Бо бачаҳо. Раҷабалӣ Аҳмадов: “Ҳамсояи хуб”

Ҳамсояи хубРўз бегоҳ мешуд. Кўрмушаке аз хонааш хок бароварда, аз ҳавои софи баҳор нафас гирифт ва ба табиати сабзу хуррами атроф бо ҳавас нигарист.

– Ваҳ, чӣ хел нағз, чӣ тавр зебо! Агар борон наборад, боз дар чанд ҷой хона сохтан мумкин.

Кўрмуш мехост хонаи бисёр дошта бошад. Бо ин мақсад гоҳ аз як ҷо замин канда, хок мебароварду гоҳ аз ҷои дигар. Лекин ҳеч яке аз хонаҳо ба вай маъқул намешуд.

Вай дар фикри бунёди хонаи нав буд. Ин дам ў кўршапаракро дид, ки зери дарахтони баланди серсоя бол меафшонду чарх мезад. Парвози кўршапарак ба назари кўрмуш хандаовар намуд.

– Чаро механдӣ? – пурсид кўршапарак. – Девона –ку нашудаӣ?

Кўрмуш ҳамоно завқ мекард, механдид.

Шаб гузашт, рўз шуд. Офтоб баромад. Кўршапарак, ки бағоят хаста шуда буд, зери кундаи беди азим дароз кашида пинак рафт.

Ин вақт кўрмуш сертараддуд буд. Шитобкорона пастиву баландиҳоро меканду ҳамвор менамуд ва хокро берун мекашонд. Аз саросемагӣ баъзан ба ҷойи хок думашро кашола карда мебаромад.

– Ҳа? – хандид кўршапарак. – Чаро думатро бардошта мегардӣ?

Кўрмуш дид, ки дар ҳақиқат ба ҷойи хок думашро бардоштааст, шарм кард.

Баъди ин онҳо ба ҳамдигар дўст шуданд. Акнун ҳеҷ гоҳ ба кору рафтори ягдигар эрод намегирифтанд, намехандиданд ва ҳамчун  ҳамсояи қарин мезистанд. Як мағз ёбанд, онро ду тақсим мекарданд, ҳангоми мушкилӣ дастгири якдигар буданд. Алалхусус, баҳорон барои онҳо басо хатарнок буд. Ҳамин ки  борон мебориду сел меомад ва хоначаи кўрмуш об зер мекард, кўршапарак дарҳол ба ёрии ҳамсояи худ мешитофт.

– Ба хонаат об даромада бошад ҳам, худат саломат мондӣ, шукр кун, – тасало дода мегуфт кўршапарак, – минбаъд хонаи бисёр насоз. Якта созу дар баландӣ соз.

«Харбуза аз харбуза ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя панд». Кўрмуш аз рўи гуфтаи ҳамсояи худ амал кард. Дар баландӣ хонаи барҳаво ва мустаҳкаме сохт.

Боре жола борид. Кўршапарак, ки дар ковокии танаи бед паноҳ шуда буд, аз хунукӣ меларзид. Аз жола қанотҳояш бемадор гашта буданд, худаш маҷоли ҳаракат надошт. Пас аз чанде вай аз хуш рафта, ба замин афтид.

Кўрмуш аз мусибати дӯсти худ хабар ёфта, зуд ба ёрии вай омад. Ўро ба хонаи худ овард. Оташ афрўхт, гарм кард. Баъд дар хузури кўршапарак ба кўрмушакон гуфт:

– Барои хонаи бисёр сохтан талош накунед. Яктагӣ хонаи мустаҳкам созед, хонае созед, ки ба барфу борон, селу жола тобовар бошад. Лекин пеш аз хона сохтан ҳамсояи хуб ёбед.

Аз гапи кўрмуш кўршапарак дарду ғами худро фаромўш кард.

– Модаратон рост мегўянд. Пеш аз ҳама ҳамсояи хуб ёбед…, – гуфт кўршапарак бо дили саршор аз ифтихор.

******     ******   *****

Ин ҳикоя аз китоби Раҷабалӣ Аҳмадов “Ҳикояҳо”, ки  соли 2019 чоп шудааст, иқтибос шуд. Аммо китоб ҳикояҳои зиёди шавқовар дорад, ки хонандагон онро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон мутолеа намоянд.

Таҳияи Шабнами МУСТАФО,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон