Бо бачаҳо. Ҳикояи ҷолиб аз “Маснавии Маънавӣ”. Баққол  ва  тўтӣ

Маснавии МаънавӣРўзе буду рўзгоре буд. Як баққол тўтие дошт. Ин тўтӣ ҳам зебову хушсадо ва ҳам хеле боҳуш буд. Чун мудате дар дўкони баққолӣ монда буд, муштариҳои дўконро мешинохт ва бо онҳо салому алейку аҳволпурсӣ мекард.

Марди баққол ҳам гоҳе, ки коре дошт, тўтиро бо банде, ки дар пояш дошт, рўи пештоқи дўкон мегузошту худаш ба хона мерафту бармегашт. Тўтӣ низ медонист, ки вақте соҳибаш дар дўкон нест, ҳеҷ кас набояд чизе аз дўкон бибарад. Вақте ҳам касе ба дукон ворид мешуд, мегуфт:

– Салом, сабр кунед, баққол ҳоло бармегардад.

Аксари мардум инро медонистанд, вале касе ки ношинос буд, вақте инро медид, бо тааҷҷуб сабр мекард, то баққол биёяд.

Як рўз иттифоқан як гурбаи ғарибе вориди дўкон шуду ногаҳон садои як мушро шунид ва ба тарафи ў ҳамла кард. Тўтӣ, ки ҳаргиз ҳамлаи гурбаро надида буд, аз тарси ҷон аз пештоқ парид, то ба кунҷи дўкон фирор кунад, вале банди пояш ба як шишаи калони равғани бодом печид. Шиша афтоду равған рехт. Тўтӣ ҳам парид рўи қафас нишаст, гурба ҳам аз садои пару бол задани тўтӣ тарсиду берун ҷаҳид.

Вақте марди баққол аз хона баргашт, аввал чизе нафаҳмиду рафт сари ҷояш нишаст, вале ногаҳон дид шишаи равғани бодом шикаста ва пару пои тўтӣ равғанолуд аст. Фаҳмид, ки тўтӣ шишаи равғанро афтондаст. Дар ин ҳолат асабонӣ шуду ба тўтӣ гуфт:

– Мурғи бадсадои баднамо, корат ба ҷое расид, ки шишаи равғанро мешиканӣ, ҳоло ҳақатро бигир…

Бо чўби дасташ ба сари тўтӣ зад ва ўро ба гўшаи дўкон афканд. Сари тўтӣ аз зарби чўб кафиду пўсти сараш канда шуд. Баъд аз соате баққол аз задани тўтӣ пушаймон шуд, вале тўтӣ, ки худро бегуноҳ медонисту ҳам сухани носазо шунида буд ва ҳам зарба хўрда буд, як калима ҳарф назад.

Баққол сари тўтиро пок карду дору молид, вале баъд аз ин ки захми сари тўтӣ хуб шуду пўсти нав гирифт, ҳамон тавр сараш бепашм ва худаш ҳам сокит монду ҳарф намезад.

Ҳарчанд ошноёни баққол меомаданду мерафтанд, мехостанд ҳарф бизананду гуфтугўи тўтиро бишнаванд, фоида надошт. Дўсту ошно аз марди баққол аҳволи тўтиро мепурсиданд, ки чаро ҳарф намезанад, сараш чаро зарб хурдааст? Баққол ҳам ҷавоб медод:

– Тўтӣ шишаро шикасту равғанро рехт. Ман ҳам асабонӣ шудаму чўбе ба сараш задам ва ба ин ҳол гирифтор шуд. Ҳоло, ҳам сараш бепашм асту ҳам забонаш хомўш.

Муддате гузашту тўтӣ ҳам сокит монд. Азбаки баққол ин достонро ба мардум гуфта буд ва тўти ҳам дар хотир дошт, ки чи тавр шишаро шикаст, руғанро резонд, пас як зарба хурду сараш кафид. Ин буд, ки пеши оина менишасту сари худро, ки дигар пару мўйе надошт тамошо мекард: бале, шишаро шикаст… ва…ва ҳеҷ ҳарф намезад.

Баққол барои ин ки тўтиро дубора ба ҳарф биёварад, махсусан бо муштариҳо бештар ҳарф мезаду дар бораи тўтӣ, садо ва ҳарф задани ў қиссаҳо мегуфту таъриф мекард, вале ҳар қадар нисбат ба ў муҳаббату навозиш нишон медод, натиҷа намебахшид. Тўтӣ медонист, ки шишаро шикасту равғанро резонд ва зарб хурду сараш кал шуд, беҳтар аст хомўш бошад.

Дар ин ҳол, як рўз чанд нафар аз ошнову ҳамсояҳои баққол дар дўкон ҷамъ шуданд ва аз ҳар бобе сухан мегуфтанд. Яке аз ҳозирон, ки сараш кал буд, аз дўкон рафт. Яке аз ҳозирон гуфт:

– Ман ўро мешиносам, то чанд сол пеш сараш зулфу кокул дошт, аммо намедонам чаро мўйҳояш рехту сараш кал шуд?

Дар ин вақт ногаҳон тўтӣ ба сухан омаду гуфт:

–  Ман медонам, шишаро шикасту равғанро рехт, зарба хурду сараш кал шуд.

Касоне ки он ҷо буданд, ҳама аз шунидани ин ҳарф хандиданд. Чун диданд, ки тутӣ ҳамеша дар фикри сари худаш аст, сари мардумро ҳам бо сари худаш муқоиса мекунад. Баққол аз ҳарф задани тўтӣ хушҳол шуду гуфт:

– Ин ҳарфи тўтӣ дарси хубе ҳам ба мо медиҳад. Мо ҳам гоҳе дар корҳо ба нафс қиёс мекунем. Масалан, яке кори баде карду гирифтор шуд, хаёл мекунад ҳар кас гирифтор аст, гуноҳе дорад. Ё баръакс яке бегуноҳ гирифтор шуд, тасаввур мекунад ҳар ки гирифтор аст, бегуноҳ аст. Дар ҳоле ки кори ҳар касеро бо ҳар каси дигар наметавон қиёс кард.

Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб”, ҷилди 4, Душанбе, “Ирфон”, 2024.

Бачаҳои азиз метавонанд ин силсилакитобро дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи аввал мутолиа кунанд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
м
утахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.