Чанд панди судманд аз Хоҷа Ҳофиз
Ҳама корам, зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз он созанд маҳфилҳо?!
*****
Зи рӯйи дӯст дили душманон чӣ дарёбад?!
Чароғи мурда кучо, шамъи офтоб куҷо?!
*****
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?!
*****
Ҳадис аз мутрибу май гӯиву рози даҳр камтар чӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо!
*****
Ба хулқу лутф тавон кард сайд аҳли назар,
Ба банду дом нагиранд мурғи доноро!
*****
Чу бо ҳабиб нишиниву бода паймоӣ,
Ба ёд ор муҳиббони бодпайморо!
*****
Даҳрӯза меҳри гардун афсонаест афсун,
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор ёро!
*****
Ойинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро!
*****
Ай соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо!
*****
Саркаш машав, ки чун шамъ аз ғайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мум аст санги хоро!
*****
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мудоро!
*****
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро!
*****
Анқо шикори кас нашавад, дом бозчин,
К-ин ҷо ҳамеша бод ба даст аст домро!
*****
Дар айши нақд кӯш, ки чун обхур намонд,
Одам биҳишт равзаи доруссаломро!
*****
Дар базми давр як-ду қадаҳ даркашу бирав,
Яъне, тамаъ мадор висоли мудомро!
*****
Ай дил шабоб рафту начиди гуле, зи айш,
Пиронасар бикун ҳунаре нангу номро!
*****
Сабр кун, Ҳофиз, ба сахтӣ рӯзу шаб,
Оқибат рӯзе биёбӣ комро!
*****
Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нуҳ
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро!
*****
Ҳар киро хобгаҳ охир ба ду муште хоб аст,
Гӯ, чӣ ҳоҷат, ки бар афлок кашӣ айвонро?!
*****
Бирав аз хонаи гардун бадару нон маталаб,
К-ин сияҳкоса дар охир бикушад меҳмонро!
*****
Ҳофизо май хуру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро!
*****
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо!
*****
Чу бехуд гашт Ҳофиз, кай шуморад
Ба як ҷав мулкати Ковусу Кайро?!
*****
Хуфта бар санҷоби шоҳӣ нозанинеро чӣ ғам,
Гар зи хору хора созад бистару болин ғариб?!
*****
То дар раҳи пирӣ ба чӣ ойин равӣ, ай дил,
Боре ба ғалат сарф шуд айёми шабобат?!
*****
Ҳофиз, аз даст мадеҳ суҳбати ин киштии Нуҳ,
В-арна тӯфони ҳаводис бибарад бунёдат!
*****
Аз ин работи дудар чун зарурат аст раҳил,
Равоқу тоқи маишат чи сарбаланду чи паст!
*****
Мақоми айш муяссар намешавад бе ранҷ,
Бале, ба ҳукми бало бастаанд аҳди аласт!
*****
Ба ҳасту нест маранҷон замиру хуш мебош,
“Ки нестист саранҷоми ҳар камол, ки ҳаст!”
*****
Ба болу пар марав аз раҳ, ки тири партобӣ
Ҳаво гирифт замоне, вале ба хок нишаст!
*****
Дило, тамаъ мабур аз лутфи бениҳояти дӯст,
Чу лофи ишқ задӣ, сар бибоз чобуку чуст!
*****
Маранҷ аз Ҳофизу аз дилбарон ҳифоз маҷӯй,
Гуноҳи боғ чӣ бошад, чу ин дарахт наруст?!
*****
Бодаҳоре, ки дар ӯ ҳеҷ риёе набувад,
Беҳтар аз зуҳлфурӯше, ки дар ӯ рӯю риёст!
*****
Фарзи Эзад бигузорему ба кас бад накунем,
В-он чи гӯянд раво нест, нагӯем равост!
*****
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост!
*****
Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?!
*****
Хилватгузидаро ба тамошо чӣ ҳоҷат аст?!
Чун кӯйи дӯст ҳаст, ба саҳро чӣ ҳоҷат аст?!
*****
Ҷоми ҷаҳоннамост замири мунири дӯст,
Изҳори эҳтиёҷи худ он ҷо чӣ ҳоҷат аст?!
*****
Он шуд, ки бори минати маллоҳ бурдаме,
Гавҳар чу даст дод, ба дарё чӣ ҳоҷат аст?!
*****
Ғуломи ҳимати онам, ки зери чархи кабуд
Зи ҳар чӣ ранги таалуқ пазирад, озод аст!
*****
Маҷӯ дурустии аҳд аз ҷаҳони сустниҳод,
Ки ин аҷуза арӯси ҳазор домод аст!
*****
Ғами ҷаҳон махуру панди ман мабар аз ёд,
Ки ин латифаи ишқам зи раҳраве ёд аст!
*****
Ризо ба дода бидеҳ в-аз ҷабин гираҳ бикшой,
Ки бар ману ту дари ихтиёр накшода-ст!
*****
Нишони аҳду вафо нест дар табассуми гул,
Бинол, булбули ошиқ, ки ҷои фарёд аст!
*****
Ҳасад чӣ мебарӣ, ай сустназм, бар Ҳофиз?!
Қабули хотиру лутфи сухан худод аст!
*****
Минбаъд чӣ суд, ар қадаме ранҷа кунад дӯст,
К-аз ҷон рамақе дар тани ранҷур намондааст!
*****
Мо оби рӯи фақру қаноат намебарем,
Бо подшаҳ бигӯй, ки рӯзӣ муқаддар аст!
*****
Розе, ки бари халқ нагуфтему нагӯем,
Бо дӯст бигӯем, ки Ӯ маҳрами роз аст!
Аз китоби Ҳофизи Шерозӣ: “Насиҳат гӯш кун, ҷоно…”,
Душанбе, 2008, таҳияи Баргигул Наботова.