Бузургон андар ситоиши Камоли Хуҷандӣ

«Ақлу заковат, покизагӣ ва меҳру муҳаббати Шайх Камол дар дилу дидаи сокинони ин шаҳр (Хуҷанд) ва ба таври умум дар сар то сари Тоҷикистон таҷаллӣ ёфтааст. Дарахти андешаҳои башардўстонаи Шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд».

Эмомалӣ Раҳмон

       «Камол устоди бузурги забон аст. Ӯ дар аксар байтҳои худ як ё ду сухани думаънидор ё ки чандмаънидорро чунон устокорона кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт пурра мебарояд».

Садриддин Айнӣ

        «Камоли Хуҷандӣ яке аз барҷастатарин устодони назм мебошад. Ғазалҳои ў равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзўъ ва мазмуни худ ғазалҳои Ҳофизро, ки Камол бо вай робитаи дўстӣ доштааст, ба хотир меоранд. Комёбии бас пурарзиши ин давра (асри ХIV) ғазалиёти  Ҳофиз ва Камол буданд».

Бобоҷон Ғафуров

        «Бо вуҷуди фикр ва баланд будани мазмун хеле сода, равон ва ҳамафаҳм будани забони шеърҳояш натиҷаи ҳамин маҳорат аст. Дар аксарияти байтҳои Камол санъати лутф, яъне, бамавқеъ ва устодона ба кор бурдани суханҳо ду ё чанд маънидор мешавад».

Абдусалом Деҳотӣ

         «Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ”.

 Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

         «Вақте ки Ҳофиз ба байти сеюм (Гуфт сар дар биёбони ғамаш хоҳӣ ниҳод, Ташнагонро муждае аз мо бибар», Гуфтам: «Ба чашм») ном ғазали Камол мерасад, ўро ҳолати аҷибе фаро мегирад ва мегўяд: «Воқеан, пояи ин мард бисёр баланд аст».

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

         «Вай дар латофати сухан ва диққати маонӣ ба матрабаест, ки беш аз он мутасаввир нест».

 «Баҳористон»- и Абдурраҳмони Ҷомӣ

Камоли Хуҷандӣ. Фаслномаи илмию адабӣ

№ 1 (21),2020. С.90

        «Дар эроди амсол ва ихтиёри баҳрҳои сабук ба қофияҳо ва радифҳои ғариб, ки саҳли мумтаниънамост, татаббуъ аз Ҳасани Деҳлавӣ мекунад, аммо он қадар маонии латиф, ки дар ашъори вай ҳаст, дар ашъори Ҳасан нест.»

«Баҳористони»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ

Камоли Хуҷандӣ.Фаслномаи илмию адабӣ

 №1 (21), 2020, С  91

       «Вай  бисёр бузург будааст ва иштиғоли вай ба шеър ва такаллуф дар он сатру таблисро буда бошад. Балки мешояд, ки барои он буда бошад, ки зоҳир мағлуби ботин нашавад ва аз риояти сурати убудият бознамонад».

 “Нафосат-ул-унс» – и Абдурраҳмони Ҷомӣ

Камоли Хуҷандӣ, Фаслномаи илмию адабӣ

№ 1 (21),2020, С.91

          Ба Ҳофиз шуд намоён дар ин замон ҳоли Камоле,

          Чунки ба ҳол кард мадад Шайхи Хуҷандӣ.

Ҳофизи Хоразмӣ  

шоири бузурги адабиёти классикии тоҷик

        «Шоирони классики ўзбек Ҳофизи Хоразмӣ, Мавлоно Лутфӣ, Мавлоно Атоӣ, Амир Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммади Бобур ба Камоли Хуҷандӣ пайравӣ намуда, сабку услуби суханварии ўро дар адабиёти ўзбек васеъ паҳн намудаанд».

Абдуқодиров Абдусалом

профессор

        «Шакке нест, ки Камоли Хуҷандӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ҷойгоҳе вижаи махсусе дар шеъру ирфону ғазал аз миёни шоирони дигари форсизабон доранд».

 Рифъат Сулаймон

адабиётшиноси араб, профессор.

       «Дар бораи фирқаи ирфонии Шайх Камол ва муосири бузурги ў Хоҷа Ҳофиз нуқтаи назарҳои гуногун баён шудаанд, аз ҷумла, Шайх Камолро маломатӣ, нақшбандӣ, увайсӣ хондаанд. Ҳофизро ҳам асосан маломатӣ меноманд. Ба назари мо, дар таълимоти ирфонии Ҳофизу Камол ҳамаи ин фирқаҳо ва ҳолату суханони пешвоёни онҳо камтар ё бештар нақш доранд»

                                                            Насриддин Абдулманнон

                                                                                   профессор

                                        Куллиёти осор. Дар ҳафт муҷаллад.-Ҷ1

                                        -Хуҷанд.Хуросон,2013, – 608 с.

Аз китоби “Суханат олам гирифт”, ки соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст. Ин китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд ва хонандагон онро метавонанд дар ҳар толори хониш фармоиш ва мутолиа намоянд.

Шарофат Мирзоева