Чаро устод Айнӣ ба Додоҷон Тоҷиев мактуби кушод навишт?

Ду рӯз қабл дар сомонаи худ мо мактуби кушоди устод Садриддин Айнӣ ба профессор Додоҷон Тоҷиевро интишор дода будем. Ин номаро забоншиноси маъруф Давлатбек Хоҷаев дар китоби худ “Инсони комил ва олими фозил”, ки ба ҳаёт ва фаъолияти профессор Додоҷон Тоҷиев бахшида шудааст, чоп карда буд.  Нома бидуни шарҳ чоп шуд ва дар идомаи мутолиаи китоби Давлатбек Хоҷаев мо посухи суоли чаро устод Айнӣ ба унвони Тоҷиев ин гуна нома навиштро пайдо кардем, ки дар зер меорем.

ЛУҒАТИ ДЕҲОТӢ ВА ТАҚРИЗИ УСТОД БА ОН

Соли 1971 буд. Дар пажўҳишгоҳи забону адабиёти АИ ҷумҳурӣ ҷаласаи ёдбуди 60 – солагии зодрўзи шоири шаҳири тоҷик Абдусалом Деҳотӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфили илмию адабӣ устод Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шукуров, Абдулқодир Маниёзов ва дигар адибону олимон ҳузур доштанд.

Устод Раҳим Ҳошим доир ба ҳаёт ва фаъолияти Абдусалом Деҳотӣ маърўза кард. Ӯ таъкид намуд, ки Абдусалом Деҳотӣ дар баробари шоир, нависанда, мутарҷим буданаш луғатдону забоншиноси барҷаста низ буд. Барои банда таъкиди фаъолияти забоншиносии Абдусалом Деҳотӣ аз ҷониби Раҳим Ҳошим барои олими шинохта як бурҳони қотеъ намуд ва рўзи дигар дар пайи ҷустуҷў ва ковиши ин ҷанбаи фаъолияти шоир шудам. Даставвал навиштаҳои қаламкашону олимонро, ки ба истиқболи 50-солагии Абдусалом Деҳотӣ дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расида буданд, аз назар гузаронидам. Ба дастам як мақолаи нависандаи шинохта Сотим Улуғзода хурд. Дар ин мақола низ танҳо ҳамон як нуқта – Абдусалом Деҳотӣ забоншинос ҳам буд, ба чашм расид. Баъд аз ин мактубҳои устод Айнӣ ба Абдусалом Деҳотӣ ва дигар адибонро мутолиа кардам. Дар баъзе аз ин мактубҳо низ ба ин нуқта – забондонию забоншиносии Абдусалом Деҳотӣ, ишораю таъкид шудааст. Дар охир мақолаи забоншиноси маъруфи тоҷик, академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов зери унвони «Абдусалом Деҳотӣ ва илми забоншиносии тоҷик» ба дастам расид, ки дар он чунин таъкид карда шуда буд: «Дар бораи корҳои илмӣ ва эҷодии дар ин соҳа (забоншиносӣ Д.Х)  кардаи ў (Абдусалом Деҳотӣ Д. Х) дар оянда корҳои тадқиқотии илмӣ гузаронидан лозим аст».

Ин таъкиди олими шинохтаи тоҷик бурҳони дуввуми қотеъ буд барои банда, ки ковишҳои шогирдонаи худро дар бораи хизматҳои адиби фидоии илму фарҳанги миллати тоҷик Абдусалом Деҳотӣ идома бидиҳам.  Хулоса, пас аз як соли ҷустуҷў баробари хатми донишгоҳ дар паҳлўи рисолаи дипломӣ як рисолаи мухтасаре ба унвони «Абдусалом Деҳотӣ ва баъзе масъалаҳои забони адабии тоҷик» навиштам, ки баъдтар бо ҳамин ном аз таъриқи нашрияи ҷамъият «Дониш» – и Тоҷикистон чоп гардид.

Ана, ҳамин рисола сабаб шуду боре банда аз устод Додоҷон Тоҷиев савол кардам.

– Муаллим, устод Айнӣ ба исми  шумо мактуби кушода доранд, оё, шумо шахсан бо устод шиносоӣ доштед, ё не?

 Устод Додоҷон Тоҷиев аз ин саволи банда, ки ба назари худам каме густохона ҳам намуд, андаке қиёфаашон ҷиддӣ гардиду чунин посух доданд:

– Не, ман бо домулло Айнӣ аз наздик ошноӣ надоштам, аммо маро мешинохтанд. Сабаби мактуби кушода навиштани домулло Айнӣ ин шуд, ки Абдусалом Деҳотиро барои таҳриру омодаи чоп сохтани луғати русӣ-тоҷикӣ ба мукофоти баланди давлатӣ пешниҳод карданӣ мешаванд. Ана дар ҳамон айём тақризи калони ман, албатта бо нияти холисона, афзуданд устод Додоҷон Тоҷиев, бо забони русӣ дар газетаи «Коммунист Таджикистана»  нашр мешавад. Дар тақриз баъзе эродҳо, маслиҳатҳои холисона ба мураттибон дода шуда буд. Шояд аз ин домулло Айнӣ андаке дар ғазаб омада, мактуби кушод навиштанд, зеро, илова карданд устод, домулло Айнӣ Деҳотиро дар нисбати дигар шогирдонашон бештар меписандиданд. Эродҳои устод Айнӣ, боз илова карданд устод Додоҷон Тоҷиев, дар мавриди баъзе қайдҳои банда дуруст буданд.

Баъди ин суханони устод Додоҷон Тоҷиев таъкидҳои устод Айнӣ ба масъулони нариётҳо ба ёдам омаданд, ки ҳамеша мегуфтанд: «Асарҳои ман баъди чопи мошинка ҳатман аз назари Деҳотӣ гузаранд».

Аз китоби “Инсони комил ва олими фозил”. Муаллиф Давлатбек Хоҷаев, Душанбе, соли 2015.

Таҳияи Шарофат Мирзоева