Бо бачаҳо. Саиднабӣ Наҷимӣ: “Офтобаки хандонрӯй”
Ин китоб соли 2014 чоп шудааст ва як нусхаи онро муаллиф 5 августи соли 2023 бо соядасти худ ба Китобхонаи миллӣ тақдим кардааст. Китоб, ки бо беҳтарин суратҳо оро ёфтааст, охирин чакидаҳои хомаи адибро барои бачаҳо гирд овардааст.
Саиднабӣ Наҷимӣ 10 июни соли 1951 дар шаҳри Хучанд ба дунё омадааст. Ў соли 1969 мактаби миёнаи рақами 18-ро хатм карда, таҳсили худро дар ИДПЛ (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобочон Ғафуров ) идома дод. Соли 1973 факултаи филологияи точики донишгоҳро бомуваффақият ба итмом расонида, 2 сол бо касби омўзгорй машғул шуд. Баъдан фаъолияти ў бо матбуот пайваст ва тўли 40 сол дар рўзномаи « Ҳақиқати Ленинобод» (ҳозира «Ҳақиқати Суғд») дар вазифаҳои мусаҳҳеҳ, барандаи шумора, мухбир, мухбири калон, мухбири пешбар, мудири шўъба, котиби масъул кор кард. Дар як вақт аз соли 2002 то соли 2007 чун устоди факултаи суханшиносии ДДХ ба номи академик Бобочон Ғафуров ба донишчуён аз фанни забони точикӣ таълим дод.
Алҳол вай корманди масъули шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Точикистон мебошад.
Китобҳояш таҳти унвони «Умед», «Ҷавлон», «Ҷабр», «Раҳм», «Армонҳои дил» ва «Қиёфатулбашар» дар нашриёти «Адиб» ва нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил чоп шуда, дастраси хонандагон гардиданд.
Саиднабӣ Наҷимӣ Аълочии матбуоти чумҳурй, узви Иттиҳоди нависандагон ва журналистони Точикистон мебошад.
Чанд шеъи ӯро чун намуна аз ин китоб меорем ва аз хонандагони худ даъват мекунем китобро дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолеа кунанд.
МЕРОСИ ҶОВИДОН
Ба клуби мо – «Дўстй»
Мактуб бисёр меояд.
Аз наздику ҳам аз дур,
Ҳатто аз худи Лоҳур.
Ҳар як мактуби дўстон,
Ба мо шодй оварад.
Саломи оташинро,
Аз ҳар водй оварад.
Аз ҳоли ҳамдигар мо,
Доим ҳастем бохабар.
Якдилию садоқат,
Ба мо бахшад болу пар.
Меҳрубонии моён,
Ҳадду ҳудуд надорад.
Аз баҳри сулҳу дўстй,
Сарҳад вуҷуд надорад.
Дўстй ба мо мерос аст,
Аз падару бобоён.
Онро азиз медорем,
Чун мероси ҷовидон.
ВАСФИ БОБО
Бобоҷонам муаллим,
Одами хеле ҳалим.
Ба мо гўянд афсона,
Гоҳе хонанд тарона.
Гапашонро гўш кунем,
Худро фаромўш кунем.
Орому ҷим нишинем,
Бе тарсу бим нишинем.
Доим роҳашон поем,
Дар васфашон сароем.
Бобом соҳиби китоб,
Китобҳои хонданбоб.
Онҳоро гар бихонем,
Бисёр чизро медонем.
Панду насиҳат дорад,
Рангоранг сурат дорад.
Акоямон Мирсалим,
Аз бобом гирад таълим.
Дарсашон хуб шавқовар,
Ҳам аҷоиб завқовар.
Бобом агар биёянд,
Аз дарвоза дароянд.
Он дам бароямон ид,
Рўзи шодию саид.
БОИСИ САРФАРОЗЙ
Акнун ман калон шудам,
Хеле паҳлавон шудам.
Синфи боло мехонам,
Хубу аъло мехонам.
Ба падару модарам,
Ҳам хоҳару додарам.
Доим ёрй расонам,
Гапро замин намонам.
Ҳамсинфонам низ ҳама,
Аз ман ҷудо миннатдор
Барои ёрй додан,
Ба онҳо ҳам ман тайёр.
Ҳаққу ҳамсояҳо ҳам,
Аз ман шоданду розй.
Ин мукофот бароям,
Боиси сарфарозй.
Таҳияи Зарина ЗИЁВУДДИНОВА,
мутахассиси шуъбаи
адабиёти кӯдакон ва наврасон.