“Бодиринг”-и Носов дар баҳси маҳфили “Фурӯғ”
Ҳикояи хурдакаки Николай Носов бо номи “Бодиринг” дар тарҷумаи нависандаи кӯдакон Азизи Азиз имрӯз дар барномаи “Фуруғ”- и шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳлил шуд. Ин тарҷума дар нашрияи “Ворисони Сомониён” имсол ба нашр расида аст.
Асли ҳикоя ба забони русӣ дар шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Хонандагони ин шӯъба, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат меварзанд, ин гуна китобҳоро зиёд мутолиа мекунанд. Барои ширкат дар барнома хонандагони мактабҳои ноҳияву шаҳрҳои дигари кишвар низ масофаи зиёдеро тай намуда омадаанд, аз ҷумла 3 нафар хонандаи мактаб аз шаҳри Ҳисор ва як нафар аз ноҳияи Данғара танҳо ба қасди ширкат намудану донишашонро такмил додан ҳамроҳи модарашон омада буданд.
Аз таҳлилҳои мантиқиву огоҳонаи бачаҳо бармеомад, ки онҳо ҳикояро хондаву ҳадафи нависандаро ба хубӣ дарк намудаанд ва аз ҳикоя барои худ чизе гирифтаанд. Дар рафти маҳфил нависандаи кӯдакон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Азизи Азиз аз аҳамияти тарбия низ сухан гуфта, ба наврасон таъкид намуд, ки ТЕЛЕФОНУ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ НАВРАСОНРО ХУМОРӢ МЕНАМОЯД, КИ ХАЛОСӢ АЗ ОН МУШКИЛ АСТ. Аз ин рӯ, гуфт адиби маъруф, дар мактаб шогирдонро иҷозаи телефон гирифтан намедиҳанд ва дуруст ҳам мекунанд. Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёна ҳатто бояд соати дастӣ надошта бошад, зеро хонанда ҳар сония ба он нигоҳ хоҳад андохт ва таваҷҷуҳаш аз дарс канда мешавад. Барои таҷриба пагоҳ ҳамаатон дар дастатон соат бандеду ба дарс равед. Дар ҷараёни дарс хоҳу нохоҳ ҳар лаҳза ба соат нигоҳ мекунед: 10 дақиқаи дарс гузашт, 15 дақиқа гузашт, 30 дақиқаи дигар монд…Бояд дасту кисаи хонанда холӣ бошад.
Гардонандаи барнома ҳини таҳлили ҳикоя ба мавзӯи тарбияи шогирдони мактаб низ дахл карда гуфт, ки китоб хондани кӯдакон аз падар вобаста аст. Падар барои фарзандаш бояд китоб биёраду мӯҳлат бидиҳад. Агар дар замони муайяншуда онро нахонд, китоби дигаро ҳам ба ӯ бидиҳад, ки инро ҳам бихон. Ӯ аз суханони Расул Ҳамзатов дар “Доғистони ман” мисол овард: “ПАДАРАМ МАРО БА КУРСӢ МЕБАСТ, КИ КИТОБ ХОНАМ“. Хондану илм омӯхтан дар синни шумо ихтиёрӣ нест. Иҷборӣ аст. Мо бузургсолони бояд шуморо ё бо сухани нағз, ё бо танбеҳ ё ҳар воситаи дигар ба хондан ҷалб кунем.
“Бодиринг” ҳикояи хурдакаки ибратомӯзест, ки аз ду саҳифа иборат аст. Қаҳрамони он писаракест бо номи Котка. Котка ҳамроҳи ҳамсолонаш аз полез бодиринг медуздад ва модараш ӯро сарзаниш карда маҷбур мекунад ки бурда бодирингҳои дуздидашонро ба посбони боғ бидиҳад…
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.