Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Кӯҳҳо
Минтақаҳои фароз ва барҷастаи сатҳи заминро, ки аз домани ҳамвориҳою пастхамиҳо тадриҷан баланд шудаанд ва дорои қуллаву силсилаи теппаҳою пуштаҳои хурду бузург мебошанд кӯҳ меноманд. Кӯҳҳо релйефи ноҳамвору мураккаб доранд ва табиатан аз қулла, нишеби ва домана иборатанд.
Кӯҳи Қоф вуҷуд дорад ё не
Кӯҳи Қоф, кӯҳи афсонавиест, ки дар ривояту қиссаҳои шифоҳии халқи тоҷик ба тимсоли бадеӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи ин пиндор Кӯҳи Қоф басо баланду даснорас буда, дар ҷойи дуру душворгузар воқеъ шудааст ва расидан ба он хеле сахту сангин аст. Дар паси ин кӯҳ мамлакате ҷойгир аст, дар он деву париҳо зиндагонӣ мекунанд. Паҳлавони афсонавӣ, одатан ба пушти Кӯҳи Қоф рафта, девҳои бадҳайбату аждаҳоҳои ҳафтсарро мағлуб мекунанд ва ёри асиргаштаашонро мераҳонанд. Кӯҳи Қоф чун макони воқеаҳои аҷоибу ғароиби хаёлӣ барои шавқовар шудани банду басти қиссаю афсонаҳо ёри мерасонад.
Кӯҳҳо ҷавон ва пир мешаванд?
Кӯҳҳо аз рӯи сину сол ду навъ: ҷавон ва пир мешаванд. Кӯҳҳои ҷавон қуллаҳои нӯгтез, қирраҳои барҷаста, нишебиҳои ростфуруомада дошта, хеле баланданд ва аксар вақт қуллаҳояшон бо барфу яхҳои доимӣ пӯшида шудаанд (масалан, кӯҳҳои Помир, Ҳимолой, Қафқоз, Алп). Кӯҳҳои пир пастар буда, қуллаҳои суфташуда ва нишебиҳои моил доранд, ба монанди қаторкӯҳҳои Урал ва Аппалачи.
Дар кӯҳҳои ҷавон назар ба кӯҳҳои пир заминҷунбӣ бештар ба амал меояд. Кӯҳҳои пир табиатан аз канданиҳои фоиданок ғанӣ мебошад. Кӯҳҳо низ мисли набототу ҳайвонот ва кӯлу дарёҳо давраҳои муаяни ҳаётро аз сар мегузаронанд: пайдо мешаванд, аз таъсири офатҳои табииву омилҳои беруна хурдаю паст мешаванд ва дар тайи миллионҳо сол ба ҳамворӣ табдил ёфта, бо мурури замон аз байн мераванд. Дарозии умри куҳҳо ба якчанд миллион сол мерасад.
Чаро Кӯҳҳо намеафтанд?
Дар минтақаҳои кӯҳсор ғафсии қабати қишри замин нисбат ба ҷойҳои ҳамворӣ ҷафстар мешавад. Ҳар қадар, ки кӯҳҳо баланду силсиладор бошанд, замина яъне пойдевори онҳо ҳамон қадар қавию устуворанд ва дар қабатҳои дарунии мантияи Замин ҷойгир шуда, кӯҳҳоро ба таври амудӣ нигоҳ медоранд.
Чӣ гуна кӯҳҳоро кӯҳҳои кайҳонӣ меноманд?
Дар сайёраҳои мадори офтоб, бахусус сайёраи Миррих кӯҳҳои баланд ва силсилаҳои домандор мавҷуданд, ки онҳоро куҳҳои кайҳонӣ меноманд. Масалан, олимон муайян кардаанд, ки қуллаи кӯҳи Олимпи Миррих 28 ҳазор метр баландӣ дорад, ки он аз қуллаи Эверест (Ҷомолунгма) се маротиба баланд аст.
Кӯҳҳои баланд дар кадом қитъаҳои олам ҷойгир аст?
