“Боғи шамол” ва сарсухани Абдумалик Баҳорӣ
“Боғи шамол” ва сарсухани Абдумалик Баҳорӣ
Маҳбуба Неъматзода аз адибони хосаи кўдакону наврасони мост. Ў танҳо барои бачаҳо менависад. Ҳам шеър, ҳам ҳикоя. Ҳикояҳояш аз шеърҳояш, не, шеърҳояш аз ҳикояҳояш беҳтаранд. Агар шеърҳояшро хонед, мегўед, ки ҳикояҳояшро хонам. Агар ҳикояҳояшро хонед, мегўед, ки шеърҳояшро хонам. Вай таъбу завқи хуб дорад ва табъу завқи хонандагонашро ҳам хуб медонад. Рўҳшинос ҳам ҳаст. Барои ҳамин ҳам ҳангоми чопи чопи китобҳояш шеъру ҳикояҳояшро аксаран дар зери як муқова фароҳам меорад, то хонандааш дар армон намонад: хоҳад, шеърҳояшро монаду ҳикояҳояшро хонад, хоҳад ҳикояҳояшро монаду шеърҳояшро хонад. Ё чунон ки хонандагони хушзавқ мекунанд, ҳам шеърҳояшро, ҳам ҳикояҳояшро саросема нашуда, боҳавасала, бодиққат, бонавбат, аз аввал то охир бихонад.
Табъи адибаи мо ба танзу мутояба моил аст. Ҳангоми мутолеаи шеъру ҳикояҳои ў дили кас кушода мешавад, коми кас ширин мегардад, лабу даҳони кас беихтиёр ба табассум майл мекунад.Чунон ки адабиётшиносони асил муайян кардаанд, ҳазлу мутояба кори бисёр ҷиддист. Ин кор аз дасти ҳар шоиру навмсанда намеояд. Гирёндани хонанда осонтар аст аз хандондани ў. Гирёндан ҳам, албатта, кори осон нест. Аммо хандодан мушкилтар аст. Маҳбуба Неъматзода ин корро метавонад.
Хуб, албатта, ин маънии онро надорад, ки ў танҳо ба хандондани хонандагонаш мекўшад. Не, баъзе асарҳои ўро хонда кас ба риққат ҳам меояд, беихтиёр оби чашм ҳам мекунад. Вай метавонад дар як ҳикоя мазҳакаву фоҷиаро ба ҳам омезад ва чунон кунад, ки хонанда бихандад ва дар хандааш бигиряд. Агар хонанда аз хондани ягон асари бадеӣ бихандад ё бигиряд, ё ақаллан табассум кунад ё ба риққат ояд, нишони он аст, ки ин асар самимӣ, табиӣ, воқеӣ ва бо маҳорату истеъдоди баланд навишта шудааст. Маҳбуба Неъматзода маҳорату истеъдоди чунин бо самимият, табиият ва воқеият навиштанро дорад.Аз ин ҷост, ки хонанда дар навиштаҳои ў симои худро мебинад, ҳамдарсону ҳамсоягонро мешиносад, баду некро мефаҳмад, андеша мекунад, ба хулосае меояд ва аз онҳо ибрате мегирад. Чун шеър ва хусусан ҳикояҳои ўро бихонед. Ба ин гуфтаҳо бовар мекунед.
Ў гўяндаи хуби чистонҳо ҳам ҳаст. Дуруст аст, ки камтар чистон мегўд, аммо хеле хуб мегўяд. Санъату назокати ин жанри адабиро аъло медонад ва бо тамоми ҳастиаш ҳис мекунад. Барои он ки сухан дар ҳаво намонад, як чистонашро бо ҳам мехонем:
Гирд аст монанди моҳ,
Ғелида меравад роҳ.
Аз момо гурезон аст,
Аз бобо гурезон аст.
Гурезон аст аз хона,
Хонааш – дар афсона.
