Бо бачаҳо. Ҷӯра Ҳошимӣ: “Гар дил кушод бошад”
Як баччаи бахил буд.
Аз вай дилам хиҷил буд.
Вай ҳаммаҳали мо буд.
Номаш чӣ буд? Сано буд!
Рўзе вай аз сари роҳ
Як қуттӣ ёфт ногоҳ.
Онро кашида омад.
Зуд аз дараш даромад.
– Ин хонадони ман, – гуфт,
– Танҳо аз они ман, – гуфт.
Наздаш чу ёри дерин
Омад давида Сангин
– Чун бо ту ошноям,
Шояд ки ман дароям?
Гуфто Сано ба Сангин:
– Не, чунки аз ман аст ин!
Ин манзил аз ману бас,
Раҳ нест бар дигар кас!
Сангин зи пушти дар рафт,
Озурдаву пакар рафт.
Фирдавсу Дилбар омад,
Асрору Анвар омад,
Аммо ба мисли Сангин
Рафтанд гашта ғамгин.
Зеро Сано хурўшон
Накшод дар ба рўшон.
Дар манзилаш Сано монд,
Танҳои бедаво монд.
Танҳо даме чу бозид
Ғамгин бигашту ёзид.
Ёзиду гашт паҳлў,
Паҳлў бигашт ҳар сў.
Ҳолаш вале дигар шуд
Ҳар лаҳзае батар шуд.
Танҳоӣ дар дилаш зад,
Дар обу дар гилаш зад.
Ғам дар дилаш фузун шуд,
Аз қуттиаш бурун шуд.
– Сангин!- бикард фарёд,
– Зуд о ки кардамат ёд!
– Гў, баччаҳо биёянд,
Бар хонаам дароянд!
Сангин давида омад,
Парвин расида омад.
Фирдавсу Дилбар омад,
Асрору Анвар омад.
Сонӣ Судоба омад,
Вай дар ароба омад.
Аз пас Расояк омад,
Дар даст асояк омад.
Сарвар чу оча омад,
Дар бар ду зоча омад.
Ҳатто ду сагча омад,
Сето пушакча омад.
Қуттӣ яке калон шуд,
Чун кохи кўдакон шуд.
Чун ҷо кушодатар шуд,
Дилҳо кушодатар шуд.
Ин ҷост ҷойи бозӣ,
Шодиву сарфарозӣ.
Ҳоло Сано, ки шод аст,
Беҳад дилаш кушод аст.
Гар дил кушод бошад,
Манзил кушод бошад!
Дар гирду пеш ҳолӣ
Бисёр ҷойи холӣ.
Ҳар кас расида ояд,
Гў, марҳабо, дарояд!
Ин ҷо варо хуш ояд,
Бешак, дилаш кушояд!
ШЕВО
Шево саҳар мехезад,
Шодона бармехезад.
Дар лабҳояш гулханда,
Гулхандааш зебанда.
Як духтари хушҳол аст,
Бозигари футбол аст.
Вай гар дучарха ронад,
Одам ҳайрон мемонад.
Мехоҳад ин духтарҷон
Рўзе парад бар кайҳон.
Доим баҳояш аълост.
Дасташ ҳамеша болост.
Бо ҷону дил мехонад.
Неку бадро медонад.
Аз донишаш менозад,
Бар мактабаш метозад.
Манбаъ: Ҷӯра Ҳошимӣ “Гар дил кушод бошад”, Душанбе, 2013.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои шеъри кӯдаконаро хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолаа намоянд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.