Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Зиндагӣ дар Қутб

Зиндагӣ дар ҚутбБа ҳайвоноти қутбӣ барои зистан дар яхистонҳои абадӣ ва нигоҳ доштани гармӣ пашми зич ва қабати ғафси равғани зери пушташон мусоидат мекунад. Ширхорони қутбӣ барои камтар талаф шудани гармӣ, гӯшҳои хурд ва бинии кӯтоҳ доранд. Пингвингҳо, наҳангҳо, тюленҳо ва парандаҳои баҳрӣ моҳиро дар хунуктарин об ҳам шикор карда мехӯранд. Дар тундраи Амрикои Шимолӣ говмеши пашмаш дарозу зич тамоми сол мечарад. Хирсҳои сафед танҳо дар Арктика ва пинвинҳо дар Антарктида зиндагӣ мекунанд.

АРКТИКА ВА АНТАРКТИДА. ҶАЗИРАИ БУЗУРГТАРИНИ ОЛАМ ДАР КУҶОСТ?

Артика ноҳияи қутби шимолии кураи замин аст, ки аксари ҳудуди онро Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва ҷазираҳои он ташкил медиҳад. Аз ҳама ҷазираи бузурги он Гренландия мебошад, дар ҷаҳон бузургтарин ҷазира ба ҳисоб рафта, масоҳаташ 2175 000 км2 аст.

Ғафсии яхи Антарктикаро медонед?

Қутби Ҷанубӣ дар қитъати қаҳратун ва дорои шамоли тезу тунди Антарктида, ки аз Аврупо ва Австралия бузургтар мебошад, ҷойгир аст. Метавон гуфт, ки 98 дарсади қитъаи Антарктидаро барфу ях иҳота кардааст. Танҳо қисмҳои кӯҳсору наздисоҳилӣ аз ях озод бошанд. Ҷомаи яхини Антарктида дар ҷаҳон аз ҳама пурқудрат буда, дар он 70 дарсади захираи обҳои ширини олам гирд омадааст. Дар баъзе минтақаҳои он ғафсии қабати ях то ба 4,8 км мерасад. Аз ҳама хунуктарин ҳарорат дар ин ҷо то ба 89,9 дараҷа расидааст, он соли 1983 ба қайд гирифта шудааст.

Дар Антарктида кадом ҳайвонҳо зиндагӣ мекунанд?

Ҳайвоноти маъмули Антарктида асосан пингвинҳо буда, ҳамчунин дар Арктика хирси сафед, гавазн ва оҳувони шимолӣ зиндагӣ мекунад.

Дар қитъаи аз ҳама дури олам киҳо зиндагонӣ мекунанд?

Бошандаҳои сарзамини қутби дури шимол сокинони Ни Алезунд мебошанд, дар қисми арктикии ҷазираи Шписберген умр ба сар мебаранд. Дар минтақаи аз ҳама ҷанубтарини олам сокинони Пуэрто Вилямси Чили зиндагӣ доранд.

Дирафш (Парчам)-и Тоҷикистон дар Антарктида

Кадоме аз шумоён медонед, ки дар Антарктида низ дирафши Тоҷикистонро парафшон кардаанд? Ин шарафи бузург ба олими тоҷик, профессор Абдулҳамид Қаюмов муясар гаштааст. Бори аввал экспедитсияи расмии Тоҷикистон соли 2009 бо роҳбарии ин олим ба қутбӣ Ҷанубӣ бо мақсади таҳқиқӣ тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити атроф, пиряхҳо ва мутобиқшавии одамон ба Антарктида сафар карда, ба мувафақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар қитъаи шашуми олам қомат афрохтани дирафши давлатии Тоҷикистон боиси ифтихори мо аст.

Обшавии яхҳо чист?

Соли 1990 дар якчанд қисматҳои Антарктика доманаҳои паҳновари яхин ба обшавӣ оғоз намуд. Чунин ақидае вуҷуд дорад, ки ин обшавӣ дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво ва вазъи нохуби экологӣ ба амал меояд.

Уқёнусҳо

Уқёнусҳо – макону пойгоҳи бузурги обҳои шӯре мебошанд, ки аз чор се ҳиссаи Заминро фаро гирифтаанд. Уқёнусҳо қитъаҳои бузурги заминро иҳота карда, бо паҳноҳои нопайдоканори обҳояшон аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Ба уқёнусҳо оби рӯду дарёҳо ва баъзан баҳрҳо ҷорӣ шуда мерезанд. Дар рӯи замин ҳамагӣ чаҳор уқёнус мавҷуд аст: Ором, Атлантика, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ.

Дар кураи замин 4 уқёнус мавҷуд аст

Уқёнуси Ором, масоҳаташ: 178,6 млн км2

Уқёнуси Атлантик, масоҳаташ: 91,6 млн км2

Уқёнуси Ҳинд, масоҳаташ: 76,1 млн км2

Уқёнуси яхбастаи Шимолӣ, масоҳаташ: 14,7 млн км2

Фарқи байни Уқёнус аз Баҳр чист?

Баҳрҳо назар ба уқёнусҳо хурд буда, фосилаи умқашон ҳам аз уқёнусҳо чандин маротиба камтар мебошад. Атрофи баҳрҳо бо хушкӣ, соҳилҳои пурпечухам ё баландиҳои зериобию рӯиобӣ иҳота шудааст. Муҳити обҳояш меъёрҳои гидрологӣ, метеорологӣ ва иқлими хос дошта, аз уқёнус фарқ мекунад. Баҳр нисбат ба уқёнус мавқеи канорӣ дошта, ҳар қадар бо хушкию нимҷазираҳо иҳота шуда бошад, аз уқёнус ҳамон қадар дуртар ҷудо мешавад. Баҳри бузургтарини олам Баҳри Ҷануби Чин аст, ки он як қисми Уқёнуси Оромро фаро мегирад. Аксари баҳру уқёнусҳои олам  ҳайвоноти оби ниҳоят зиёд ва манбаъҳои муҳими минералӣ доранд.

Кадом Уқёнус аз ҳама бузург ва амиқ аст?

Уқёнуси бузургтарини рӯи замин – уқёнуси Ором мебошад, ки аз шимол то ҷануб ва аз шарқ то ғарб 15 ҳазор километрро дар бар мегирад. Он ҳатто ду маротиба аз уқёнуси Атлантик бузургтар аст. Масоҳати уқёнуси Ором 178,6 млн км мураббаъ аст, ки метавон дар паҳнои он тамоми қитъаи хушкии рӯи Заминро ҷойгир кард. Мавзеи амиқтаринаш 11022м аст, ки андаруни он ҳатто кӯҳи овозадори Эверест – баландтарин қуллаи олам фурӯ меравад. Дар қаъри уқёнусҳо қисми ками моҳӣ ва рустаниҳое дучор меоянд, ки ба шароити жарфӣ мутобиқ шудаанд.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Баргигул Наботова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.