Чанд маълумоти ҷолиб оид ба пиряхҳо

пиряхҳоМоҳи декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул карда буд. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.

Дар ин замина мехоҳем якчанд маълумоти ҷолибро оид ба пиряхҳо пешкаши хонандаи гиромӣ гардонем.

Пирях гуфта, тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Заминро номанд, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамтои табиӣ ва манбаи оби ширини сарзамини Мовароуннаҳр, ба хусус кишварамон Тоҷикистон аст.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад.

Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.

Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд: дар Муғсу – 1004, Бартанг – 269, Қизилсу (Шимолӣ) – 280, Ғунд – 1349, Мурғоб – 879, Зарафшон – 1227 ва Хингов – 756 пирях мавҷуд аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳои калонтарин инҳоянд: Федченко [651,7 км², тӯлаш 77 км], Грумм Гржимайло [160 км², тӯлаш 36,7 км], Бивачний [197 км², тӯлаш 27,8 км], Гармо [153 км², тӯлаш 27,5 км], Савуқдараи Калон [69 км², тӯлаш 25,2 км], Ҷамъияти Географӣ [81,8 км², тӯлаш 21,5 км], Гандо [55 км², тӯлаш 22,5 км], Зарафшон [41 км², тӯлаш 27 км].

Гузашта ва имрӯзи пиряхҳо

… Ях ба монанди ҷараёни оби дарё доим дар ҳаракат аст. Ҳаминро бояд хотиррасон кард, ки пиряхҳо хеле суст ҳаракат мекунанд.

Умуман, ях маҳсули боришҳо буда, аз барф ба вуҷуд меояд. Олимон муайян кардаанд, ки дар қисмати Антарктидаи Марказӣ аз барф ба вуҷуд омадани ях ба 20 миллион сол баробар аст.

Дар ин муддат 2 фоизи масоҳати ҳамаи яхҳои кураи Замин қисман ба пиряхҳои кӯҳӣ мубаддал гаштаанд. Бояд гуфт, ки аҳамияти ин пиряхҳо барои обёрии ноҳияҳову вилоятҳои наздиктар калон аст. Олимоне, ки ба ин соҳа сару кор доранд, ба хулосае омадаанд, ки масоҳати пиряхҳои кӯҳҳои Помир, Қафқоз ва Алп ҳар сол рӯ ба коҳиш меоранд.

Бузургшавии пиряхҳои Антарктида 20 миллион сол тӯл кашидааст. Ногуфта намонад, ки он вақтҳо сатҳи оби уқёнус бисёр баланд будааст ва яхбандии Антарктида 20 миллион сол қатъ нашуда, балки инкишоф ёфтааст. Пиряхҳои қутбӣ (арктикӣ) ва кӯҳмонанд чандин бор ба вуҷуд омадаву нобуд гаштаанд.

Масоҳати пиряхҳои кураи Замин алҳол 16 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ин қариб 112 баробари масоҳати Тоҷикистон аст.

Яхҳо тақрибан масоҳати 30 миллион километри мураббаъро ишғол кардаанд. Агар ҳамаи пиряхҳои Антарктида ва Гренландия об шаванд, он гоҳ сатҳи уқёнусҳо то 60 м баланд мешавад ва аз ин ҳодиса бисёр шаҳрҳои ҷаҳон зери об мемонанд.

Пиряхҳои кӯҳӣ чӣ гуна тағйир меёбанд?

Барои ҷавоб ба ин суол пиряхи аз ҳама калонтарини Помир – Федченкоро (дарозиаш 77 км, бараш 1700-3100 м, масоҳаташ 1000 километри мураббаъ, ғафсиаш 800 м ва миқдори оби нӯшокиаш 400-500 километри мукааб) мисол мегирем. Тартиби тағйирёбии пирях ба ивазшавии мавсимҳо алоқамандии зич дорад. Олимон мушоҳида кардаанд, ки дарозии пирях ноаён тағйир меёбад ва фарқи дарозии пирях дар ҳолати васеъшавию фишурдашавиаш кӯтоҳ буда, ба 200 м баробар аст. Вазни пирях ҳам дар тӯли 3 даҳсола каме тағйир ёфтааст. Аз соли 1928 то 1958 ин пирях 54 миллион метри мукааб ҳаҷми худро аз даст додааст. Дигаргуншавии ҳаҷм ва шакли пиряхҳо номунтазам буда, ногуфта намонад, ки аз се чоряки ҳаҷми гумшудаи пирях ба солҳои 1928-1946 рост меояд.

Сабабҳои номунтазам тағйирёбии пиряхҳоро олимони шӯравию ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд.

САРЧАШМА: Ҳомидов Д.Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин / Рисолаи докт. илми филол. – Душанбе, 2018. – С. 138. – 470 с. (тоҷ.)

(С. Тоҳиров, рӯзномаи «Ҷумҳурият», 31.10. с.1991, №211, баргирифта аз китоби Н. Ашӯров, С. Тоҳиров. Об – зиндагӣ).

Таҳияи  Манучеҳр Шарифов,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.