Чил сол пеш дар “Садои Шарқ”. Бобо Ҳоҷӣ. Нақизаҳо
Нақизаро метавон жанри дар ҳоли таназзул дар адабиёти муосири тоҷик номид. Мо кайҳост нақизаҳои хубу ҷолибро намехонем. Аммо дар гузашта шоироне доштем, ки дар навиштани нақизаҳо хеле мумтоз буданд. Яке аз онҳо шоири тавоно Бобо Ҳоҷӣ буд.
Ин чанд нақизаи шоирро аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, ки соли 1983, яъне чил сол пеш чоп шудааст, рӯнавис кардем.
ОРЗУ
Меҳрубониҳои ёрам мекушад,
Дилбари номеҳрубонам орзуст.
(Мастон)
Ҳар замоне ину онам орзуст:
Шири мурғу бўи ҷонам орзуст.
Аз гулўям нагзарад ошу кабоб,
Дўғу айрони шубонам орзуст.
Нест ҳоҷат бар лаби ширини ёр,
Бодаи талх аз касонам орзуст.
Мекушад охир маро гуфтори рост,
Табъи пасту норавонам орзуст.
Сер гардидам зи мадҳи дўстон,
Ҳарфи сахти душманонам орзуст.
Нарм бошад сабзаю себарга ҳам,
Роҳи асфалту бетонам орзуст.
Танг омад кофия дар шоирӣ,
Кори бе дарди миёнам орзуст.
ХАБАРИ ТОЗА
Мезанад бар фарқи ман дасте,
Мезанад бар рўи ман масте.
Мекунандам дар замин помол,
Пас дигар ман нестам ман…
Ман таваллуд мешавам рўзи дигар.
(Бозор Собир)
Ман дигар пешина шоир нестам,
Ман дигар Бозори Собир нестам.
Тору пуди шеърро аз нав танам,
Дар усули кўҳна қодир нестам.
Ман таваллуд мешавам рўзи дигар
Бо ҳавою нолаю сўзи дигар.
Майли кору ёри дигар мекунам,
Мешавам аъзои союзи дигар.
Хест ҳар субҳдам бо дасти рост,
Моҳии қисмат қапам бо шасти рост.
Остин барбаста дар бозори назм,
Аз суханчинҳо бигирам қасди рост…
Садои Шарқ соли 1983
Таҳияи Манзура Ҷомизода,
мутахассис пешбари
шуъбаи матбуоти даврӣ.