Бо бачаҳо. Латофат. “Кӣ зуд меёбад?”

ki-zud-meyobadЧашмакат аз он гирён,
Рўякат маҳи тобон.

(Собун)

Зи чашми осмон
Агар шавад равон,
Ба хона медаванд
Зи кўча одамон.

(Борон)
Дар шохи дарахт,
Ҳой медавад сахт.

(Алвончак)
Он чист ояд,
Гул барг резад.
Дарё бирақсад.
Оташ фурўзад.

(Шамол)

Худаш оҳанин,
Нарм аз ў замин.

(Белу,каланд)

Хонаи бод аст он,
Ҳамеша шод аст он.
Баста намонӣ агар,
Мепарад ў мисли пар.

(Пуфак)

Чил марди чўбин,
Дар хона хуфта.
Сад гулхан аммо
Сад худ нуҳуфта.

(Гугирд)

Кокулаш сабзи парешон,
Сархамида чун арўсон.

(Маҷнунбед)

Гулшан чароғон,
Аз хандаи он.

(Гул)

Як  чўби холӣ,
Чашмаки қатор.
Аз нолаи ў
Шукуфад  баҳор.

(Най)
Тан аз яхи сафед,
Оташ сари забон,
Хандида то сар,
Мирад ҳамон замон.

(Шамъ)

Дўсти вафодори мо,
Қулфи дари хонадон.
Бегонаро шиносад,
Бо ёри мо меҳрубон

(Саг)

Номи ду хайвон
Бошад номи он.

(Харбуза)

Сиёҳу сафед,
Оламе умед.

(Шабу рўз)

Шарора дар хун,
Ситора дар хун.
Оҳану фўлод.
Аз ў ба ҳар гун.

(Оҳангар)

Зангўла дорад
Он хонаи мо
Як лаҳза хомўш,
Гаҳ пури ғавғо.

(Мактаб)

Зангибача бепарво,
Нишаста рўйи алав.
Медонад аз ҳама пеш
Мехўрад оши палав.

(Дег)

Ҳусни дандон,
Хокаи он.
Дар хамираш
Мушк пинҳон.

(Хамираи дандон)
Ду шох дорад, на буз,
Номаш бувад………

(Троллейбус)

Аз бод гардад, бодӣ аст,
Аз об гардад, обӣ аст.
Рисқи фаровонат диҳад,
Сад неъмати хонат диҳад.

(Осиёб)
Шароби олӣ дорем,
Соғари холӣ дорем.

(Борон)

Калонӣ ту, шавӣ хурд
Болои сар бошад он.
Аз паҳлўи ту ояд,
Хурдӣ, мешавӣ калон.

(Офтоб)

Ранге зи лоластони ман,
Чун лолаи дастони ман.

(Ҳина)

Сад барг дар калоба,
Пур шуд як ароба,

(Карам)
Бо рўи гул вақти саҳар,
Лўлўи рахшон медиҳад,
Аз бод ларзон ҷон ў,
Бар офтоб ҷон медиҳад.

(Шабнам)

Сабуктар аз об,
Рафиқи оташ.
Ҳар ҷо бирезад,
Доғе мунаққаш.

(Равған)
Як коса марҷон,
Сафеду рахшон.
Бо шир ҷўшад,
Чи мешавад он?

(Ширбиринҷ)
Чор гули миёнбаста,
Болои сар нишаста.

(Тоқӣ)
Дона-дона марворид,
Аз дарахти мо борид.

(Тут)
Ало-було арғамчин,
Мехазад таги замин.

(Мор)

Мўйлабча –сими кайҳон,
Ду чашмаки дурухшон,
Ҷойи хобаш дар бағал,
Эркаи хурду калон.

(Гурба)
Бе бача, аммо
Гаҳворадор аст.
Монанди модар,
Шабзиндадор аст.

(Гаҳвораҷунбон)

То ба само мепарад,
Бе пару болакаш зуд.
Сайр кунад ҳар куҷо?
То ба дами хоби худ.

(Чашм)
Оҳиста карда муччӣ,
Мехурад онро қайчӣ.

(Нохун)
Лав-лави лав лавас занад,
Гарму сўзон нафас занад.

(Оташ)
Тану сар,
Сару тан,
Миёни ҳарду

«……».

(Гардан)

Ин чистонҳо аз китоби шоираи маъруф Латофат Кенҷаева “Кӣ зуд меёбад”, ки соли 2020  аз ҷониби ТҶБ “Истиқбол” чоп шудааст, иқтибос шуданд. Он ва даҳҳо ба он монанд китобҳои шавқоварро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Меҳрангез НУРЗОДА.