Боздиди намояндагони ВАО аз бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Субҳи имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва бо мақсади густариши ҳамкориҳои иттилоотӣ ва шиносоии бештари намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ ба бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пресс-тур ташкил намуд. Ин сафари матбуотӣ таҳти роҳбарии Раиси Иттифоқи журналистон Зинатулло Исмоилзода ҷараён гирифта, дар он намояндагони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳо иштирок намуданд.
Бино бо назардошти фаъолияти кормандони ҲХДТ дорои шароитҳои муносиб буда, дар толорҳои барҳавои он ҷаласаву анҷуманҳои ҳизб ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор карда мешаванд. Иштирокчиёни пресс-тур сараввал аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд.
Роҳбалади Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меҳмононро бо таърихи таъсисёбии Ҳизб, марҳилаҳои ташаккул ва фаъолияти он дар давраҳои гуногун аз наздик шинос намуд. Дар Осорхонаи Ҳизб намунаҳои ҳуҷҷатҳои таърихӣ, аксҳо, нашрияҳои даврӣ ва дигар маводи бойгонӣ муаррифӣ гардидаанд, ки саҳми Ҳизбро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар инъикос менамоянд.
Осорхонаи ҲХДТ бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис додаву мавриди истифода қарор ёфтааст. Он дорои 15 бахш аст. Дар бахши аввали он, ки “Таърихи ниёгон ва даврони Шӯравӣ” унвон дорад, мусавварае басо пурмуҳтаво бо занҷираи шоҳону бузургони миллати тоҷик сароғоз аз Куруши Кабир ва дар анҷом Исмоили Сомонӣ таҷассум ёфтааст. Мусаввара бозгӯи таърихи куҳан ва ниёгони тамаддунофару соҳибтамаддуни миллати мост.
Бахшҳои дигари Осорхона низ ҳар яке мавзӯи хосро инъикос менамоянд, ба монанди “Истиқлоли давлатии Тоҷикистон”, “Аз таърихи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, “Фарҳанги Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО”. Ҳамзамон, намояндагони васоити ахбори омма бо фаъолияти нашрияҳои ҳизбӣ «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» шинос шуданд. Шиносоӣ бо ин гӯшаи зебову таърихнигор хеле мутаассир ва хотирмон буд.
Пас аз ошноӣ пайдо кардан бо Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқоти иштирокчиёни сафари матбуотӣ бо муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода баргузор гашт.
Зимни суханронии худ муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода доир ба дастовардҳои замони истиқлол ва марҳалаҳои давлатдорӣ суҳбат намуд. Ин мулоқоти судманд бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки дар мадди назари сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти кишвар бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам 
Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама манфиатҳои миллӣ қарор доранд.
Дар идомаи суҳбат ин сафари матбуотӣ боз як заминаи мусоид барои таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд миёни Иттифоқи журналистон ва ҲХДТ арзёбӣ гардид.
Гуфтан бамаврид аст, ки аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба якояки иштирокдорон китоби “ҲХДТ – чароғафрӯзи роҳи халқ” тақдим гашт. Дар китоб маҷмуи мақолаҳои илмӣ-публитсистӣ ва шеърҳои аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таи солҳои муайян масъулиятҳои ҳизбиро ба зимма доштанд, гирдоварӣ шудааст.
Махфират МУҲИДДИНОВА, Китобхонаи миллӣ