Бойгонии Китобхонаи миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 бо 59230 нусха адабиёт ғанӣ гардид

9-моҳаДар нуҳ моҳи соли 2025 ба  фонди  “Китобхонаи  миллӣ” 59230 нусха адабиёт ворид гардид. Аз он ҷумла: китобҳо 55132 нусха, маҷаллаҳо 1849 нусха, диссертатсияҳо 402 нусха, авторефератҳо  402 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ 50 нусха, нотаҳо 33 адад, изографикҳо 8 адад ва авторефератҳои хориҷӣ 1351 нусхаро ташкил намуданд, ки  ба қайд гирифта шуда, ба шуъбаҳои дахлдор равона карда шуданд. Инчунин, нусхаи ҳатмӣ 3000 нусха, сарчашмаҳои гуногун 2878 нусха, ба қайд гирифта шуд.

Адабиёти  туҳфашуда аз шахсони алоҳида 51049  нусхаро ташкил дод, ки ба ҳар яки он баргаҳо аз рўи сол, алифбо ва ҷои нашр навишта, дар феҳристи шуъба ҷо ба ҷо карда шуда, ба бахшҳои дахлдор равон карда шуд.

Аз сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ 496 нусха китоб ворид шуд. Ҳамчунин 531 нусха маҷаллаҳои обунавии ватанӣ ва 114 нусха маҷаллаҳои хориҷӣ ва 1204 адад  маҷаллаҳои  ҳатмӣ  ба қайд гирифта шуд.

Ба 58778 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (часпонидани штрих-код) сурат гирифт.

Тибқи мактубу дархостҳои вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ  дар соли  ҷорӣ ба миқдори муайяни 29 ҳазору 900 нусха китоб аз ҳисоби китобҳои бисёрнусхаӣ аз аҳолӣ тақдимшуда тариқи ройгон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шуд.

Дар ин муддат аз ҳисоби китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда 39021 нусха китоб коркард шуда, ба фонди асосӣ ва фондҳои ёридиҳандаи Китобхона супорида шуданд.

Ҳамчунин, дар ин давра кормандони шуъба 74 китоби тозаворид, 1 маълумот,  2 мавод дар бораи китобҳои туҳфашуда  омода намуда ба воситаи сомонаи интернетии Китобхона муаррифӣ намуданд.

То  1-уми октябри соли 2025 фонди хизматии Китобхонаи миллӣ дорои 3 миллиону 576 ҳазору 286 нусха китоб ва дигар маводи чопӣ мебошад.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.