Бозомўзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон дар ҷумҳурӣ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Бозомўзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон дар ҷумҳурӣ: вазъ ва дурнамои рушди он» бо иштироки роҳбарият, коршиносони соҳа ва кормандони Китобхона баргузор гардид.
Мизи мудавварро муовини директори Китобхона Маҳмудов Гадобек оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Гадобек Маҳмудов дар идомаи суханронӣ зикр кард, ки талаботи рўзафзуни соҳаи китобдорӣ ба кадрҳои нав, ки қобилияти истифодаи технологияи муосир дар раванди хизматрасонӣ ба хонандагонро доранд, зарурияти ташкил ва рушди системаи бозомўзии касбии кормандони соҳаи китобдориро тақозо мекунад. Масъалаи такмили ихтисос ва бозомўзӣ дар шароити имрўза воқеан омили муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинии мазкур муовини директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ фарҳанг ва иттилоот Комилзода Шарифҷон, директори нашриёти «Ирфон» Ғуломзода Қурбон ва номзади илмҳои педагогӣ Шосаидов С. доир ба вазъи имрўзаи такмили ихтисос ва бозомўзии китобдорон ибрози андеша намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ мубодилаи афкор миёни меҳмонон ва кормандони Китобхона сурат гирифт.
Теги: Шуъбаи такмили ихтисос