Бузургонро бузургон зинда медоранд. Нодир Шанбезода дар бораи Муҳаммадҷон Раҳимӣ

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки шогирдон баъди ба устодӣ расидан аз устодони худ кам ба некӣ ёд мекунанд ва ё кӯшиш мекунанд музаффарияту комёбиҳои худро марбути заҳмати касе надонанд, балки танҳо талоши пайваставу омӯзиши худ ба қалам оранд. Кам ҳодисаеро ёд дорем, ки адиби ба камолрасида ё олими муваффақ ошкор аз ёриҳои бедареғи устодаш ёд кунад ва ҳатто иқрор шавад, ки фалон достонам ё повесту румонам ё асари илмиам ба шарофати таҳриру таҳлили устодам ба ин поя расид.

Албатта, на ҳама чунинанд. Ҳар касе хотираҳои устод Абдулҳамид Самадро мехонад, ба ин нукта бештар пай мебарад. Устод кулли ҷузъиёти қадамҳои аввалини худ ба олами адабро бекаму кост дар китоби хотироташон овардаанд ва хурдтарин дарси касеро, ки як ҳикоя ё повесташонро хондаву таҳрир кардааст ё маслиҳат додааст, ба қалам додаанд.

Ҳамкорамон Фараҳнози Тоҳирхон аз маҷаллаи “Садои Шарқ” хотираи шоири маъруф Нодир Шанбезодаро дар бораи устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ хондаву китобат кардааст, то дигарон низ аз он баҳра бардоранд. Ҷолибтарин нукта дар ин хотирапора он аст, ки Нодир Шанбезода аз заҳматҳои Муҳаммадҷон Раҳимӣ тавре ёдовар шудааст, ки муҳаббати хонандаро ба чунин як устоди сахтгир, вале меҳрубону ғамхор бедор мекунанд. Ин мақола, ки дар “Садои Шарқ” 56 сол пеш чоп шудааст, чеҳраи Муҳаммадҷон Раҳимиро чун як инсони вораставу дулсӯз ва донишманди закиву пуркор намоён месозад.

Ҳоло онро бо ҳам мехонем.

ДӮСТИ БЕРИЁ

Ман бо устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ бори аввал дар соли 1935, дар соле, ки ҳанўз тамоман як ҷавони навқалам будам ва ба ёрии амалӣ аз рафиқони дигар зиёдтар мўҳтоҷӣ мекашидам, шинос шудаам.

Ёд дорам, пас аз он ки моҳи ноябри соли 1935 нахустин достонам «Химча ва Набот» дар рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» чоп шуда баромад, Раҳимӣ маро самимона табрик кард ва бо мулоиматӣ гуфт, ки достон хуб аст, аммо аз ҷиҳати шеърият нуқсонҳо дорад, агар розӣ бошам, вай тайёр аст, ки онро бо ҳамроҳии ман таҳрир карда барояд. Албатта, ман, ки худ толиби ин кор будам, изҳори ризомандӣ кардам. Он гоҳ устод Раҳимӣ соати корро муқаррар кард ва ҳар рўз баъди кор мо дар хонааш чор-панҷ соат нишаста, машғули таҳрири достон мешудем. Кори мо аз понздаҳ рўз бештар давом кард. Азбаски ман ҳанўз ниҳоят камтаҷриба будам, аз қоидаҳои арўз чандон хабар надоштам, эродҳои ҳаққонии устодро ба тезӣ сарфаҳм рафта наметавонистам, баъзан баҳси мо қариб ба муноқиша оид мешуд.

Ман чанд бор аз ин кор сахт дилгир шуда, кам монда буд, ки аз шеъру шоирӣ тамоман безор шуда, баромада равам, лекин Раҳимӣ намонд, тоқат мекард ва бо сабурӣ ғалатҳои маро фаҳмонда медод. Ба ҳамин тариқ, мо корро ба охир расондем. Дар ҳамон вақт ман ба ҳеҷ кас чизе нагуфтам, лекин дар дилам бисёр тааҷҷуб доштам ва ҳайрон будам, ки он одам барои чӣ бо ман ин қадар занозанӣ мекунад. Танҳо пас аз чандин сол фаҳмидам, ки эродоти Муҳаммадҷон Раҳимӣ комилан дуруст будаанд. Ғайр аз ин, он баҳсу мунозираҳо ба ман як мактаби адабӣ шуда, бисёр қоидаҳои шеърнависӣ ва нозукиҳои санъати шеъриро аз Раҳимӣ омўхтам.

