Бо бачаҳо. Мирзораҳмат Давлатов. Боғи бобо.

Боғи бобоБУЗ ВА РЎБОҲ

Буд рўбаҳи айёре,                      

Айёру ҳам маккоре.

Давидаву парида,    

Пеши пояш надида.

Яке ба чоҳ афтод,

Бо оҳу воҳ афтод.

Монда даруни он чоҳ

Аз пагоҳӣ то бегоҳ.

Касе сўяш наомад,

Ҷустуҷўяш наомад.

Ғамгину зор гардид,

Ашкаш қатор гардид.

Пояш, ки монд дар гил

Гуфто рӯбоҳ дар дил:

Сахт кардаам иштбоҳ,           

Чӣ сон бароям аз чоҳ?

Аз домани чарогоҳ

Бузе расид ба ногоҳ.

Рўбаҳро дида ҳайрон,

Ҳайрону ҳам парешон.

Гуфто: «Чи кор кардӣ?        

Худро ту хор кардӣ».                              

Гуфто Рўбоҳи айёр:

Эй чўраи вафодор,

Оби ин чаҳ ширин аст,

Монанд ангубин аст.

Хўрам ин оби ширин

То қатраи охирин.

Он буз, ки содаҳак буд,

Бовар намуд ўро зуд.

Гуфто ки «Ман дароям,       

Об хўраму бароям».                                

Буз ҳам ба чоҳ рафтаст,

Пеши рўбоҳ рафтаст.

Ў ҳам монанди рўбоҳ,

Дармондааст дар чоҳ.

Бузи содаву нодон

Аз кардааш пушаймон.

Гуфт: Ҳоли зори ман бин,    

Тадбири кори ман бин.                               

Кас нарасид ба додаш,

Панде расид ба ёдаш:

«Ҳар кӣ накард андеша,    

Дар балояст ҳамеша».

БОҒИ БОБО

Дар як диёри дуре,

Дар як замини шўре.

Марде баор мезист,

Побанди кор мезист.

Дар он замини пурсанг

Он мўйсафеди бо нанг.

Бунёди боғ бинмуд,

Ҷойи фароғ бинмуд.

Шуд номаш «Боғи бобо»,

Ҷойи хубу тамошо.

Буд  меваҳош ширин,

Бўяшон анбар барин.

Ноку себи хўрданбоб,

Ширину шаҳду сероб.

Он марди кордида

Чандин баҳор дида.

Аз ин ҷаҳон гузашта,

Чун қаҳрамон гузашта.

Боғаш нишони ў буд,

Ҷону ҷаҳони ў буд.

Ин ҳосил аз ранҷи ў

Монда гўё ганҷи ў.

Хўранду раҳмат гўянд,       

Ҷояшон ҷаннат гўянд.                                        

ВОҲИМА

Шунидам, ки як марде,

Дурўғгўи гузаро.

Воҳима карда гуфтаст

Пеши ёру ҷўраҳо:

Саг меҷакид дар осмон,    

Бовар кунед, эй ёрон.                               

Гуфтанд, дар замин гўй,

Ё пушти магазин гўй!

Ё дар сари девор гўй

Ё дар шохи чанор гўй!

Ўро рафиқе будаст,

Ёру шафиқе будаст.

Гуфтаст, ки рост мегўяд,       

Бе каму кост мегўяд.                               

Сагро бардошта уқоб,

Бурда онро то саҳоб.

Ў дар ҳаво тарсидаст,

Аз тарси ҷон ҷакидаст.

ТАЪРИФАК

Насим гуфто: Ҷўраҳо!

Ман донои ҷаҳонам.

Ҳар саволе медиҳед,

Ҷавоб дода метонам.

 

Доданд ба ў як савол,

Африқо гўй дар куҷост?

Сарро хорида гуфтаст:

Аз деҳаи мо болост.

Таҳияи Саломат Якубова, сармутахассиси
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон

маҳдуд.