Хуб, агар шумо афсонаи машҳури «Кулчача»- ро хонда бошед, ин чистони марғубро зуд меёбед ва аз ин бозёфти худ чунон хурсанд мешавед, ки гўё кулчачаи ҳақиқиро ёфта бошед.Чистонҳои дар бораи офтобпараст, панҷшоха, пой антеннаи телевизор ва баъзе чизҳои дигар офаридаи Маҳбуба Неъматзода низ аз чистонҳои хуби адабиёти кўдакони моянд. Чизҳои «пинҳонкарда»- и ў дар чистонҳояш бо рангшу бў, шаклу намуд, дороиву хосиятҳои худ ба ҷунбиш меояд, ҳаракат мекунанд, эҳсос мешаванд ва худро нишон медиҳанд. Хонанда дар ёфтани онҳо азоб намекашанд, майна об намекунанд, аз ягон кас мадад намеҷӯянд. Ва аз хондану ҷустани ҷавобҳову ёфтани ин чистонҳо хурсанд мешавад.
Шоира ва нависандаи хуби бачаҳо Маҳбуба Неъматзода 7 феврали соли 1949 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Падараш Яҳё Неъматзода ва модараш Марям Азизӣ таҳсилоти олӣ надоштаанд, вале инсонҳои шеърдўсту китобхон буданд.
Азбаски дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ имкони таҳсил барояшон фароҳам набуд, онҳо орзу мекард, ки фарзандҳояшон соҳиби таҳсисоти олӣ гарданд. Аз нўҳ фарзанди ин падару модари меҳрубону парҳезкор ҳафт нафар дар донишгоҳҳои кишвар таҳсили илм намуда, чанде аз онҳо машҳури диёр гардиданд.
Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, меъмори соҳибзавқу варзида Музаффар Неъматзода ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, сарояндаи хушовоз Баҳодур Неъматзода аз фарзандони номдор ва барўманди ин оила ҳастанд.
Маҳбуба Неъматзода модаркалони қиссагўй, зиндадилу хандонрўи худ Мастурабонуи бухороиро ба ёд оварда, дар хотироти худ менависад: “Солҳои бачагиям хуб дар ёдам ҳаст, ки бибиҷонам чарх ресида, ҳамеша ғазал замзама мекарданд:
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардро, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез!
Бошад ки боз бинем дидори ошноро….
Баъд аз хондани ғазал чашмонашро пўшида, аз сатрҳои ҷовидонаи шоир ҳаловат бурда мегуфтанд:- Гардам аз сари Ҳофиз, чӣ қадар хуб гуфтаанд.
Аз модаркалон ва падару модари шеърдўстам ба ман ишқи шеър мерос монд. Шеър бо равониву хушоҳангӣ маро чунон мафтун карда буд, ки дилам мехост тамоми дарсҳои мактаб дарси адабиёт бошад. Шуғли дўстдоштаи ман дар овони бачагиву наврасӣ аз бар кардани шеъру достон буд».
Маҳбуба Неъматзода соли 1966 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 15- и шаҳри Душанбе, бо тавсияи устодон таҳсилро дар шўъбаи рўзноманигории факултаи филологияи Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон идома дод. Соли 1971 таҳсил дар донишгоҳро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, дар идораи рўзномаи дўстдоштаи худ «Пионери Точикистон» ба кор шурўъ кард.
Пас аз ҳашт соли фаъолият дар рўзномаи мазкур соли 1978 Маҳбуба Неъматзодаро мудири шўъбаи маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирўза») таъйин намуданд. Фаъолияти ў дар ин маҷалла то соли 1983 идома ёфт, зеро ҳамон сол Маҳбуба Неъматзода ҳамроҳи ҳамсараш Ҳазрат Сабоҳӣ – олим ва тарҷумони варзида ба кишвари Афғонистон сафар кард.
Баъди сафари Афғонистон, ки он чор сол тўл кашид, Маҳбуба боз ба идораи рўзномаи барояш хеле азиз «Пионери Тоҷикистон» баргашт.
Соли 1990 дар идораи маҷаллаи «Чашма» вазифаи мудири шўъбаи назму насрро ба ўҳда гирифт.
Соли 1996 рўзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ва рўзномаи шаҳри «Самарқанд» Маҳбуба ва ҳамсари ў Ҳазрат Сабоҳиро ба кор даъват намуданд.
