Бузургонро бузургон зинда медоранд. Саттор Турсун дар бораи Иноят Насриддин
Ду адиби маъруф имрӯз зодрӯз доранд. Устод Саттор Турсун ва Иноят Насриддин. Устод Иноят 13 сол пеш, дар як рӯзи гарми тобистон тарки олам кард. Вале аз худ мероси гаронбаҳо дар қолаби достонҳои кутоҳу пйесаҳо мерос гузошт. Ва ин ду адиб дар як рӯз, дар як русто ба дунё омадаанд. Хотираҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон дар бораи ҳамдеҳа, дӯст ва ҳамсолу ҳамқалами худ:
– Ману дӯсти бачагиам Иноят Насриддин дар як рӯз таваллуд ёфтаем. Баъде, ки калон шудем, зану фарзанд доштем ва ҳатто соҳибнабера ҳам будем. Вай ҳангоми сӯҳбатҳоямон гоҳо шӯхиомез ба сӯям теғ кашида менигаристу мегуфт: -Ту ҷим шин, ҷим шину ба гапам гӯш деҳ. Куҷост инсоф, ту, охир, аз ман як соат хурдӣ! Мо механдидем, чунки ҳамин гуна гуфтор низ аз беғашии муносибатҳои мо шаҳодат медод.
Бачагии мо ба Иноят Насриддин тавре гузаштааст, ки худро дар он айёми дур ҳамакора гӯем ҳам, мешуд. Аз кӯҳ ҳезум мекашидем, аз кон ба харҳоямон ангишт бор карда меомадем, аз даштҳои байни силсилаталҳои зодгоҳамон Бойсун (дар қадим Басванд) таппак мечиндем, каҳу хас меғундоштем, гову гӯсфанд мепоидем, дар боғҳоямон побел мекардем, девор мезадем, андова мекардем, аз рӯди дур ба харҳоямон дутоӣ фляга бор карда, барои сарфи хонадон ҳар саҳар об меовардем ва ғайраву ғайра…
Умуман, ҳама ташвишеро, ки дар рӯзгорамон буд, мисли калонсолон батоқат мекашидем, аммо дар баробари ин мо, ҳамсинфон- Саиднеъматулло ( ҷояш ҷаннат шавад, ӯ аз олам гузашт), Хадича, ки то динаҳо омӯзгор буд, Иноятулло, ва банда нағз мехондем. Мутолиаи китобро он қадар дӯст медоштем, ки ҳатто ба молбонӣ ҳам китоб дар зери каш мерафтем. Дар китобхонаи мактаб қариб китобе набуд, ки ману Иноятулло нахонда бошем. Шояд шавқи навиштан дар дили мо аз ҳамон айём хона гузошта буд. Ба хусус ки боре ӯ дар зери айвони хонаамон вобаста ба кадом ҳодисае гуфт:- Биё, ҳикоя менависем. Ман ҳайрон шудам. Чӣ ин хел тарсида- тарсида нигоҳ мекунӣ? Ҳикоя ҳамин ҳикоя –дия! Вай инро гуфту як чойқуттиро чаппа монда, аз он «миз» сохта, аз пештахтаи тиреза дафтару қалами маро гирифта, фармон дод:
– Навис! Осмонро булут гирифта буд… Ва дуру дароз ба хаёл рафт, ҳоло ёд надорам, ки баъд мо боз чиҳо навиштем, аммо то ҳол аз ёдам намеравад, ки дар аввалин иншои мо ба ҷойи «абр»-и тоҷикӣ «булут»-и ӯзбекӣ омада буд. Охир, дар деҳаи ҳамсоя ба мо ӯзбекҳо мезистанд! Сониян, вақте «ҳикоя» менавиштем, тахмин хонандаи синфи ҳафт ё ҳашт будем.
Пас тақдир моро ба Душанбе овард. Иноятулло аз ман пештар омада, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехонд. Ман баъдтар ба Донишгоҳи давлатӣ (имрӯз миллӣ дохил шудам). Тадриҷан ҳар ду низ ба қалам сари кор гирифтем. Хидмати Иноят Насриддин дар рушди журналистикаи тоҷик ва то аз дасташ омад, дар насри тоҷик низ арзанда аст. Лекин журналистӣ гоҳо ба носир халал мерасонад, аз ин рӯ, шояд баъзе нақшаҳояшро дар насри бадеӣ амалӣ карда натавонист дӯсти ман, аммо вай ҳалолкор буд, дили беғубор дошт, ҳамсарашро, фарзандонашро бисёр дӯст медошт, ба рафиқон, ҳамкасбон ва хешу табор вафодор буд.
Афсӯс мехӯрам, ки дӯсти бачагии ман бемаҳал аз ин дунё рафт. Вақте ӯро зуд-зуд ба ёд меорам, гуфтаи халқ низ ба дард аз дилам мегузарад:
-Куртаро наваш хуб аст, дӯстро куҳанаш!
Манбаъ: Сомонаи Ит.Нависандагон