Чанд ғазали ноби Зебуннисо аз китоби нави “Самандари ишқ”
Китоби “Самандари ишқ” гулчини ғазалҳо шоирбону-Зебуннисо буда, соли 2024 дар нашри ёти “Адиб” чоп шудааст. Мураттиб, муҳаррир ва муаллифи сарсухану тавзеҳот Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарами Ҳотам аст. Чанд ғазал аз ин китоб интихоб кардаем, умедворем мувофиқи табъи хонандагони азиз хоҳад буд.
***
Мурғи дилро гулшане беҳтар зи кўи ёр нест,
Толиби дидорро завқи гули гулзор нест.
Ҳар киро дар пои дил занҷир аз зулфи ту нест,
Гар чи он Мансур бошад, маҳрами асрор нест.
Гарчи сар то пои ман дард аст, аммо синаро
Мисли дарди ҳаҷр аз дарди дигар озор нест.
Гуфтам, аз ишқи бутон, эй дил, чӣ ҳосил кардаӣ?
Гуфт, моро ҳосиле ҷуз нолаҳои зор нест.
Не зи шодӣ шод бошам, не зи ғам озурдаам,
Пеши аҳли дида фарқе дар гулу дар хор нест.
Чанд резӣ хуни дил, Махфӣ, барои маҳвашон,
Рехтан бар хок гулро шеваи аттор нест.
***
Бода нўшем, вале аз кафи ҷононаи маст,
Нашъаи хос диҳад суҳбати ҳамхонаи маст.
Нест дар суҳбати девона раҳи аҳли тараб,
Офият металабӣ, рав бари фарзонаи маст.
Ҳама афтодаву махмури харобот шудем,
Пур кун, эй соқии ҳушёр, ту паймонаи маст.
Боғбон миннати маҳтоб макаш дар шаби тор,
Шамъи гулзор бувад наргиси мастонаи маст.
Пеши асҳоби хирад то ба кай аз бехирадӣ
Нақли маҷлис кунӣ, эй маст, ту афсонаи маст.
Зи маломат намаке бар дили афкор задам,
Пистаи шўр бувад лозими бегонаи маст.
Махфӣ аз файзи ҷунун шеваи ҳушёр гирифт,
То хирад боз кунад суҳбати девонаи маст.
***
Нест меҳробе диламро ҷуз хами абрўи дўст,
Ҳар касеро қибла бошад, қиблаи мо – рўи дўст.
Матлаби дигар надорам з-омаду шуд дар чаман,
Мекунам умри гиромӣ сарфи ҷустуҷўи дўст.
Гўш кун, эй дил, зи ман ҳарфе, чу дур дар гўш кун,
Қути рўҳ омад шунидан ҳарфи гуфтугўи дўст.
Дар шиканҷи зулф мурғи дил чунон гирад қарор,
К-аз насими ғамза гардонад парешон мўи дўст.
Гар биранҷад халқи олам аз ту, Махфӣ, бок нест,
Бошад як сў умеди лутф агар аз сўи дўст.
***
То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,
Мурғони чаманро ба раҳи гул назаре ҳаст.
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
Бинишин нафасе булбули шўрида, ки имрўз
Бо нолаи зори дили ман ҳам асаре ҳаст.
Гаҳ шарбати васлат ба лаби ташна надоданд,
Бемори ғами ишқи туро чашми таре ҳаст.
Чашмам ба раҳи қофилаи бўи висол аст,
Дар кўи ту аз боди сабо то хабаре ҳаст.
Бедод макун ин ҳамаро бар дили Махфӣ,
Андеша намо, ғайри ту ҳам додгаре ҳаст.
***
Дур бод аз тан саре, к- ороиши доре нашуд,
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Кори мо охир шуду охир зи мо коре нашуд,
Мушти хоки мо ғубори кўчаи ёре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Солҳо хуни ҷигар дар нофи оҳу шуд гиреҳ,
Мушк шуд, аммо чӣ шуд, холи рухи ёре нашуд…
Ҳайф бар аммомаи зоҳид, ки бо сад печу тоб
Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд.
Ёр агар бо ғайр гардад ҳамнишин, эй дил, маранҷ,
Ғунчае нашкуфт дар гулшан, ки бе хоре нашуд.
Рўзу шаб дар зери чавгони қазо гардад чу гўй,
Ҳар саре як дам, ки бар зонуи дилдоре нашуд.
Бо кӣ гардад доғи сар то пой ранги шохи гул,
Дар назар то ҷилваи товусрафторе нашуд.
Дар хиёсат сар чӣ сон берун кунад аз ҷайби хок,
Синаи ҳар кас, ки доғи лоларухсоре нашуд,
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебунисо, ўро харидоре нашуд.
Хонандагони азиз китоби “Самандари ишқ”-ро метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Зарина ЗИЁВУДДИНОВА, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.
.