Кӯҳҳои баланду домандор қариб дар ҳамаи қитъаҳои рӯи замин вуҷуд доранд. Силсилакӯҳҳои аз ҳама баландтарин қаторкӯҳҳои Кордилйера дар Амрикои Шимолӣ, кӯҳҳои Алп дар Аврупо, Анд дар Амрикои Ҷанубӣ ва куҳҳои Помир ва Ҳимолой дар қитъаи Осиё мебошад.
Қаторкӯҳҳо
Кӯҳҳои паси ҳам ба масофаи даҳо ва садҳо километр тӯлкашидаро қаторкӯҳ меноманд. Пастӣ ва ҳамвориҳои миёни ду қаторкӯҳ водии кӯҳӣ номида мешавад. Маҷмӯи қаторкӯҳҳои ба ҳам пайваст кӯҳистон номида мешавад. Масалан, водии Ҳисор, ки дар доманкӯҳҳои қаторкӯҳҳои – Мачитлӣ (аз шимол). Ҳисор (аз ҷануб) ва Боботоғ воқеъ аст. Кӯҳҳои баландиашон миёна, ки қуллаҳои нисбатан ҳамвор доранд, суффакӯҳ ном доранд.
Кадом кӯҳҳоро муқаддас мешуморанд?
Чандин кӯҳҳо барои мардуми боварашон гуногуни олам ҳамчун рамзи муқаддасот ва тимсоли ниёиш ба ҳисоб меравад. Қуллаи Калиманҷараро африқоиҳо Кӯҳи Худои сардӣ меноманд. Вулкани хомӯшшӯдаи Фудзиямаро ҷопониҳо Кӯҳи муқаддаси Фудҷисан меҳисобанд. Юнониҳои қадим Олимпро боргоҳи зисти худоёни асотирии хеш мешумурданд.
Дар Тоҷикистон қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, Кӯҳи Имом Аскарӣ, кӯҳдомани Бурхи Валӣ ва ғайраҳо дар пиндори сокинони таҳҷоӣ кӯҳҳо муқаддасанд. Аз ҷумла қаторкӯҳи Чилдухтаронро дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон дар заминаи ривоят пайкараи сангшудаи чил дӯшизаи муборизу ватанхоҳ мешуморанд, ки бар дасти душман асир афтоданд нахостаанд.
Дар Кӯҳҳо кадом ҳайвону рустаниҳо мавҷуданд?
Ҳайвоноту набототи кӯҳсор ба шароити ҳавои сарди баландӣ ва боду боронҳои шадид мутобиқ гаштаанд. Аз асари сардӣ ва бодҳои қаҳратун дарахтони баландкӯҳҳо чандон қад намекашанд ва асосан дар шакли буттаҳо меёзанд. Ҳайвоноти макони зисташон кӯҳсор, масалан бузи кӯҳӣ, заргӯш ва ламаҳо барои аз хунукӣ эмин мондан, дар баданашон пашми бештар доранд. Ба шароити баландкӯҳҳои Тоҷикистон баъзе буттаҳои ёбоӣ, масалан дӯлона, настаран, тут, хуч, зелол мутобиқ гашта, аз ҳавонот бузҳои кӯҳӣ, паланг ва ғайра зиндагӣ доранд.
Қаторкӯҳҳои Алпро медонед?
Қаторкӯҳҳои Алп дар ҳудуди давлатҳои Фаронса, Итолиё, Швейтсария ва Австрия тӯл кашидаанд. Аз ҳама қуллаи баландтарини Алп кӯҳҳои Монблан буда, баландиаш 4810 м аст. Як замоне сипоҳиёни сарлашкар Ганнибал кӯҳи Алпро бо 34 фили ҷангӣ убур карда, Руми Қадимро иҳота ва шикаст дода буданд.
Айни замон дар кӯҳҳои Алп нақбҳои нақлиётӣ канда шудааст, ки тавассути он қатору мошинҳо рафтуомад мекунанд.
Аз ҳама нақби дарозтарин (16,9 км) нақби Сен Готард буда, дар куҳҳои Алпи Швейсария воқеъ аст.
Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Баргигул Наботова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.