Бойгонии Китобхонаи миллӣ боз бо 80 китоби чопи брайлӣ ғанӣ шуд

Аловиддин ва чароғи сеҳнокСозмони ҷамъиятии Иттиҳодияи маъюбони «Меҳрбахш», ки бо шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон пайваста ҳамкорӣ дорад, ахиран як теъдод китобҳои тозанашри брайлиро ба ин Муассиса тақдим намуд. Назира Толибова, мудири шуъбаи мазкур гуфт,ки аз ҷониби ин созмон панҷ номгӯ китобҳои чопи брайлӣ ба теъдоди 80 адад тақдим шуд. Вай афзуд, ки ғанӣ шудани бойгонии шуъба бо китобҳои брайлӣ як дастоварди муҳим барои Китобхонаи миллист, чун муштариёни ин гуна китобҳои зиёданд, вале номгӯи онҳо кам.

Дар қатори китобҳои дарсӣ аз фанҳои гуногун як силсила китобҳои бадеӣ низ барои нобиноён туҳфа шуданд. Акнун хонандагони ин шуъба метавонанд ба осонӣ повести устод Айнӣ “Мактаби кӯҳна”, “Муаллими нахустин”-и Чингиз Айтматов, “Саёҳати Гуливери”-и Ҷонатан Свивт, “Панди бобо”-и Ғанӣ Ҷӯразода, “Кори нек купрук мешавад”-и Лутфӣ Саид, панҷ китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик”, “Аловиддин ва чароғи сеҳнок”-ро бихонанд.

Гуфтанист, ки ин китобҳо ахиран тибқи як лоиҳаи ҳамкорӣ миёни “Меҳрбахш” ва Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) чоп ва ба китобхонаҳои кишвар ройгон тақсим карда шуданд.

Maktabi-kuhnaТолори хониши шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд дар бойгонии худ китобҳои зиёд бо алифбои брайлӣ барои нобиноён дорад. Вале қисмати бештари онҳо солҳои пеш чоп шудаанд. Аммо китобҳои тозавуруд ба тозагӣ интишор ёфтаанд.

Дар айни замон шуъба 6929 адад китоб дорад, ки дар миёни онҳо китобҳо бо ҳуруфи брайлӣ ва “китобҳои гӯё” (аудиокитобҳо) бо забонҳои тоҷикиву русӣ ҷойи муҳим доранд.

Ёдовар мешавем, ки нобиноён ҳарфҳои алифбои брайлиро тавассути ламси ангуштон мутолиа менамяонд. Онро Луи Брайл –педагоги фаронсавӣ, ки дар сесолагӣ аз биноӣ маҳрум шудааст, ихтироъ намудааст. Ва дар 15-солагӣ аввалин алифбо барои нобиноёнро бо усули ихтирокарда ба анҷом расонд.

Раҳима БОБОЕВА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.