Чашмаи меҳр
Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Муборак, Рӯзи Модар, модари ман,
Туӣ хуршеди болои сари ман.
Маро меҳрат биҳишти нақд бошад,
Ду чашми туст ҳавзи Кавсари ман.
Дар ҷаҳон Модар ҳамон меҳварест,ки пиромунаш ҳама чӣ мечархад ва ҳама чӣ устувор мемонад. Ҳамонсон,ки маънову рўҳ ҷавҳари ҳақиқати Замину Осмон аст! Модар ибтидои зиндагист! Ҳама чӣ дар гирди Ӯ, дар ошёни хонадон даврон мекунад. Ҳама чӣ бо Ӯ пойбарҷост ва ҳама чӣ бо Ӯ бозмегардад! Байни Замину Осмон Модар ягона фариштаи ҳаётбахш аст. Чеҳраи гарми модар чун рӯи ҳурони биҳишт барафрўхта ва нигоҳи поку пурнураш пурмаъност.
Модарон отифаву олиҳаи рӯи Заминанд! Танҳо Модар дар ҳар мавриде аз ҳастии мо маро ғамхор аст. Бо ҳама шодиву андуҳи рӯзгораш бо ҷаҳон ҳамнавост. Дар баҳое он чӣ мекунад, аз фарзанд чизе намехоҳад ва ғуборе дар дил намегирад. Танҳо Модар аст, ки қалби моро таскин мебахшад ва сахтиҳоро бо мо қисмат мекунад.
Танҳо Модар ҳамеша фарзандро мебахшад ва гўё танҳо барои ҳамин ба дунё омадааст! Танхо сиришти поки Ӯст, ки давоми рўзгор барои рӯҳу ҷони фарзанд месӯзад! Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷони одамист! Муҳаббати бепоён ва навозиши гарми Модар сафобахши рӯзгор ва фонуси ҳаёти мост!
Калби Модар саршори муҳаббати поку беолоиш аст. Дунёи Модар рангину нотакрор аст. Оғӯши гарму хушбӯи Модар сарпаноҳ, дунёи бекарон ва биҳишти кӯдакиҳои мост! Оғӯши хушбӯву гарму нарме,ки сеҳрангезтар аз нури офтоби ҷаҳонтоб аст. Дар он тулўи Офтоб, партави моҳи мунир, дурахши ахтарон ва тамоми нафосату латофати гетӣ маъво дорад. Қалби Модар чашмаи софу булуринест, ки ҳаёт аз он сабзу шодоб мегардад.
Бо туфайли ҳастии Модар таровати ҷавонӣ, нишоту муҳаббат барои азизтарин нафарон эҳсос мешавад. Лаҳзаҳое, ки Модар бо ман аст, саодатмандтарин инсонам! Ширинтарин таронаи ҳастиро аз модари хушлаҳнам шунидам. Беҳтарин пандро аз Модар ёфтам!
Аллаи модар оҳангест, ки то вопасин нафас дар гӯшам садо медиҳад, қалбамро оромӣ мебахшад. Агар модарам ханда кунад, гумон мекунам Замину Осмон мешукуфад! Агар Модарам дар танӯр нон бандад, гумон мекунам ягон кас дар рӯи олам гушна намемонад!
Модари хушқоматам зеби хонаам, қуввати ҷонам, нури чашмонам! Қуввати дилам, сари баландам, давлати сарам Модар! Ту оне ҳастӣ,ки мехоҳам тамоми дору надорамро пеши поят нисор созам… Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми занону модарону занон қарзи фарзандӣ ва рисолати ҳар як инсони соҳибхирад аст. Мусалламан дар тамоми давраҳои таърихи халқи тоҷик қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ хеле баланд аст.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мақому мартабаи зани тоҷикро афзуд. Имрӯз занони тоҷик дар пешрафту тараққиёт ва саодати кишвар фаъолияти назаррас доранд ва нақши онҳо дар тамоми соҳаҳо назаррас аст. Зани тоҷик табиатан тарбиятгар ва бо хоксориву меҳрубонӣ марҳами дили дардмандон аст.
Имрўз низ саҳми занони соҳибкасбу донишманд дар бунёди ҷомеаи навин кам нест. Саҳми бонувон дар пешрафти тамоми соҳаҳо назаррас аст. Бо ин маънӣ масъулияти муҳиме бар дўш доранд. Ҳамзамон устувории оила аз сатҳи донишу хиради зан вобаста аст. Таманно мекунем,ки бонувони тоҷик, модарони ғамхор, хоҳарони азизу меҳрубон ҳамеша солиму тандуруст бошанд. Бигузор бонувони бомаърифат ва соҳибҷамоли тоҷик ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёр поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешасабзи Тоҷикистон зебову дилрабо бошанд !
Замину Осмони ман тӯӣ Модар, тӯӣ Модар,
Ҷаҳони бекарони ман тӯӣ Модар, тӯӣ Модар.
Дар ин дунё,ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман тӯӣ Модар, тӯӣ Модар.
О. Давронова.
Сармутахассиси шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон.