Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Вулканҳо
Вулканҳое, ки ҳангоми оташфишонӣ аз қаъри худ фаввораҳои оташини гудоза ва дуди ғализро хориҷ месозад–яке аз манзараҳои ҳайратангези рўи Замин мебошад. Дар ҷаҳон қариб 500 вулкани оташфишон мавҷуд аст. Як қисми вулканҳо дар хушкӣ ҷойгиранд, қисми дигарашон аз қаъри уқёнусҳо боло мешаванд. Фаъолтарини вулканҳои замони ҳозира дар галаҷазираи Гавай вулкани Килауэа мебошад.
Вулканҳо чӣ тавр пайдо мешаванд?
Вулканҳо дар кафидагиҳо (сўрохҳо)–қишри Замин ки аз дохили онҳо аз манбаи амиқи магмаӣ, моддаҳои гудохта, хокистар ва газҳо ба рўйи замин фаввора зада мебароянд, пайдо мешаванд. Магмаи аз танўраи вулкан берунрехта гудоза ном дорад. Гудоза дар ҳавои кушод хунук ва сахт шуда, дар атрофи танўра кўҳи махрутшакл ҳосил мекунад. Вулканҳо аксаран дар фарозои қаторкўҳҳои ҷавон ҷойгиранд.
Гейзер чист?
Гейзер фаввораи бухору оби ҷўшони зеризаминӣ мебошад. Гейзерҳо дар ноҳияҳои вулкание вомехӯранд, ки ҷинсҳои гудохта ба сатҳи замин наздик ҷойгиранд. Дар чунон ҷойҳо обҳои зеризаминӣ то ҳарорати ҷўшиш гарм шуда, вақт–вақт оби гарм ва бухор ба ҳаво фаввора мезанад. Яке аз машҳуртарин гейзерҳои ҷаҳон гейзери «Пири содиқ» дар Боғи миллии Йеловстоун (ИМА) мебошад, ки аз он ҳар 70 дақиқа обу бухор (буғ) то баландии 45 м фаввора зада мебарояд.
Вулканҳо дар куҷо ҷойгиранд?
Бештари вулканҳо қад–қади қаторкўҳҳои ҷавон ё кафидаҳои (сўрохҳо)–и азими қишри Замин, дар ноҳияҳои аз ҷиҳати тектоникӣ серҳаракат воқеъ гаштаанд. Минтақаҳои асосии вулканҳои оташфишон Амрикои Ҷанубӣ, Амрикои Марказӣ, уқёнуси Ором, уқёнуси Атлантика, ҷазираҳои Ҷопон, Курил, Гавай, Алеут, Аляска, Исландия мебошад.
Аз се ду ҳиссаи вулканҳо дар ҷазираю соҳилҳои уқёнуси Ором ҷойгиранд. Аз ҷиҳати шумораи вулканҳои оташфишон ноҳияи уқёнуси Атлантика ҷои дуюмро ишғол мекунад.
Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.