Боз 7 нафар кормандони ғайритахассусии Китобхонаи миллӣ давраи омӯзишии ихтисосиро хатм карданд

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи навбатии омӯзишии такмили ихтисоси кормандони ғайритахассусӣ дар боби «Фаъолияти иттилоотии китобдорӣ ва библиографияшиносӣ», ки аз 27.04.2026 то 21.05.2026 идома дошт, бо муваффақият ҷамъбаст гардид.

Курси мазкур тибқи нақшаи кории Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ  дар доираи барномаи такмили ихтисоси кормандони ғайри соҳаи китобдорӣ баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва такмили малакаҳои касбии иштирокчиён дар самти фаъолияти библиографӣ, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати хидматрасонии иттилоотӣ ба хонандагон ба шумор меравад. 

        Ба кормандаон дар ин давра Сайфиддин Камолзода, муовини директори Китобхонаи миллӣ, Ҷамил Валиев, муовини сардори шуъбаи илми-методӣ ва таҳқиқотӣ Фароғат Толибова, сардори шуъбаи кўдакон ва наврасон ва Садбарг Дӯстова, сардори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ дарс гузаштанд.  

Зимни омўзиши курси мазкур иштирокчиён бо асосҳои назариявии библиография, қоидаҳои тавсифи библиографӣ, тартиб додани феҳристу картатекаҳо, таҳияи дастурҳои библиографӣ ва усулҳои муосири ҷустуҷӯву коркарди иттилоот шинос гардиданд

 Қисми амалии давраи омӯзишӣ ба таҳияи рўйхати адабиёт, феҳристҳои мавзўӣ ва дигар маҳсулоти библиографӣ бахшида шуда, шунавандагон имконият пайдо намуданд, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.

  Ин давраи омӯзишӣ 9 нафар кормандони китобхонаро фаро гирифт ва дар санҷиши ҷамъбастӣ 7 нафари онҳо иштирок намуда, аз омӯхтаҳои худ имтиҳон супурданд. 

    Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ дар Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  минбад низ идома хоҳад кард ва чунин гуна курсҳо метавонанд ба рушди қобилият ва малакаи касбии кормандони соҳа ва такмили фаъолияти библиографӣ ва таҳкими фарҳанги иттилоотӣ мусоидат намояд.  

Фирӯза Маҳмадҷонова, 

мутахассиси пешбари Маркази таҳсилот ва иноватсияҳои китобдорӣ