Бо бачаҳо. Қиссаҳои  хуб  барои бачаҳои  хуб (Аз  “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ)

СЕЮМИН  НАБАРД

Сапедадами рўзи баъд ду кўҳпайкар чун шерони ғурранда дар баробари якдигар истоданд. Сўҳроб рў ба Рустам карду гуфт:

Эй паҳлавони нотавон, дирўз аз чанги ман ҷони солим бадар бурдӣ, фикр намекардам имрўз ҳам ҷонатро ба хатар бияндозӣ ва ба майдон биёйӣ.

Рустам, ки вуҷудаш саросар оташи хашму кина буд, калимае бар забон наовард ва аз асб пиёда шуд. Суҳроб ҳам рў ба рўяш қарор гирифт. Ҳар ду даст бар камари якдигар андохтанд ва садои наъраву фарёд буд, ки ба гўш мерасид. Соатҳо гузашт ва ду паҳлавон бо чеҳраҳои хунину хоколуда ҳамчунон дар ҳоли набард бо ҳам буданд.

Суҳроб бисёр кўшид, то монанди рўзи қабл Рустамро бар замин бикўбад, аммо натавонист. Рустам монанди кўҳ дар баробараш истодагӣ мекард. Дар як лаҳза садои наъраи Рустам дар фазо печид ва монанди шери даранда Суҳроби ҷавонро дар миён бозувони пурқудраташ гирифт ва муҳкам ўро нотавон созад, бо суръати ҳарчи тамомтар ханҷарашро аз ғилоф берун кашид ва паҳлуи Суҳробро шикофт.

Дунё дар баробари дидагони Суҳроб тираву тор шуд, оҳе кашиду ба рўйи замин афтод ва дар хуни худ меғалтид. Суҳроб, ки худро шикастхўрда медид, ашк аз чашмонаш сарозер шуд ва нигоҳе ба Рустам, ки оташи хашмаш фурў нишаста буд, андохт ва гуфт:

Бидон, эй паҳлавон! Тақдир ин буд, ки ман бо дастҳои ту ҷонам гирифта шавад. Акнун ҳамсолони ман дар кўчаву бозор ба шодӣ машғули бозӣ ҳастанд ва ман дар ҳоли рафтан аз дунё. Танҳо орзуям ин буд, ки қабл аз рафтан аз дунё, падарамро бубинам, аммо умрам кўтоҳ шуд. Мутмаин бош, ҳангоме ки ин хабар ба ў бирасад, туро хоҳад ёфт ва интиқоми маро аз ту ба хубӣ мегирад, ҳатто агар моҳӣ шавӣ ва дар дарё равӣ, ё чун шаб дар торикӣ пинҳон шавӣ, аз дасти ў дар амон нахоҳӣ буд. Аз миёни номдорони сипоҳи Турон ҳатман касе ба Рустампаҳлавон хабар мерасонад, ки писараш Суҳроб будааст, ки ба дасти чун ту пиру солхўрда ба хоку хун ғалтидааст.

Рустам бо шунидани номи худ бо ҳайрат дар сурати бегуноҳи Суҳроб нигарист. Бозувонаш берамақ шуду зонувонаш сусту беҳаракат ва аз ҳуш рафту ба рўйи замин афтод. Суҳроб аз дард ба худ мепечид ва фарёд бармеовард. Рустам аз нолаи фарзандаш ба худ омад ва бо чашмони ашкбору дастони ларзон ўро дар оғўш гирифт ва гуфт:

–  Эй ҷавони диловар! Оё нишоне аз Рустам ба ҳамроҳ дорӣ? Ба ростӣ, ки номи ў аз миёни гарданкашон кам бод ва нангу нафрин бар ман. Эй кош, ҳаргиз набудам.

Суҳроб бори дигар ба сахтӣ нишонаҳоеро, ки модараш ба ў дода буд, ба ёд овард ва ба сурати падар нигарист ва бо дард гуфт:

– Агар ба ростӣ, ту ҳастӣ, бидон маро бидуни ҳеҷ гуноҳе аз байн бурдӣ. Ман борҳо аз ту пурсидам, аммо ту ному нишонатро пинҳон кардӣ ва заррае меҳр бар ҷонат нуфуз накард. Аммо, агар нишон мехоҳӣ, остини зиреҳи манро бишикоф, то он чиро, ки худ ба модарам дода будӣ, бар бозуям бубинӣ. Эй дареғ, ҳангоме ки ин муҳра ба корам омад, ки фоидае надорад. Эй кош, лаҳзае хашми худро фурў менишондӣ ва суханҳои муҳаббатомези ман дар дилат асар дошт. Акнун дигар нолаву зорӣ бефоида аст. Ба ростӣ, ки тақдир барои ман инчунин хоста буд, то ба дасти ту кушта шавам.

Рустам бо оҳу нола остинро шикофт ва ҳангоме ки нигоҳаш ба муҳра афтод, хоки пушаймони бар сараш рехт ва оҳ аз ниҳодаш баланд шуд. Ў фарёде кашид ва бар сару сураташ кўбид ва гуфт:

Эй фарзанди бегуноҳи ман! Ҳанўз дар ибтидои ҷавонӣ будӣ, ки бо дастони худ туро нобуд кардам. Вой бар ман! Вой бар ман! Чаро бояд ин тавр мешуд.

