Бонувони «Китобхонаи миллӣ» ва либоси миллӣ

Бонувони «Китобхонаи миллӣ»«Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону  хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем, либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед бегонапарастиро!».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миилӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин суханони арзишманди Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуда, тасмим гирифтанд аз моҳи март то 31-ум майи соли 2025 дар ҷои кор либоси тоҷикӣ ба бар кунанд. Ва ба ин восита фарҳангу анъанаи хуби тоҷикӣ ва ифтихороти миллиро тарғиб намоянд.

Бонувони Муассиса иқдоми “Тоҷикона мепӯшем”-ро низ хуш пазируфта, дастгирӣ намуданд ва чанде пеш бонувони мо дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ иқдоми “Тоқикона мепӯшем”-ро баргузор намуданд.

Дар иртибот бо либоси миллӣ соли сипаришуда Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳияи лоиҳаи либосҳои миллӣ-тавсиявӣ арзишҳои миллиро ба назар гирифта,ҷаласа доир намуда, гурӯҳи корӣ таъсис дод.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мавриди либосҳои миллӣ ҷаласае бо гурӯҳи корӣ доир намуда буд.

Ин ниҳод ҳамчунин «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро нашр  намудааст, ки тибқи бахши 11-уми он «барои духтарон ва занон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису  тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд, либосҳое, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия дода намешавад».

Раҳима Аъзам, бахши матбуот в аробита бо ҷомеа.