Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Хушкии рӯйи Замин
Хушкии замин ҳудуде мебошанд, ки берун аз оби уқёнусу баҳр ва кўлу обанборҳо қарор доранд. Масоҳати умумии хушкии сайёраи Замин қариб 150 млн км, яъне 29.2 % масоҳати кураи Заминро ташкил медиҳад. Қабати болоии Замин тахминан аз 20 қабати литосферӣ иборат буда, муддати миллионҳо сол дар мантия (қабатҳои дарунии геосфера)-и Замин, бархўрд ва шикастани қитъаҳо ба амал меояд. Ғафсии қабати Замин дар хушкӣ ба ҳисоби миёна 30–40 км аст.
ҲАРАКАТИ ҚАБАТҲОИ ЛИТОСФЕРӢ САБАБИ КАДОМ ҲОДИСАҲО МЕШАВАНД?
Дар қабатҳои литосферӣ қисмҳои замин мавҷуданд, ки онҳоро плитаҳои литосферӣ меноманд. Ҳаракати ин қабатҳо на танҳо тарҳи қитъаҳоро тағйир медиҳанд, балки ба раванди дигари геодинамикии онҳо ҳам таъсир мерасонанд. Дар он минтақае, ки ин қабатҳо ҳаракат мекунанд, зилзила ба вуҷуд меояд, дар мавридҳои дигар қаторкўҳҳо пайдо мешаванд ва ҳатто ба фавора зада баромадани вулканҳо сабаб мегардад.
Минтақаеро, ки дар он плитаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд минтақаи дуршавӣ (дивергенсия) ва минтақаеро, ки қабатҳо ба ҳам меоянд, наздикшавӣ (конвергенсия) меноманд.
САНГШАВӢ ЧӢ ГУНА БА АМАЛ МЕОЯД?
Сангшавӣ ин боқимондаи ҳайвонот ва рустаниҳое мебошад, ки миллионҳо сол пеш дар Замин сукунат доштанд. Сангшавӣ бештар дар ҷинсҳои таҳшиншуда ба амал меояд. Инчунин сангшавӣ аз ҷинсҳои боришотӣ, ки об онҳоро аз ҷойҳои дигар овардааст (гаҷ, намаксанг ва ғайра) падид меояд.
ҶИНСҲОИ МАГМАВӢ ЧИСТ?
Чинсҳои магмавӣ ҷинсҳои хеле сахтеанд, ки аз оташфишонии вулканӣ хориҷ шуда, баъдан шўша мебанданд. Чинсҳои магмавӣ ҳангоми хунукшавӣ ва сахтшавӣ дар тўли миллионҳо сол ба санг табдил меёбанд. Хоросанг (гоанит) ва рухом (базалт) ҷинсҳои магмавии бештар паҳнгашта мебошанд.
Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.