Боздиди хонандагон ва омӯзгорони мактаби №8-и ноҳияи И. Сомонӣ аз Китобхонаи миллӣ

maktabi-8-i-nohiyai-i.-somony14-уми апрел омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 26 нафар шогирдони худро ба саёҳати Китобхонаи миллӣ оварданд. Аксари онҳо касоне буданд, ки бори аввал ба ин бинои бошукуҳу ин кохи китоб омада буданд. Ҳадаф шиносоӣ бо шароити Китобхона буд.

Роҳбаладони Шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ онҳоро бо толорҳои хониш ошно карданд. Бо тарзи пайдо кардани адабиёти лозимӣ ва фармоиши китоб шинос намуданд.

Чун онҳо хонандагони мактаби миёна буданд, баъди ошноӣ бо нуқтаи сабти ном ва узвият ба китобхона, вориди толори хониши кӯдакон ва наврсон шуданд. Бо масъулини ин шуъба ҳамсуҳбат гаштан ва ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Ва баъдан вориди дигар толорҳои хониш гаштанд. Барояшон донистани он ки Китобхонаи миллӣдорои толоре мебошад, ки шахсони имконияташон маҳуд дар он китоб мехонанд, хеле ҷолиб буд.

Хонандагон ҳамзамон бо толорҳои электронӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, библиографияи миллӣ ва ғайр шинос шуданд.

А. Ниёзова, мутахассиси шуъбаи
тарғиб
ва барномаҳои фархангӣ.