Дар аснои яке аз сўҳбатҳои дўстона дар хонаи устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ ман ба саҳви гузаштаам иқрор шуда, ба ў ташаккур гуфтам. Раҳимӣ китоби «Матлаъ – ул – улум ва маҷма- ул – фунун»-ро ба ман тақдим карда маслиҳат дод, қоидаи арўзро беҳтар омўзам. Ман ҳам ваъда додам, ки албатта, то қувват дорам, чизҳои заруриро меомўзам, ваъдахилофӣ накарда то ҳоло ҳам омўхта истодам ва минбаъд ҳам меомўзам.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба дўстонаш ниҳоят ғамхору меҳрубон буд. Дар соли 1936 сардори главлити Тоҷикистон шуда кор мекардам. Дар кўчаи Орҷоникидзе, аз биное, ки нависандагон истиқомат мекарданд, ба ман ҳам як хоначаи хурд дода буданд. Раҳимӣ дар ҳамон бино хона дошт ва директори Фонди адабӣ (Литфонд) буд. Ман дар охири моҳи май хонаамро қуфл зада, барои таҳсил ба Москва рафтам ва пас аз се моҳ баргаштам. Поезд пагоҳӣ ба Душанбе расид, ман фойтуне  киро  карда ба хона омадам. Ба дари хона расида, дидам ки қуфлашро дигар  кардаанду калиди ман он қуфлро намекушояд.  Хеле  ҳайрон шудам ва ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки худи гап дар чист.

Аз ҳамсоягонам пурсидам, гуфтанд, ки мо чизе намедонем. Фақат ҳамин қадараш маълум аст, ки ин хона хонаи Раҳимист, зиёда аз як моҳ аст, ки он кас дар ин ҷо иқомат доранд. Ман бо шунидани ин хабар ба ғазаб омадам ва ҳаргиз фаҳмида натавонистам, ки барои чи ин тавр шудааст ва дар ҳайрат будам, ки чаро дар вақти набуданам хонааамро зер карда гирифтаанд. Тоқат карда натавониста ба ҷўстуҷўи Раҳимӣ бародарам. Дар сарам танҳо ҳамин фикр буд, ки агар бо Раҳимӣ дучор оям, якбора аз гиребонаш дошта, хуб диламро холӣ мекунам ва дурусттар танбеҳашро медиҳам. Хеле кофтам, вале  Раҳимиро  наёфтам. Ман дигар аз кофтуков ва пиёда ба ҳар тараф давутоз кардан даст кашида, соатҳои панҷи бегоҳӣ қарор додам, ки чойхонаи боғи шаҳр равам, камтар дам гирифта, чое бинўшам ва баъд ба хона равам, то он вақт шояд Раҳимӣ ҳам аз ягон ҷо пайдо шавад.

Ба чойхона омада нишастам, ба кунҷу канораш назар давондам, ки шояд Раҳимиро бубинам. Дар ҳеҷ ҷо наменамуд. Машғули чойнўшӣ будам, хаёлам парешон буд. Баногоҳ аз тарафе Раҳимӣ пайдо шуда омаду ба ман салом дод ва ба сўям даст дароз намуд. Ман сари калобаамро гум кардам ва чи гуфтанамро нафаҳмида мондам. Ҷавоби саломашро ҳам бо дилгармӣ надода, аз ҷоям хестаму бо дили нохоҳам ба Раҳимӣ даст дароз кардам. Пас аз мулоқот мо ба тарафи хона равон шудем. Дар роҳ ман қариб ҳеҷ гап назадам. Раҳимӣ ҳар чизе, ки аз ман мепурсид, мухтасар ва нофорам ҷавобаш дода, ба рўи вай ҳатто нигоҳ ҳам намекардам. Ба ҳамин тариқ, ба ҳавлӣ расидем, ман аз ғояти ғазаб ҳатто пурсидан наметавонистам, ки барои чи ў қуфлро канда хонаамро гирифтааст. Раҳимӣ пешопеш ва ман аз қафои вай рост ба хонае омадем, ки аз они Раҳимӣ буд. Домулло калиди хонаро бароварда, дарро кушоданд ва ҳамроҳ дохили хона шудем. Бинам, ки хона бисёр хушсифат таъмир шуда, деворҳои нақшин дорад ва тамоми асбобу анҷоми хонаам дар ҳамин ҷост. Ман ҳайрон шудам ва чи гуфтанамро надониста тамошо мекардам, ҳатто суратҳои нисбатан калони худам ва ҳамсарамро дар ҷои муносиб ба девор овехтаанд.