Дар шаҳри бостонии Самарқанд комёбии эҷодӣ ба ў беш аз пеш ёр гардид. Пайваста барои бачаҳо шеъру ҳикоя ва афсонаҳо менавишт.
Нахустин китоби Маҳбуба барои бачаҳо «Борони баҳорӣ» ном дошт, ки нашриёти «Маориф» – и Тоҷикистон соли 1980 аз чоп бароварда буд. Соли 1990 нашриёти «Адиб» китоби дигари ўро бо номи «Духтари заргар» ба хонандагон манзур кард.
Соли 1997 нашриёти нашриёти «Суғдиён» (ш. Самарқанд) китоби «Меҳрубон», соли 1998 нашриёти «Самарқанд» китоби «Таваллудат муборак», соли 2000 нашриёти «Зарафшон» китоби «Бонуи бобо» – ро мунташир намуданд, ки барои бачаҳои вилоятҳои тоҷикнишини Ўзбекистон – муштоқони китоби тоҷикӣ тўҳфаи бебаҳои шоира буд.
Дар соли 1991-2000 мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Тошканд, Ҷиззах, Навоӣ, Сирдарё, Қашқадарё ва Сурхандарёи Ўзбекистон ба китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ дастрасӣ надоштаанд.
Хизмати арзандаи Маҳбуба дар он буд, ки ба шаҳру ноҳия ва рустоҳои дурдасти Заркат, Навдак, Невич, Боғистон, Нанай ва Полвонаки вилояти Тошканд, Порашт, Синтап, Каттаэҷ, Косонсойи Намангон, Варганза, Гелон ва Сарчашмаи вилояти Қашқадарё, ноҳияҳои Сариёғоч ва Еттисои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуда, ба мактабҳои тоҷикӣ китоб мебурд.
Шогирдони мактабҳои тоҷикии Самарқанд ва вилоятҳои дигар китобҳои «Меҳрубон», «Тавалудат муборак» ва «Бонуи бобо» – и Маҳбуба Неъматзодаро, ки аз шеъру афсонаву ҳикояҳои латиф, тезгўяку чистонҳои равон иборат буд, бо ташнагӣ пазируфтаанд.
Соли 2006 нашриёти «Истиқбол» (ш. Душанбе) китоби ўро бо номи «Гиря кунам ё ки на?» ва соли 2012 нашриёти «Муҳаррир» – и (ш. Тошканд) «Модари ҷон, модарам» ном китоби ўро ба табъ расонд.
Маҳбуба ба сайру саёҳат рағбати беандоза дорад. Солҳои кор дар рўзномаву маҷаллаҳо ў аз Зарафшон то Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои хушманзари Тоҷикистон дидан кард. Баъдтар ба кишварҳои Озарбойҷон ва Эрон сафар дошт.
Солҳои зиндагӣ дар Эрон ба нависандаи бачаҳо муяссар гардид, ки шаҳрҳои таърихии Исфаҳон, Шероз, Теҳрон, Тўс, Нишопур, Машҳад, Сорӣ, Турбати Ҷом, Бобулсар, Раштро бубинад ва оромгоҳи устодон Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём, Аҳмади Ҷомӣ ва Шайх Атторо зиёрат намояд. Шоира аз сайру сайёҳати Эронзамин илҳоми тоза гирифта, барои бачаҳо шеъру ҳикоя ва афсонаҳои зиёде навист.
Маҳбуба Неъматзода аз соли 1978 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Мо китоби нави Маҳбуба Неъматзодаро ба шумо, хонандагони азиз, пешкаш намуда, умед дорем, ки онро бо хушнудӣ мепазиред.
Абдумалик Баҳорӣ,
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
Ин шеър аз ҳамин китоб:
Парвин
Қурси ҳарранга ширин,
Қанди парварда ширин,
Обаки набот ширин,
Қанду қандалот ширин.
Аммо аз қурсу набот
Аз сад қуттӣ қандалот,
Хоҳари ҷонам, Парвин,
Суханҳои ту ширин.
Таҳияи Шаҳодатхон Давлатова,
мутахассиси шуъбаи кўдакон
ва наврасон.