Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Иқлим
Иқлим –ин низоми чандинсолаи ҳаво дар ин ё он маҳал мебощад. Ба иқлим бисёр омилҳо–мавқеи ҷуғрофӣ ё релйефи маҳал, наздик будан ба баҳр, ҷараёни обу ҳавои уқёнусӣ ё ҳатто дараҷаи ифлосии атмосфера таъсир мерасонанд. Иқлим ба қавли иқлимшиноси машҳур Б.П. Алисов чунин навъҳои асосӣ дорад: экваторӣ, тропикӣ, муътадил ва қутбӣ (полярӣ).
Дар миёни ноҳияҳои асосӣ минтақаҳои мобайнӣ бо иқлимҳои субэкваторӣ, субтропикӣ ва субполярӣ қарор доранд.
Чараёнҳои уқёнусӣ ба иқлим чӣ тавр таъсир мерасонанд
Ҷараёнҳои уқёнусӣ доимӣ, мавсимӣ, рўиобӣ, зериобӣ, сард ва гарм мешаванд, ки обҳои гарму сардро ба канори қитъаҳо меоранд. Дар натиҷа анбўҳи ҳаво дар болои об мутаносибан гарм ё сард шуда, ба иқлими ҳудуди ҳамшафат таъсир мерасонад. Ҷараёни ҳавои гарм дар Уқёнуси Ором ба самти ғарб ҳаракат карда, иқлими гарму серрутубатро дар Осиёи Ҷанубу Шарқиӣ ва Австралияи Шимолӣ таъмин менамояд.
Чаро фаслҳои соли ваз мешаванд?
Меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории мадори назди Офтоб моил аст. Замин дар давоми сол дар атрофи офтоб як бор пурра давр мезанад. Аз ин рў, дар давоми сол як нимкураи Замин ҳамеша равшантар аст, яъне он нисбат ба нимкураи дигари Замин гармии офтобро бисёртар мегирад. Дар натиҷаи чунин нобаробар равшану гармшавии қисмҳои гуногуни сайёра ивазшавии фаслҳои сол ба амал меояд. Аз 21 март то 21 сентябр Офтоб ба Нимкураи Ҷанубӣ наздиктар аст. Тоҷикистон дар минтақаи субтропикии Нимкураи Шимолӣ ҷойгир буда, иқлими континентӣ, яъне зимистони хунук, баҳори серборон ва тобистони хушку гарм дорад.
Минтақа ба иқлим чӣ тавр таъсир мерасонад?
Дар кўҳҳои баланд ҳаво ҳамеша сард аст, ҳудуди наздисоҳилӣ нисбат ба ҳудуди дохили хушкӣ намноктаранд. Минтақаи қутбӣ доимо барфу яхпўш буда, дар ин ҷо танҳо дар мавзеъҳои иқлимаш муътадил тобистони кўтоҳи салқин ҳукмфармост. Дар арзҳои муътадил зимистон хунуку сербарф ва тобистон гарм мешавад. Барои биёбонҳои гарм иқлими хунук хос аст. Биёбонҳои баландкўҳ зимистони хушки қаҳратун, тобистони салқин ва боришоти кам доранд. Дар минтақаи тропикӣ тобистон хеле тафсон ва зимистон гарм мешавад. Иқлими хатти истиво тамоми сол гарму намнок мебошад.
Замин шакли кураро дорад, бинобар ин Офтоб онро нобаробар равшан ва гарм мекунад. Дар наздикии хатти истиво (экватор) иқлим ҳамеша гарм аст, чунки нурҳои Офтоб амудӣ меафтанд. Минтақа ҳар қадар аз хатти истиво дур бошад, ҳамон қадар роҳи нури Офтоб ба сатҳи Замин дароз ва иқлим сардтар мешавад. Ивазшавии фаслҳои сол дар минтақаҳои истивоӣ (экваторӣ) на аз рўи тағйирёбии ҳарорат, балки, пеш аз ҳама, аз рўи табдили мавсимҳои боронӣ ва дараҷаи хушкӣ муайян карда мешавад. Тўли даҳсолоҳои охир зиёд шудани партобҳои корхонаҳои саноатӣ боиси тунукшавии қабати озонии Замин ва обшавии пиряхҳои азим гардида, мардуми сайёраро ба буҳрони экологӣ ва мушкилоти тағирёбии иқлим дучор намудааст.
Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома) таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд