Бо бачаҳо. Ҳикояҳо аз “Маснавӣ”. Бахши аввал

ҶОЙИ  ГАНҶКитоби “Ҳикояҳо аз “Маснавӣ” соли 2019 чоп шудааст. Хуршед Сафаров чанд ҳикояи хубро аз Маснавии маънавии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барои кӯдакон ба забони содаву фаҳмо баргардон кардааст.

Инак, чанд ҳикоя аз он:

ҶОЙИ  ГАНҶ

Дар як замоне, дар як маконе марди фақире умр ба сар мебурд. Ба замми фақирию нодорӣ мусибате ба сараш омад,ки бекор монд.Ў ночор монда буд ва ҳар замон даст ба дуо бурда, чунин дуо мекард: «Худоё! Эй офаридгори  ҳама махлуқот ва Розиқи ҳама мавҷудот! Ту маро офаридаӣ.Ризқу рўзии фаровонам бидеҳ»

Марди фақир солҳои дароз дуо мекард.Бо гузашти чандин сол шабе дар хобаш мардеро дид, ки ба ў гуфт: «Ризқатро аз миёни қоғазҳое, ки хушнависон ҳангоми машқи маҳорати хушнависӣ ба кор мебаранд, ҷўё шав. Ту ҳамсояи хушнависе дорӣ. Дар миёни қоғазҳои ў варақе ҳаст, ки дар он макони ганҷ тасвир ёфтааст. Он варақро пайдо кун ва ганҷинаро дарёфт намо. Ҳаргиз ноумед машав».

Мард пагоҳии барвақт аз хоб хеста, бо шодиву нишот ба сўйи хонаи ҳамсояи хушнависаш  рафт. Вақте ба ҳуҷраи кории ҳамсоя ворид шуд, дар рўйи фарш қоғазҳои зиёдеро дид,ки бар ҳар тараф парешон буданд. Сипас, аз миёни он қоғазҳо варақи лозимаро ҷустуҷў намуд, онро пайдо кард.Хушҳолии марди фақир дучанд шуд.

Рўйи  он варақ харитае нақш ёфта буд, ки дар зераш чунин навиштае дошт:

«Бидон , ки  дар беруни  шаҳр  хазинае  ҳаст. Барои дарёфти он, аввал  бояд мақбараи шаҳидеро пайдо кунй, ки пушташ ба чониби шаҳр асту рўяш ба чониби биёбон. Вақте мақбараро пайдо кардй, пушташро  чониби он ва рўяшро чониби  қибла  гардон. Сипас, аз камонат тире андоз ва ҳар чое, ки тир афтад, он чоро бикоб. Хазина дар он чост.»

Марди фақир зуд аз пайи чустучўйи мақбара шуд ва муддати кўтоҳ онро пайдо кард. Сипас, пушташро ба чониби он ва рўяшро ба чониби қибла гардонда, аз камон тир андохт. Он гоҳ чоеро, ки тираш афтода буд, ба кофтан шурўъ кард. Ҳарчанд заминро мекофт, аз хазина нишонае намедид.Сипас, гирду атрофи он чойро кофтуков намуд, вале асаре пайдо накард. Мардум аз кори ў дар ҳайрат афтода, аз тамошояш чашм намеканданд.

Пас аз чанде хабари хазинаҷӯии марди фақир ба подшоҳ расид. Марди бечораро тарсу ваҳм фаро гирифта буд. Аз бими он ки мабодо подшоҳ ўро чазое диҳад, дар таҳлука афтод. Ниҳоят, ба назди подшоҳ омаду ҳодисаро аз оғоз нақл кард.

Подшоҳ ба хидматгоронаш дастур дод,ки мисли марди фақир аз камон тир андозанд ва чойи тирҳояшонро бикобанд. Хидматгорон чойи афтодаи тирро кофтанд, кўҳу, пуштаро суроғ мекарданд, аммо чизе пайдо намешуд. Дар ниҳоят подшоҳ аз кори бенатичаи онҳо ба ғазаб омада, харитаро ба замин партофт ва гуфт:

Ҳар касе аз рўйи ин харита хазина меёбад, кори беҳуда мекунад.

Марди фақир аз шунидани суханҳои подшоҳ бисёр ғамгин ва рўҳафтода шуд. Чй кор карданашро намедонист. Он гоҳ дубора даст ба дуо бардошта, соатҳои дароз дуову тазарруъ намуд. Дар ин асно аз ғайб овозе шунид, ки чунин мегуфт.

Тири кўтоҳеро ба зеҳи камон гузошта, ба ҳаво сар деҳ.Ҳар кучое,ки тир биафтад, он чоро бикоб!

Марди фақир мувофиқи ин гуфтаҳо амал карда, тири кўтоҳеро ба ҳаво андохт ва он ба пеши пояш афтод. Мард ба кофтани замини зери пояш оғоз намуд.Ҳанўз чанде бел назада буд, ки хазинаи меҷустааш дар зери пойи ў будааст, на дар чойи дигар.

«Мо саодату хушбахтиро дар дуриҳо меҷўем, агарчи он дар назди мост».

СЕ МОҲӢ

СЕ МОҲӢДар яке аз рўзҳои офтобӣ моҳигирон ба шикор баромаданд. Вақте ба соҳили кўл расиданд, диданд, ки аз асари нурҳои офтоб мавҷҳои оби кўл ҷило медиҳад. Сипас, бодиққат назар карданд ва пай бурданд, ки он ҷо моҳиҳо шино мекунанд. Бисёр хурсанд шуданд, ки имрўз шикор бобарор хоҳад буд.

Дар он ҷо се моҳӣ гаштугузор доштанд. Яке оқил буд, дигаре камақл  ва сеюмин ҷоҳил. Онҳо бо ҳам бозӣ мекарданд. Пас аз лаҳзае онҳо фаҳмиданд, ки моҳигирон ба нияти шикор омадаанд.  Пас, моҳии оқил дарҳол роҳи гурез ҷуст, то ба доми шикорчиён наафтад. Вале ду моҳии дигар, бо вуҷуди дидани моҳигирон, шўхиву бозиро идома доданд.

Дар ҳамин ҳангом моҳигирон барои овардани тўр рафтанд.  Ҳарчанд моҳии оқил рафиқонашро огоҳ кард, онҳо ўро гўш накарданд. Аз ин сабаб, моҳии оқил бисёр ғамгин гашт ва зуд-зуд шино карда, аз он мавзеъ дур шуд.

Баъд аз чанде моҳигирон бо тўри моҳигирӣ ба соҳил баргаштанд. Вақте моҳии камақл онҳоро дид, сахт тарсид ва пушаймон шуд, ки чаро ба гапи рафиқаш гўш наандохт. Дарҳол худро мурда вонамуд кард. Тамоман ҳаракат намекард, мавҷи об ўро авлонҷ медод.

Ниҳоят, мавҷҳо моҳии камақлро ба соҳил оварданд. Моҳигирон ўро дида, ғамгин шуданд. Яке аз онҳо ўро аз об гирифта ба замин гузошт. Сипас, моҳии камақл дид, ки моҳигирон машғули шикоранд, зуд ба об ғутта зад ва аз соҳил дур шуд.

Дар ин вақт моҳигирон ба шикори моҳии ҷоҳил буданд. Моҳии ҷоҳил бепарвоёна бозӣ мекард. Моҳигирон намехостанд, ки бо дасти холӣ ба хона баргарданд. Барои зудтар ба назди моҳӣ расидан, онҳо ба заврақ савор шуданд ва ба сўйи ў рафтанд. Дарҳол тўри моҳигириро ба об партофтанд. Моҳии ҷохил мехост бигурезад, вале аллакай дер шуда буд. Ба тўр дармонд, моҳигирон бисёр шод шуданд.

Моҳии ҷоҳил ниҳоят ғамгин шуд. Ў бисер пушаймон буд, ки чаро аз пайи рафиқи донояш нарафт ва аз соҳил дур нашуд. Вале пушаймони суде надошт.

*****    *****    *****

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳоро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Ин толори хониш дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷой гирифтааст.