Чаро Кайвони Қазвинӣ аз тариқати гунободия даст кашид?

китобАббосалӣ  (3.7.1861,  Шайхобод, Қазвин – 14.10.1938, Сулаймон –Дороби Рашт), муфассир, воиз, сӯфӣ ва мунаққиди тасаввуф. Пас аз сӣ соли хидмат ба тариқати гунободия (яке аз шохаҳои неъматуллоҳия), бино бар эътироз ба ҷонишинии меросӣ дар тариқати мазкур беадолатиҳое, ки дар он мушоҳида кард, аз он рӯ гардонид, даъвоҳои шайхҳои гунободияро ботил ва эътиқодоту амалҳои онҳоро аз назари ақливу нақлӣ нодуруст дониста, ба нақди тасаввуфи марсум пардохт. Рашид Ёсамӣ, Саъид Нафисӣ, Алии Даштӣ, Аббос Иқболи Оштиёнӣ аз ҷумлаи шогирдони ӯянд.

Аз Кайвони Қазвинӣ таълифоти бисёре боқӣ мондааст. Ӯ як тафсири арабӣ, ду тафсири форсӣ ва тарҷумаи Қуръон навиштааст. Муҳимтарин осори Кайвони Қазвинӣ: “Розгушо” – шомили посух ба 50 суол дар бораи ақоид ва одоби силсилаи гунободия, истилоҳоти суфиён, сабаби аз тасаввуфи марсум буридани ӯ; рисолаи “Беҳинсухан” – дар посух ба 12 пурсиш дар ҳамин мавзӯъҳо ва тавзеъи баъзе навовариҳои ӯ дар тасаввуф; рисолаи “Устувор” – дар баёни асоси тасаввуф, маънои ҳақиқии он, фарқи он аз тасаввуфи марсум, истилоҳоти тасаввуф, одоби марбут ба қутб ва мурид, баъзе асрори силсилаҳои тасаввуфӣ; “Ирфоннома” дар бораи ҳақиқати ирфон аз диди муаллиф; “Кайвоннома” – саргузаштномаи муаллиф аз даврони кӯдакӣ, таҳсил, устодон, шарҳи сафарҳо ва мулоқоту мубоҳисаҳое, ки бо суфиёну уламо доштааст. Девони шеър ва осоре дар бораи баъзе бузургони ирфону адаб низ дорад, аз ҷумла, шарҳи ҳоли Абусаъиди Абулхайр, шарҳи ирфонии баъзе рубоиёти Хайём.

Мухолифати Кайвони Қазвинӣ бо тасаввуфи марсум на фақат ба сабаби мақоми меросии шайхӣ ва қутбӣ, балки ба таври куллӣ иддиои қутбият аз сӯйи шайхони силсилаҳои тасаввуфӣ буд. Аз назари ӯ, киштии тасаввуф нохудо ё қутб надорад, зеро қутб бояд дар чаҳор ҷиҳати зер дар мурид тасарруф кунад, вагарна дуруғгӯ аст: зоил кардани иродаи гуноҳ аз дили мурид, табдили разилати ахлоқии ӯ ба фазилат, муҳкам сохтани эътиқоди динӣ ва маърифат ба Худо ва зудудани шак аз дили мурид ва ниҳоят, иртиқо додани мурид аз олами носут ба олами малакут. Мурид низ бояд омодагии тасарруфоти ботиниро дошта бошад. Ӯ он шахсони сӯфияро, ки муддаии се тасарруфи аввал ва шайхони силсилаи гунбодияро, ки муддаии ҳатто чаҳорумин тасарруф буданд, дурӯғгӯ ва дунёхоҳу ҷоҳталаб медонист. Ба сабаби мухолифати Кайвони Қазвинӣ бо тасаввуфи марсум бархе вайро муттаҳам ба иддиои қутбият, мубталои бемории рӯҳиву равонӣ, ҳатто майл ба баҳоия ва ваҳҳобия кардаанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 230.

Муаллиф: С. Маҳмадуллоҳ.

Таҳияи
Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