Бо бачаҳо. Ду шеър аз Муҳаммадюсуфи Шодй
Ду шеър аз шоири хуби бачаҳо Муҳаммадюсуфи Шодиро аз китоби нави ӯ “Шаҳраки занбӯрон” интихоб кардем. Ин китоби пурсурату зебо моли 2022 дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст ва маҷмуаи шеърҳои ба тозагӣ эҷодкардаи адибро дар бар мегирад.
Кист Муҳаммадюсуфи Шодӣ? Бачаҳо бояд шоири худро бештару беҳтар бишносанд.
Муҳаммадюсуфи Шодй 25-уми декабри соли 1952 дар деҳаи Бостон (собик Эскигузар) шаҳри Ваҳдат Чумҳурии Точикистон таваллуд шудааст.
Соли 1968 мактаби миёнаи №43 –и деҳаро тамом карда, соли 1968 ба Омўзишгоҳи маданй – равшаннамоии чумҳуриявй дохил шуда, онро соли 1970 хатм кард.
Моҳи январи соли 1971 бо роҳхати Омўзишгоҳ ба шуъбаи маданияти шаҳри Ваҳдат ба кор омад.
Аз соли 1978 то соли 1989 дар мактаби №9-и шаҳри Ваҳдат (ноҳияи Кофарниҳон) ба ҳайси омўзгор кор кардааст.
Аз соли 1981 то соли 1986 дар шуъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Точикистон таҳсил кардааст.
Аз соли 1990 то соли 1992 дар идораи Ахбори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон фаъолият кардааст.
Соли 2000-ум дар Вазорати наклиёти Чумҳурии Точикистон ба ҳайси Сардори маркази матбуот кор карда, нашрияи «Нақлиёт» – ро таъсис додааст.
Соли 2004 ба Донишкадаи наклиёти Точикистон ба кор гузашта, дар вазифаҳои мудири шуъбаи илм, мудири шуъбаи табъу нашр ва мушовири ректор кор кардааст.
Муаллифи китоби «Эскигузар», очерки таърихию илмӣ илмй бо ҳаммуаллифии Бурҳониддин Каримзода китобҳои «Меҳнати ҳалол ва кадри инсон» Душанбе – 2005, «Зиндагй дарёст» Душанбе – 2007), рисолаи «Зарбаҳои руҳй ва инкишофи шахсият», Душанбе – 2006 ва чандин дастурҳои методй оид ба таълими фанни Асосҳои давлат ва конун, Мачмўи мазуъҳои лексионй оид ба фанни сотсиология буда, пайваста дар матбуоти даврй маколаҳои таҳлилй менависад.
Муддате дар ҳафтавори «Нури зиндагй» фаъолият кардааст.
Аз соли 2008 то 2015 вазифаи Котиби матбуотии Фурўдгоҳи байналмилалии Душанберо бар уҳда дошт. Узви Иттифоки журналистони Точикистон мебошад. Имрўзҳо дар нафака буда, дар ҳалкаи фарзандону наберагон давлати пирй дорад.
Инак, он ду шеър:
Мусичаи бехунар
Аз рўи ҳавлии мо,
Аз зери гулбуттаҳо.
Мусича ногаҳ парид,
Куртачаи ў дарид.
Мусича рафту башаст,
Гўшаяки бом нишаст.
Сўзану ресмон гирифт,
Як пари калон гирифт.
Зўр зада духтанй шуд,
Пари калонро ба худ.
Пар, ки пари зоғ буд,
Миёнакаш роғ буд.
Ин ҳамаро мошон дид,
Мияв- мияв, хандид.
Гуфт мусии беҳунар,
Лонаатро гир хабар.
Шояд, ки аз пари худ,
Куртаатро дўзй зуд.
Роғ – кушода, миёнаи пар кушода аст.
Мусӣ – мусича
Амри гурба
Гурбаи мо гуфт мияв,
Фирдавс гуфто палав?
Гурба сараш чунбондаст,
Гўё, ба ў фаҳмондаст.
Мияв-мияв-мияв, не,
Хўроки ман палав не.
Қаймоку шир аз яхдон,
Гирифта назди ман мон.
Сони ҳасибро барор,
Яку ду гуфта шумор.
Дар хона муш бисёр,
Шикори муш душвор.
Кити-кет аз магазин,
Оварда назди ман шин.
Хўрда карру фар кунам,
Баъдан корро сар кунам.
Амри гурба ичро шуд,
Муши калон кучо шуд?
Кити-кет – хӯроки гурба
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон