Чаро И. С. Брагинский китоби “Дувоздаҳ лавҳа”-ро навишт? Эътирофи худи олим

Иосиф Самуилович БрагинскийИн мақола 58 сол пеш дар маҷаллаи “Садои Шарқ чоп шудааст. Иосиф Самуилович Брагинский- доктори илмҳои филология (1954), профессор (1955), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1964), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1955), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1974) дар бораи се навъи асосии равобити адабӣ сухан ронда, сабаби рӯи чоп омадани китобаш “Дувоздаҳ лавҳа”-ро низ баён кардааст. Ин мақолаи хеле кутоҳ арзиши мутолиа ва истифодаро дорад.

****    ****    ****

Таҷрибаи беш аз ҳазорсолаи тараққиёти адабиёти тоҷик то андозае ғанӣ ва гуногуншакл аст, ки барои омӯхтани ҳама гуна равобити адабӣ имконият медиҳад. Се навъи асосии равобити адабиро қайд кардан мумкин аст: равобити ирсӣ, тамосӣ ва шабеҳӣ (типологӣ). Равобити ирсӣ дар байни адабиёти миллатҳои ҳамнажод зоҳир мешавад. Маълум аст, ки аҷдоди тоҷикон, эрониёни бостонӣ ирсан бо ҳиндувони қадима қаробат доштанд.

Бо туфайли ин дар байни чунин асари бостонии халқҳои эронинажод Готҳои Зардушт ва Ведҳои ҳинду алоқаи ирсиро мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки дар Готҳо на танҳо осори қаробат, балки осори аз ҳамдигар дуршавии ин ду шохаи дар гузаштаи дур як қабила мушоҳида мешавад. Масалан эрониёни бостон неруҳои некро бо мавҳуми охура, ки “ҳукмрон”, “ҳоким” гуфтан аст, ифода мекарданд, бинобар ин ҳам номи худо дар Готҳо “Оҳура Маздо” мебошад, ки маънояш “Ҳокими ақли кул” аст. Нируҳои зиштро эрониён дев меномиданд. Аммо дар “Ведҳо”-и ҳиндуҳои бостон баръакс, барои онҳо нируи нек-дева ва нируҳои зишт,-асура, яъне аҳура мебошад.

Равобити шабеҳиро дар мисоли адабиёти форсӣ, – аз замонаи Рӯдакӣ то Ҷомӣ дида метавонем. Ин назм аз ҷиҳати мушобеҳот, бешубҳа, ба назми Петрарка ва умумман шоирони давраи таҷдиди Аврупо ҳамранг аст. Китоби ман “Дувоздаҳ лавҳа” маҳз ба собит намудани ин даъво ба миён омадааст. Дар охир равобити тамосӣ дар мисоли алоқаҳои адабиёти тоҷику ӯзбек ба назар мерасад. Дар ин бобат алалхусус ҳамкории Ҷомӣ ва Навоӣ ҷолиби диққат аст. Аммо навъи олии равобити адабиро, ки маҳз дар мисоли таҷрибаи адабиёти  тоҷик омӯхтан мумкин аст, қайд кардан мехоҳам. Ин хел равобитро синтези адабӣ номидан ҷоиз аст, чун ки дар ин ҳолат дар асари барҷастаи шоире ду анъанаи адабие, ки онҳо дар назари аввал гўё гуногун ва аз ҳам дур менамоянд, ба ҳам пайваста, яктаркиб ва ё хўлаи  наверо ба вуҷуд меоранд. Ба ин “Девони ғарибию шарқӣ”-и Гёте мисол шуда метавонад. Аммо тафаҳҳуми синтези адабиро эҷодиёти шоирони алоҳида, гарчанде онҳо хеле бузург бошанд ҳам, пурра дар бар гирифта наметавонанд. Синтези адабиёти халқҳои шарқу ғарб ҳанӯз то солшумории милод дар адабиёти эллинӣ ба вуқӯъ пайваста буд; дар осори адабиёти арману гурҷӣ ҳам чунин синтез нақш бастааст. Мунаққиди бузурги рус Белинский беҳуда нагуфтааст, ки адабиёти рус танҳо баъд аз он ки беҳтарин анъанаҳои адабиёти Аврупоро синтез намуда, қабул кард, адабиёти миллӣ ва бузург шуд. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки дар адабиёти рус ҳам нақши синтези адабӣ мушоҳида мешаванд.

Ҳоло мо шоҳиди онем, ки дар вусъатободи Ватани сотсиалистиамон адабиёти ягонаву гуногунмиллат, адабиёти аз анъанаҳои гуногуни халқҳои Шарқу Ғарб ташаккулёфта ба вуҷуд омада истодааст. Чунин синтез дар адабиёти тоҷик ҳам тазоҳҳурот дорад. Эҷодиёти устод Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро мисол мегирем. Магар дар осори онҳо анъанаҳои миллии шарқӣ ва таъсири анъанаҳои адабиёти русро мушоҳида намекунем! Эҷоди онҳоро бе осрои Саъдӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз, Аҳмади Дониш ва дар баробари ин бе эҷодиёти Горкию  Маяковский ва Пушкину Толстой тасаввур кардан маҳол аст. Инро дар ҳаққи ҳамаи шоирону носирони намоёни тоҷик гуфтан мумкин аст. Ман на танҳо идеали сотсиалистиро, ки ба ҳамаи нависандагони советӣ қатъи назар аз миллияташон яксон илҳом мебахшад, балки он синтези адабии хусусиятҳои хос доштаеро, ки дар давоми тараққиёти ҳазорсолаи адабиёт ба нависандагони беҳтарини дунё илҳом мебахшид ва акнун бо қувваи махсусе дар адабиёти советӣ, аз он ҷумла дар адабиёти тоҷик, зоҳир мешавад, дар назар дорам.

Ман ин ҷо масъалаи равобити адабиро хеле мухтасар баён намудам, чунки ҳаҷми мақола ба шарҳи муфассали он имконият намедод. Ман бо ин қайдҳои мухтасари худ мехоҳам, ки ба муносибати даҳаи маданияти рус мулоҳизаҳои худро бо рафиқон арз бикунам, то ки ба ин васила он тағйироти бузургеро, ки дар зарфи панҷоҳ соли ҳокимияти советӣ рӯй додаанд, беҳтар тасаввур кунем.

Манбаъ: Садои Шарқ соли 1967 №4

Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