Бо бачаҳо. Дур шеър аз Ҷӯра Ҳошимӣ
МОДАРАМ
Аз ҳама нозанин,
Аз ҳама меҳрубон,
Аз ҳама, аз ҳама
Беҳтарин дар ҷаҳон!
Бо ту осон бувад,
Ҷумлаи мушкилам.
Бо ту дар зиндагӣ
Хушдилам! Хушдилам!
Модарам! Модарам!
Соябони сарам!
Модарам! Модарам!
Соябони сарам!
Бо ту пайвастаам
Ончунон! Ончунон! –
Сар ба сар, мў ба мў,
Дил ба дил, ҷон ба ҷон!
Модарам! Модарам!
Соябони сарам!
БАҲОР
Обу ҳаво гарм шуд,
Хок наму нарм шуд.
Барф чй хел об шуд?!
Ғун шуду селоб шуд.
Пур ҳама анҳор шуд,
Ҷў ҳама саршор шуд.
Кўҳу даман сабз шуд,
Боғу чаман сабз шуд.
Сабза гилафрўз шуд,
Лола дилафрўз шуд.
Деҳа гулобод шуд,
Хурду калон шод шуд.
******* ****** *****
Ин ду шеър аз китоби шоири маъруфи кӯдакнависи кишвар Ҷӯра Ҳошимӣ “ХОНДАН ТАВОНӢ, ХУБ АСТ!” иқтибос шуд.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобчаҳои шавқовару пурсуратро бачаҳои азиз метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа намоянд.
Таҳияи З.Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.