Бобоҳоям фахри ман ҳастанд!
Рӯзе аз рӯзҳо хонандае ба Китобхонаи миллӣ омад ва дар бораи бобои ҷанговари худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат доштааст, хост мавод пайдо кунад. Мо кормандон аз тамоми китобҳои хотираҳо ҷустуҷӯ кардем, вале аз бобояш ягон нишон ё маълумоте пайдо накардем. Хонанда ғамгин ҳам шуд ва гуфт, ки бояд ба ҷустуҷӯ идома диҳад, то даме, ки дар бораи корномаҳои бобояш маълумот пайдо кунад.
Ин ҷо дар дили ман шӯре пайдо шуд ва чун ман ҳам бобои ҷанговар доштам. На як, балки ду бобои ман аз ҷумлаи касоне буданд, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зидди фашизм то охирин рӯзҳо ҷангиданд. Ман ҳам ба хулосае омадам, ки бобоҳои худро ҷустучӯ мекунам.Хушбахтона аз китоби “Родмардони деҳаи Шунук” дар бораи қаҳрамониҳои бобоҳоям маълумот пайдо кардам, қаҳрамониҳои онҳоро хондаму ашк рехтам.Дилам хеле сӯхт ба онҳо ва ба расми онҳо нигариста фахр мекардам. Мо имрӯз ки Рӯзи Ғалабаро ҷашн мегирем, мехостам бори дигар ҷасорату мардонагии бобоҳои худро ёдовар шавам ва пеши қаҳрамониҳояшон сари таъзим фуруд меорам!
Корнамоии Давлат Ашуров
(1925-1972)
Ашуров Давлат соли 1925 дар деҳаи Шунук дар оилаи Ашур Полвон таваллуд шудааст. Соли 1941 ба фронт бе даъват ба таври ихтиёрӣ рафтааст. Чор соли даҳшатҳои ҷангро паси сар карда, ба Тоҷикистон баргаштааст.
Дар колхози “Дустӣ” бригадир ва ҳисобчӣ шуда кор кардааст. Ба касби дуредгарӣ низ машғул буд. Бисёр иморатҳои мардум маҳсули дасти ӯ мебошанд. Соли 1972 дар деҳаи Батош аз олам чашм пӯшид. Аз он кас нӯҳ фарзанд боқӣ монданд.
Дар ҳавлии Давлат он рӯз даробаро зиёд буд. Хешу табор, ҳаққу ҳамсоя ба хонаи ӯ ҷамъ омада буданд. Онҳо барои ба ҷанг гуселонидани Давлат Ашурови 16 сола омода буданд. Мӯйсафедон дар тааҷҷуб буданд, ки писари 16 сола ба ҷанг меравад. Аммо Давлат ихтиёрӣ ба ҷанг мерафт. Ӯ гарчанде ҷавон бошад ҳам, лекин ба назар марди баққувату ҷасур, серғайрату далер менамуд.
Маросими гусел ҳам фаро расид. Модари Давлат ҷигарбанди худро ба оғӯш гирифта, ашк аз чашмонашон беист ҷорӣ буд.Чӣ чора?! Ватан дар хатар аст! Агар ман баринҳо Ватанро ҳифз накунем, ки ҳифз мекунад, -гӯён Давлат модарашро тасалло медод.
Дили модарро, ки намедонад? Аҳволи рӯҳии модарро дида ашк аз чашмони Давлат низ ҷорӣ шуд.Ӯ бо ҳозирин хайру хуш карда, ба роҳ баромад.
Ҳамин тавр Давлат Ашӯров аз қишлоқи Шунук Сталинград фиристода шуд. Ӯ дар дивизияи 37-уми тирандоз вазифаи снайперчӣ ва разведкачиро адо мекард. Давлат бо корнамоҳояш дар байни ҳамяроқонаш чун мергани уқобчашм ва разведкачии ҷасур ном баровард.
Боре ӯ ҳангоми як задухӯрд, бо фашисте даст ба гиребон шуд.Чуноне ки худи ӯ дар дафтари хотираҳояш қайд кардааст “Вақте, ки ман ба ҷанги тан ба тан баромадам,ҳангоми занозанӣ ҳарду ба замин афтодем. Қариб монда буд, ки фашист ғалаба кунад, аммо ба ман меҳри халқу Ватан қувва бахшиду ман ғолиб баромадам”.
Оре, Давлат Ашуров дар ҷангҳо бисёр қаҳрамониҳо нишон дода, соҳиби ордену медалҳои ҷангӣ гардидааст.
Пас аз Ғалаба Давлат Ашуров ба қишлоқи Батош баргашта ба халқу Ватан хизмат намуд. Барои аҳли диёр номи нек боқӣ гузошт. Дар айни камолоти умр ин дунёи фониро тарк намуд.Ҳоло ҳам мардум ӯро бо некӣ ёд меоранд.Аз он кас 9 фарзанд боқӣ монданд.
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист.
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро
(Саъдӣ)
Кенҷаев Эргаш
(1913-1992)
Соли 1913 дар қишлоқи Шунук дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, дар мактаби нави Шӯравӣ таҳсил кардааст, соли 1939 ба хизмати сарбозӣ даъват шуда, дар ҷанги СССР ва Финляндия иштирок кардааст. Баъди ҷанги Финляндия хизматро давом додааст.
Аз рӯзҳои аввали саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар набардҳои мудофиавии армияи сурх иштирок карда, корнамоиҳо нишон додааст.
Нақл мекунанд, ки Эргаш Кенҷаев дар муҳорибаи Сталинград баъди ҳалок шудани камандири взвод фармондеҳии онро ба ӯҳда гирифта, ба взвод як муддат хуб роҳбарӣ мекардааст.
Баъд қисмашон дар иҳота монда, ба асорат меафтанд. Эргашбой аз асорат гурехта, ба тарафи аскарони сурх мегузарад. Лекин ӯро ба баталёни ҷаримавӣ дохил карда, азоб медиҳанд. Аз ҳоли вай офитсер огоҳ шуда, ӯро наҷот медиҳад ва баъд аз Ғалаба ӯро ба Тоҷикистон гусел мекунад.
Ӯ дар қишлоқи Қадиҷӯйбор то охири умр зиндагӣ кардааст. Эргашбойро дар деҳа ҳамчун як шахси маслиҳатгар, раис ва қаҳрамони ҷанг мешиносанд. Соли 1992 аз олам чашм пӯшид. Аз он кас се нафар духтар боқӣ монданд.
Ватан то, ки бимонад ҷовидона,
Дар оғӯши чу ҳар як қаҳрамонат.
Биомӯзам ҳамеша қаҳрамонӣ,
Зи ҳар як қаҳрамони ҷовидонат.
Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону бадан беҳтар?”
Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар,Ватан беҳтар!
Таҳияи Фароғат Толибова.