Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Шаршара ва обанборҳо

ШаршараШаршара, шора, обшораз зинаи баланд ба поён рехтани маҷрои об аст. Дар наздикии маҳалли зисти шумо оё шаршара вуҷуд дорад ва оё шумо боре ҳам ба тамошои шаршара рафтаед? Пошхўрии қатаҳои бешумори оби шаршараҳо дар шуъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилва меояд ва чашми моро мебарад.

ПАЙДОИШИ ШАРШАРА

Шаршараҳо дар натиҷаи дараи кўҳҳоро банд кардани кўҳпора ё дар ноҳияҳои ҳамвор ҷинсҳои кўҳии сахтро бурида гузаштани дарё ба вуҷуд меояд. Зинаҳои шаршараҳо аз таъсири ҳаракати тези ҷараёни об оҳиста–оҳиста вайрон мешаванд, ки дар натиҷа шаршара пас рафтан мегирад. Масалан, Шаршараи Ниагара ҳар сол 0,7–0,9 м ба қафо меравад.

ШАРШАРАИ АНХЕЛРО КӢ КАШФ КАРДААСТ?

Шаршараи Анхел 979 м баландӣ дошта, ба ифтихори ҳавонаварди амрикоӣ Ҷимми Энхел (Анхел), ки соли 1935 барои дарёфти тилло ба ҷангалҳои тропикии Венесуэла дар моноплани «Фламинго» парвоз карда буд, номгузорӣ шудааст.

Шаршараи Анхелро бори аввал соли 1910 таҳқиқгари испониё Эрнесто Санчес ла Крус кашф карда буд, аммо бо сабаби он ки дар он замон техникаҳои хабаррасонӣ мисли имрўза тараққӣ накарда буданд, бозёфти олим дар ҳама ҷо овоза ё паҳн нагашта буд. Аз ин сабаб, баъди 25 сол дарёфти Энхел кашфиёти расмии Анхел дониста шуд.

ШАРШАРАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон низ шаршараҳо бисёранд. Дар минтақаи кўҳҳо оби дарё аз зинаи ростфуромада ҷорӣ гашта, шаршараҳоро ҳосил мекунад. Шаршара на фақат дар минтақаи кўҳҳо, инчунин ҳангоми аз теппае гузаштани дарё низ ҳосил мешавад. Шаршараҳои баландтарини кишвари мо инҳо мебошанд:

Шаршараи Овчуг баландиаш 70 метр буда, дар ноҳияи Дарвоз воқеъ аст.

Шаршараи Мотравн баландиаш 40 метр дар ноҳияи Ванҷ ҷой гирифтааст.

Шаршараи Искандаркўл баландиаш 30 метр буда, дар ноҳияи Айнӣ воқеъ аст. Ин шаршара баробари аз Искандаркўл ҷорӣ шудани дарё ҳосил шудааст.

Ҳамчунин шаршараи Пушти Боғ, ки дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон аст, 50 метр баландӣ дошта, яке аз зеботарин шаршараҳои Тоҷикистон аст.

ШАРШАРАҲОИ БУЗУРГТАРИН

Баландтарин шаршараи олам Анхел буда, он дар Венесуэла (Амрикои Ҷанубӣ) ҷойгир аст. Обҳои дарёи Чурун аз баландии 807 м сарозер шуда, қабл аз он ки боз 172  м–ро то доманаи обшор (шаршара) фурў резад, ба майдони шухзода (хоросангӣ) мерезад. Инчунин дар Амрикои Ҷанубӣ боз шаршараи Игуасу мавҷуд аст, ки баландиаш 72 м аст. Шаршараҳои баландтарин ва машҳуртарини дигар: Тугели, Виктория, Стенли дар Африқо, Иосемит ва Ниагара дар Амрикои Шимолӣ, Утигари дар қитъаи Авруосиё, Сатерленд дар Уқёнусия (Океания) низ вуҷуд доранд.

ОБАНБОРҲОИ ТОҶИКИСТОН

Обанборҳо кўлҳои сунъиянд, яъне бо дасти инсон сохта шудаанд. Онҳо барои обёрӣ ва ва сохтани истгоҳҳои барқӣ бунёд мешаванд. Оби обанбор ҳавои ҳавои муҳитро муътадил мегардонад. Бузургтарин обанборҳои Тоҷикистон Қайроққум, Норак, Сангтуда, Сарбанд ва Каттасой мебошад.

ОБАНБОРИ ҚАЙРОҚҚУМ

Обанборест, ки дар қисми ғарбии водии Фарғона дар дарёи Сир сохта шудааст. Онро «Баҳри тоҷик» низ мегўянд. Обанбор солҳои 1956–1958 бо об пур карда шуда, масоҳаташ 513 км аст. Обанбори Қайроққум бо мақсади беҳтар кардани заминҳои кишт ва обшор гардонидани заминҳои нав сохта шудааст. Дар он зағорамоҳӣ, симмоҳӣ ва шўртан мавҷуд аст. Дар соҳилҳои обанбор шаҳри Кайроққум воқеъ аст ва дар он ҷо ҳамчунин истироҳатгоҳи машҳури «Баҳористон» бунёд шудааст.

ОБАНБОРИ НОРАК

Обанборест дар қисми болооби дарёи Вахш. Ин обанбор дар натиҷаи сохтани дарғоти Неругоҳи барқиобии Норак ба вуҷуд омадааст. Пур кардани обанбор соли 1972 оғоз ёфтааст. Масоҳаташ 98 км мураббаъ, ҳаҷмаш 10,5 км, дарозиаш 70 км, бараш наздики 1 км, умқаш ба ҳисоби миёна 107 м. барои обёрӣ кардани заминҳои ҳосилхези даштҳои Қаршию Қизилқум, Данғараю Ёвон имконият дода, дар поёноби дарёҳои Вахшу Ому барои киштигардӣ мувофиқ аст. Дар соҳили обанбор шаҳри Норак ҷой гирифтааст.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.