Пас аз қадре сукут Муҳаммадҷон Раҳимӣ гуфт:

Шанбе, ман пас аз ба Москва рафтанат фикр кардам, ки шумо одами оиладор, хонаатон хурд, ман одами танҳо. Ин ҷо ду хона ва ошпазхона ҳам дорад. Барои ҳамин аз фурсат истифода бурда, хонаро таъмир карда ба шумо додам. Чизу чораи худамро ба он хона ва чизу чораи шуморо ба ин ҷо гузаронидам.

Рости гап, ман аз ин ғамхорӣ ва баландҳиматии Раҳимӣ ба андозае дар хиҷолат мондам, ки ҳамон лаҳза ҳатто иқтидори изҳори ташаккур ҳам надоштам. Раҳимӣ калиди хонаро ба ман доду баромада рафт. Болои диван нишастам ва чи тавр ба хоб рафтанамро надониста мондам. Соати дувоздаҳи шаб бедор шудам, осоре аз хастагии сафар дар вуҷудам боқӣ намонда буд. Аз нав худамро мазаммат мекардам, ки чаро ба дўсти ғамхорам миннатдорӣ изҳор накардам. Не ман ҳақ надоштам, ки дар ин бора худамро мазаммат кунам. Барои чӣ? Пеш аз ҳама барои он ки ман то он вақт аз тарафи ҳеҷ кас ба ин андоза ғамхорӣ, ҷавонмардӣ ва баландҳимматиро надида будам ва то кунун ҳам, ки аз ин ҳодиса сиюду сол гузашттаст, нисбат ба худам ба худам аз касе ба ин андоза ғамхорӣ надидаам.

Баръакс, ҳамон шаб ман аз рафтори худ хеле хурсанд будам. Ман, ки як одами табиатан камтаамул ва камсабрам, вақти дучор омадан бо Раҳимӣ, аз чи сабабе бошад, инро ҳоло ҳам намефаҳмам, ҷангу ҷидол накардам ва танҳо ҳамон вақт маънии зарбулмасалро: «Сабр талх аст, вале меваи ширин дорад» дурусттар фаҳмидам.

Дар зарфи сиюсе сол ба ғайр аз шеърҳои алоҳида достони дуюми ман «Насрин ва Мансур»- ро ҳам, ки соли 1952 навишта будам ва ҳаҷман хеле калон аст, устод Раҳимӣ таҳрир карда буд. Ман достони мазкурро ба охир расонида ба Иттифоқи нависандагон фиристодам. Мирсаид Миршакар, ки он вақт котиби Правленияи Иттифоқи нависандагон буд, онро ба баъзе рафиқон хонданӣ мондааст. Маро даъват карданд, ки достонро дар ҳузури худам муҳокима кунанд. Ба Душанбе омадам (он вақт дар Хоруғ истиқомат доштам), бо як тақризи сарсарии рафиқ Ҷалол Икромӣ достонамро гардонда доданд. Раҳимӣ боз маро ба хонааш бурд, як ҳафта бо ҳам нишаста, достонро таҳрир карда баромадем…

Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар шеъру шоирӣ ба бисёр рафиқони дигар ҳам ёриҳои фоидабахш расонида, дар инкишофи назми советии тоҷик хидмате кардааст. Хидматаш дар олами илму адаб шоёни таҳсин аст. Агарчи набзи ин шоири тавоно, устоди сухан дар айни ҷўшу хурўши кораш аз задан монда бошад ҳам, осори гаронбаҳои ў бо халқи қадрдонаш зинда аст. Ба қавли устод Лоҳутӣ:

Инсоф нест, мурда мехонам, ки то абад,
Зиндааст дар ҷаҳон асари ҷовидони ман.

Устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ дўсти бериё ва хеле ғамхор буд ва ман ўро ҳамин тавр, то рамақе аз ҷон дорам, ёд мекунам.

Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№1

Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.