Чанд сухан дар бораи шарқшиноси рус Виктор Коргун
Самтҳои асосии таҳқиқот: омўзиши муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна, таърихи муосир, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, масъалаҳои динӣ ва этникӣ дар Афғонистон. Муаллифи зиёда аз 200 мақола.
***** ***** *****
Коргун Виктор Григоревич 14 майи соли 1940 дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба дунё омадааст.
Коргун Виктор Григоревич шарқшиноси рус, доктори илми таърих (2000), профессор, хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёти форсии Институти забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Васильевич Ломоносов, устоди Донишкадаи ҳарбии забонҳои хориҷӣ (1968-71), аспирант (1972-75), ходими илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (аз 1975), котиби илмии Комиссияи муаррихони Иттиҳоди Шўравӣ ва Афғонистон, иёлати Небраскаи ИМА (1991-2001), аз 2001 то ҳол мудири шуъбаи афғонистонии Маркази омўзиши кишварҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёнаи Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Руссия, ҳамзамон профессори кафедраи таърихи Шарқи Наздик ва Миёнаи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав, кафедраи кишваршиносии Донишгоҳи ҳарбии забонҳои хориҷии Вазорати мудофиа (2001-2005) ва кафедраи шарқшиносии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии ВКХ Федератсияи Руссия (2009).
Самтҳои асосии таҳқиқот: омўзиши муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна, таърихи муосир, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, масъалаҳои динӣ ва этникӣ дар Афғонистон. Муаллифи зиёда аз 200 мақола.
Коргун Виктор Григоревич 4 январи соли 2014 дар Маскав вафот кардааст.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 573.
Муаллиф Қ. Расулиён
Таҳияи Аниса Набиева,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.