўртар аст. Он дар байни Урдун ва Исроил воқеъ аст. Аҷиб он аст, ки дар чунин оби шўр одам ғарқ намешавад ва ҷуссааш дар болои об меистад.

Мадди баҳр ва мавҷи об чӣ тавр ба амал меояд?

Шамоле, ки ба сўйи уқёнус мевазад, боиси дамидани он мегардад. Дар оби баҳрҳо бештар ҷараёнҳои сиклонӣ, яъне бодҳои тунду мухолиф ба назар мерасанд. Сабаби ин ҳукмронии низоми сиклонии бодҳо дар сатҳи баҳр ва дар зери таъсири қувваи гардиши Замин ба самте ҷорӣ гаштани обҳои материкист.

Сабаб чист, ки яхпораҳои азим (айсбергҳо) дар рўйи об     меистанд?

Бештари мавҷудот, аз ҷумла моеот (чизҳои обакӣ) ҳангоми ях бастан фишурда мешаванд. Об дар хунукии–4 дараҷа фишурда мешавад. Агар ҳарорат боз ҳам пасттар шавад, об васеъ шудан мегирад, зеро алоқаҳои алоҳидаи байни атом ва ҳидроген вайрон мегардад. Он то дараҷае васеъ мешавад, яхи ҳосилгашта сахт гашта, аз об сабуктар мегардад. Аз ин хотир, яхпораҳо шино мекунанд ва ғарқ намешаванд.

КЎЛҲО

Кўл–ҳавзаҳои об ё обанборҳои табиӣ мебошанд, ки дар умқ ва обкандҳои бузурги рўйи Замин падид омадаанд. Онҳо бевосита бо баҳру уқёнусҳо алоқа надоранд. Асосан, кўлҳо дар натиҷаи боришоти зиёд, обхезии дарё ва дигар ҳодисаҳои мусоид аз ҳисоби чашмаву ҷўйҳо сероб мешаванд ва дигар хушк намегарданд.

Кулҳо чӣ гуна пайдо мешаванд?

Тарзи пайдоиши кўлҳо гуногун аст. Як қисми онҳо ҳангоми зилзила, бар асари канда шудани кўҳпораҳо аз ягон офати табиӣ банд шудани маҷрои дарё, аз таъсири гейзерҳо–фаввораҳои зеризаминӣ, танўраи вулканҳои хомўшшуда ва ҷойҳои амиқи қабатҳои лава, дар натиҷаи амали обҳои баҳру дарёҳо ба вуҷуд меоянд.

                                  Кўли амиқтарини олами 

Кўли аз ҳама амиқтарини олам Байкал буда, дар ҷануби Сибири Шарқи, ҳудуди Бурятистон ва вилояти Иркутски Федератсияи Русия воқеъ аст. Сатҳаш 31,5 ҳазор км буда, дарозиаш 639 км, бараш ба ҳисоби миёна 48 км, ҷойи аз ҳама сербараш қариб 80 км, ҷои аз ҳама амиқаш дар мобайни кўл 1620 м.

Ҳаҷми  об 2300 км. Қариб 20 дарсади захираи оби ширини ҷаҳониро ташкил ташкил медиҳад. Масоҳати ҳавзааш қариб 600 ҳазор км. Ба кўли Байкал 336 дарёю дарёчаҳо мерезанд, аз он фақат дарёи Ангара ҷорӣ шуда, ба дарёи Енисей мерезад.

Дар ин кӯл зиёда аз 50 намуд моҳӣ ҳаст.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).

Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасони ба шахсони

имконияташон маҳдуд.