Суҳроб дар лаҳзаҳои поёни умраш бо лабханди дилнишин бўсае бар дасти падар зад ва ба оҳистагӣ гуфт:

       – Ман ба орзуям расидам, акнун ту дар канорам ҳастӣ.

Рустам ўро дар оғўш каши два гирист.

Хуршед дар ҳоли ғуруб кардан буд, ки савороне аз сўйи Ковус ба размгоҳ омаданд, то аз сарнавишти ду паҳлавон огоҳӣ ёбанд. Ҳангоме ки онҳо ба маҳалли набард расиданд, Рахшро танҳо ёфтанд ва асре аз Рустам набуд, пас ба лашкаргоҳ бозгаштанд ва хабари кушта шудани Рустамро ба Ковус доданд. Ковус бедиранг фармон дод, то ҷанговарон ба сўйи лашкари Туронзамин битозанд. Дар лаҳзаҳои поёнӣ Суҳроб аз падар хост, ҳоло ки Турониён бепаноҳ шудаанд, бар онон раҳм кунад ва озодашон бигузорад.

Рустам охирин хостаи фарзандашро пазируфт ва бо дили ғамгин ба сўйи сипоҳи Эрон ба роҳ афтод. Эрониён бо дидани Рустам, бо шодӣ ба истиқболи ў шитофтанд, аммо бо дидани чеҳраи ғамбори ў ва ашке, ки дар чашмонаш ҳалқа зада буд, бо тааҷҷуб моҷароро аз ў пурсиданд. Рустам барои онон гуфт ки чи тавр танҳофарзандашро бо дастони худ аз байн бурдааст ва рў ба паҳлавонон карду гуфт:

Дигар қасди ҷанг бо турконро надошта бошед ва раҳояшон кунед. Зулме, ки ман дар ҳаққи онон раво доштам, кофӣ аст.

Бузургону номдорон бо ғами фаровон гуфтаанд:

Эй паҳлавони ягона, моро дар андуҳи худ шарик бидон, тасмин бо туст. Мо барои ҳар коре омодаем.

Сипас ҳамагӣ ба сўйи Суҳроб ба роҳ афтоданд.

Рустам бо дарду оҳ аз асб пиёда шуд ва бадани нимаҷони фарзандашро, ки дид, бо хашм ханҷаре баркашид ва хост, то худашро бикушад. Ҳама паҳлавонон ба сўяш давиданд ва ўро ором карданд. Гударзи пир ба насиҳати ў пардохт ва гуфт, ки ин корҳо фарзандашро зинда нахоҳад кард. Ногаҳон фикре ба зеҳни Рустам расид, бемуҳобо фарёд зад:

Нўшдору, нўшдору. Барои фарзандам нўшдору биёваред. Шояд асаре дошта бошад.

Гударз босуръат савореро ба сўйи Ковус фиристод ва аз ў нўшдору талабид. Ковуси бадниҳод, дар посух ба ў гуфт:

Агар он паҳлавони ҷавон бо нўшдору зинда бимонад, Рустам маро, ки боиси ин ҷанг будаам, зинда нахоҳад гузошт.

Савор бо дасти холӣ ба сўйи Гударз рафт ва пайғоми Ковусро ба ў дод. Рустам бо дидани савор моҷароро пурсид ва Гударз ҷавоб дод:

Эй паҳлавон, ахлоқи подшоҳ монанди дарахтест, ки он дорои меваҳои талху ногувор аст. Беҳтар аст, ту худ ба назди ў биравӣ ва нўшдору бихоҳӣ.

Таҳамтан бо аҷала савор бар Рахш шуд, то ба сўйи Ковус равад, аммо чанд қадаме нарафта буд, ки фарёду оҳу нолаи паҳлавононро шунид ва донист, ки кор аз кор гузашта ва нўшдору ҳам дигар асаре надорад.

Ў баргашт ва ҷисми беҷони писарашро дар бағал гирифт ва соатҳо гирист. Паҳлавонону номдорон Рустамро аз замин баланд карда ва бар рўйи Рахш нишонданд. Сипас ба рўйи Суҳроб дебои шоҳона кашиданду тобуте оварда, ҷисми беҷони ўро ба сўйи лашкари Эрон бурданд.

Саропардаи Рустам ба ношонаи азодори оташ зада шуд ва сипоҳи Турон бо фаҳмидани моҷаро бо дарду оҳ ба сўйи сарзамини худ ба роҳ афтоданд.

Рустам ҷанозаи Суҳробро бо одобу маросими хос ба сўйи Зобулистон бурд ва тамоми шаҳрро мотаму андуҳ фаро гирифт.

 

  Аз китоби “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз “Гулистон” ва “Мулистон”). Муаллиф Маҳдии Озаряздӣ. Душанбе “Ирфон”, 2024.

Силсилаи китобҳои “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” – ро метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.