Чанд сухан дар бораи китоби “ Феҳристи асрҳои маркази «Тоҷикшиносӣ»-и китобхонаи Миллӣ (2014-2024)”

Феҳристи асрҳои марказиДоқтори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфуллоҳи Муллоҷон дар мақолаи муқаддимавии китоб мегӯяд, ки ҳар нашрияи таҳқиқӣ, ки мунташир мешавад, ҳадафи мушаххас дорад, ки муҳимтарини ин аҳдоф боз кардани саҳифаи наве дар арсаи пажӯҳиш ва ҷалби таваҷҷуҳи аҳли фазлу донишу пур кардани халои маънавист.

Дар гузашта шоҳиди он будаем, ки маҷаллаву моҳномаву гоҳномаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ба майдон омада, рӯзе чанд ҷилва карданд, вале бо гузашти замон ранг бохтанд ва басо ки масири илмро як сӯ гузошта, ба минбари даъватҳои сиёсӣ ё афроди шабеҳ ба донишманд қарор гирифта, имрӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуданд. Ҷаҳоне, ки мо дар он ба сар мебарем, ҳар замон дар ҳоли таҳаввулу дигаргунӣ буда, ба ҷойи китобу маҷалла ҳар рӯз навиштаҳое дар шакли электронӣ падид меоянду вориди зеҳну андешаи мардумон қарор мегиранд. Имрӯз меъёри эътироф шудан дар муҳити илмӣ-фарҳангӣ дигар на тиражи як нашрия, балки бавуҷуд овардани иртиботи маънавии пойдор бо мухотабон аст.

Ҳабдаҳ сол муқаддам бо ҳиммати Китобхонаи милии Тоҷикистон Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва ба дунболи он нашри силсилае таҳти унвони «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) ба миён омад, ки ҳадафи он муаррифии пешинаи таърихӣ ва ироаи таҳқиқоти арзишманде дар заминаи таъриху фарҳанги мардуми тоҷик буд. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ ва афзудани тамоюлоти бегонапарастиву дур шудан аз мероси азими фарҳангӣ ва кӯшишҳои доираҳои фурсатталаби дохиливу хориҷӣ дар роҳи ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ давлати Тоҷикистон ва қишри равшанфикри ҷомеаро бетараф нагузошт. Дар ин замина силсилаи тадбирҳо андешида шуданд, ки яке аз онҳо нашри осори бузурги таърихӣ роҷеъ ба таъриху фарҳанг ва забону суннатҳои дерини аҷдоди тоҷикон ҳамчун мардуми бумии минтақа башумор меравад. Зеро тоҷикони бумӣ бо он ҳама ғановати фарҳангиву таърихӣ дар миёни кишварҳои минтақа вазъияти истисноӣ дошта, ниёзи бештар баҳри соҳибӣ кардани ин мероси фарҳангӣ доранд.

Осоре, ки бо ҳиммати Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва талоши донишмандону коршиносон ба нашр расид, бо истиқболи гарм рӯ ба рӯ гардид, ки пуштивонаи муҳкаме барои идома додани ин тадбир аст. Муҳимтарин ҳадаф, ки барқарорсозии иртиботи маънавӣ бо хонанда буд, ба даст омада, даҳҳо тақриз нашр гардиду сипосномаҳое низ ба унвони марказ ворид шуд. Умед аст, ки ин роҳи дуруст дар масири хештаншиносиву огоҳии миллӣ идома ёбад ва камиву костиҳои нашрҳои аввал дар нашрҳои баъдӣ такмил гардад…

Хоҳишмандон китоби “Феҳристи асарҳои Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ (2014-2024)”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.