Божена Немсова кист ва ё китобе аз ӯ ба тоҷикӣ тарҷума шудааст?
Як афсонаи русӣ аз Божева ном адиби чех хондам, ки писандам омад. Оё ба тоҷикӣ ҳам осори ӯ тарҷума шудааст? Умуман дар бораи ин адиб донистан мехостам.
Мунира Асадова, сокини шаҳри Душанбе.
Ба суоли хонанда Саломат Якубова, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд посух медиҳад.
**** **** ****
Божена Немсова нависандаи забардаст ва асосгузори насри муосири чех буда, 4 феврали соли 1820 дар Вена чашм ба олам кушодааст. Солҳои 1826-1833 аз сабаби ҳамроҳи модар кўч бастанашон дар мактаби Ческа-Скалитсе таҳсил намудааст.
Соли 1837 бо корманди назорати андоз Йозеф Неметс издивоҷ карда, соҳиби сор фарзанд шудааст, ки насабаш аз ҳамин хонадон аст. Бо шавҳари худ солҳо дар Маҷористон ва Словакия низ умр ба сар бурдааст. Аммо ин оиладорӣ бебарор анҷом ёфтааст. Тирамоҳи соли 1861 бо сабабҳои сиёсӣ шавҳари худро тарк намуда, ба шаҳри Литомишл мекўчад ва дар он ҷо гирифтори бемории вазнин ва дучори мушкилоти молиявӣ мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, ба кулбаи фақиронаи худ, ки дар қарияи Пршикоп воқеъ буд, баргашта, бар асари беморию фақр чашм аз олам мепўшад.
Ўро дар оромгоҳи Вишеград ба хок супурдаанд. Барои поси хотири ў астероиди 3628, ки 25 ноябри соли 1979 аз тарафи мунаҷҷими чех Зденка Ваврова кашф шудааст, номгзорӣ шудааст.
Божена Немсова ба адабиёти чех сараввал чун шоир ворид шуда, нахустин шеъри ў «Занони чех» ном дошт. Ў тадриҷан ба навиштани осори публитсистӣ машғул шуд. Ин бонуи сохибқариҳа асосан дар насри бадей, алалхусус, дар эҷоди афсонаҳо шуҳратёр шудааст. Солҳои 1845-1847 силсилаи «Афсонаву ривоятҳои халқӣ»-ро тадвии намуд, ки дар эҷодиёти ў ҷойгоҳи махсус доранд.
Ҳикояҳои «Барушка», «Карл» ва «Хоҳарон» ўро чун нависандаи соҳибистеъдод муарифӣ намудаанд. Повести “Модаркалон»-и Божена Немсова аз нахустин асарҳои бо усули воқеъгарой эҷодшуда дар адабиёти чех маҳсуб меёбад. Нависанда повести худ «Деҳаи кўҳӣ»-ро аз беҳтарин асарҳои хеш арзёбӣ намудааст. Асарҳои дигари Божена Немсова “Барраи ваҳшӣ» (1856), «Инсони хуб» (1858), «Кулба дар кўҳ» (1858), «Дар қалъа ва наздик қалъа” (1858), «Афсонаҳои словакӣ» (1857-1858) ва «Ҷаноби муаллим» дар рушдӣ адабиёти муосири чех мусоидат намуда, бо забонҳои гуногуни олам тарҷума ва нашр ва нашр шудаанд.
Хушбахтона, имрӯз хонандаи тоҷик имкон дорад, киба замони модарии худ афсонаҳои ин адиби соҳибзавқро бихонад. Соли 2024 нашриёти “Адиб” китоби ӯро бо номи “Афсонаҳои заррин ва симин” нашр кард.
Мо дар кутоҳтарин фурсад намунае аз ин афсонаҳоро ба таваҷҷуҳи хонандагони худ мерасонем.
Саломат Якубова, Сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.