Бо бачаҳо. Муҳриддин Сабурӣ. Дунёи рангоранги зери об

mohiҲайвонҳо на танҳо дар хушкӣ, балки дар об ҳам зиндагӣ мекунанд. Кит, тимсоҳ, делфин, наҳанг аз ҷумлаи онҳоянд. Баъзе аз навъи сангпуштону морҳо ҳам сокинони муҳити обӣ ҳастанд. Хирси сафед, Тюлен, Морж низ дар об ғӯта мезананд ва ба хушкӣ мебароянд.

Дар об моҳиҳо зиёдтар мавҷуданд. Онҳоро ҳатто дар ҳавзу ҷӯйборҳои шаҳру деҳот дидан мумкин аст. Дар кӯлу обанбор ҳам дидан мумкин аст. Аз ҳама бештар дар баҳру уқёнусҳо зиёданд.

Моҳиҳо ном, шакл ва навъҳои гуногун доранд. Ошноӣ бо ҳаёти рангини моҳиён хеле аҷибу завқовар аст. Моҳиҳо намуди зиёд доранд. Баъзе аз моҳиҳо шаклу намуди ҳаратангез доранд. Онҳоро соатҳо нигоҳ кунӣ ҳам, аз тамошояшон сер намешавӣ.

Бадани бархе аз моҳиҳо мисли филизи ҷилодор аст. Ин навъи моҳиҳо беозоранд. Гӯшти онҳо ширин ва хуштаъм аст. Одамон онҳоро истеъмол карда метавонанд.

Бадани суфрамоҳӣ, кӯсамоҳӣ ва баъзе намудҳои дигарашон филиз надоранд. Онҳо моҳиҳои зараровар ва заҳрноканд. Дар зери об ҳамеша ноорому хашмгин менамоянд. Ба моҳиҳои беозор пайваста ҳамла мекунанд.

Ин моҳии кӯчак гуппу ном дорад. Гуппуҳо моҳиҳои ором ва бе озоранд. Онҳо ҷангу ситезаро хуш надоранд. Гуппу ҳудуди як сантиметр ва зиёдтар аз он дарозӣ дорад.

Гуппу моҳии зиндазой аст. Навзоди ӯ аз донаи гандум бузургтар аст. Ин моҳиро бори аввал Роберт Гуппи ошкор кард. Ба ин хотир ба он номи ин олим гузошта шудааст.

mohiМоҳии норинҷӣ яке аз зеботарин моҳиҳои уқёнусҳо аст. Вақте хатарро эҳсос мекунанд, дар канори шохаҳои марҷон пинҳон мешаванд. Душман вайро дида наметавонад. Агар бинад ҳам, аз миёни шохаҳои марҷон гирифта наметавонад.

Фариштамоҳӣ яке аз навъи моҳиҳои зебо ва хушранг мебошад. Баданаш ҳамчун тангаи нуқра дар зери об медурахшад. Рахҳои зарду сиёҳ ва сафед ба бадани вай зебоии дигар мебахшанд.

Камонмоҳӣ моҳии дарёист. Ин моҳии зеборо одамон бо нархи гарон харидуфурӯш мекунанд. Вай зеби қафасоб аст. Даҳони кӯчак ва ниҳоят қавӣ дорад. Садафакҳоро шикор мекунад.

Парвонамоҳӣ ҳам моҳии зебо, аммо бисёр камёб аст. Аз рӯйи чашмҳои он як хатти тасмашакли сиёҳ мегузарад, ки онро ба кабк монанд кардааст. Думи доирашакли он монанди парҳои товус аст.

Моҳии нӯлдароз аз оилаи моҳиҳои парвонашакл  маҳсуб меёбад. Вай дар уқёнус ва соҳили баҳрҳои Австралия зиндагӣ мекунад. Баданаш рахҳои сурх, сафед, сиёҳ ва пурҷило дорад. Дар миёни сангҳои қиматбаҳо ва марҷонҳои зери дарё зиндагӣ мекунанд.

Тилломоҳӣ низ яке аз намудҳои парвонамоҳӣ аст. Вай монанди тангаҳои тилло дар зери дарё медурахшад. Ҳангоми эҳсоси хатар дар миёни шохаҳо ва сангҳои баҳр пинҳон мешавад. Дар обҳои шӯр ва гарм зиндагӣ мекунанд.

dunyoi-rangini-obМоҳии сарбоз ё санҷобмоҳӣ бисёр чобук ва серҳаракат аст. Баданашро тасмаҳои дарози сурх ва рост пӯшондааст. Чашмонаш калон, аммо хирабин аст. Ин моҳиҳо дарандаанд, гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба туъмаи худ ҳамла карда, онро ба осонӣ пора-пора мекунанд.

Моҳии дигаре ба моҳии сарбоз монанд мавҷуд аст, ки онро моҳии чашмхӯр мегӯянд. Он чашмони майда, даҳони калон ва дар баданаш тасмаҳои осмонранги сафед ва зард дорад. Ин моҳӣ дар соҳилҳои обҳои Арабистон дида мешавад. Бачаҳои худро дар даҳонаш бузург мекунад.

Дар обҳои Ҳиндустон ва соҳилҳои Таиланд моҳие зиндагӣ мекунад, ки онро ҷангҷӯ мегӯянд. Ин моҳӣ пайваста бо дигар навъи моҳиҳо дар ҷангу ситез аст.

Моҳии ҷаъбаӣ (сандуқмонанд) номи дигараш остракион яке аз мавҷудоти шигифтангези дарёҳост. Болҳои шиноварии ин моҳӣ ба ҳама тараф ҳаракат мекунанд. Болҳои пушташ мечарханд. Вай дар миёни об муддатҳо беҳаракат меистад. Баданаш пулакча надорад, сараш ба сари қурбоққа хело монанд аст. Нақшину рангоранг ва холдор аст.

  Аждаҳомоҳӣ яке аз навъҳои заҳрдор ва хатарнок аст. Ҳама моҳиҳо аз ӯ метарсанд ва мегурезанд. Дар бадани аждаҳомоҳӣ сихҳои тез ва заҳролуд мавҷуд аст вай дар зери шиками худ пой дорад ва роҳ меравад.

Моҳигирак аз навъи моҳиҳои бисёр аҷоиб ва ҳайратангез аст. Вай дар пешонии худ шохаки сахт ва дарозе дорад, ки шабеҳи шасти моҳидорист. Моҳигирак дар қаъри торикии уқёнус зиндагӣ мекунад.

Сари шохчаи моҳигирак ҳангоми шикор равшанӣ медиҳад. Моҳиҳои дигар ба ҷоноби равшанӣ шитофта, ба шасти ӯ меафтанд. Вай моҳии бузургтар аз худашро ҳам фурӯ мебарад.

 

Китобчаи Муҳриддин Сабурӣ “Дунёи рангини зери об” ва даҳҳо ба ин монанд китобҳоро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.

Таҳияи Шабнами МУСТАФО,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти  кӯдакон ва наврасон.