Чил сол пеш дар “Садои Шарқ”. Раҷаб Амонов Гёте ва як афсонаи халқии тоҷик

Иоганн Вольфганг фон Гёте ПисательДар ибтидои садаи ХIХ дар Германия бо номи “Фауст” асаре ба вуҷуд омад, ки дере нагузашта, шӯҳрат ёфт ва ҳамчун намунаи барҷастаи осори бадеӣ эътироф шуд. Баъдтар муаллифи он Иоганн Волфганг Гётеро Фридрих Энгельс “ муаззамтарин немис” номид. Дар шоҳасари Гёте ҷаҳонбинӣ, андешаву умедҳои шоири бузург бо тамоми амиқӣ ва вусъаташ ифода гардидааст. Қаҳрамони асар доктор Фауст равиши фалсафӣ ва муҳити маънавии яке аз муҳимтарин марҳалаҳои табаддулоти инқилобиро дар Аврупо бо паҳлуҳои мусбату манфиаш дар симои худ муҷассам кардааст.  Дар қисми якуми фоҷиаи Гёте ишқи Фауст ва Маргарита тасвири доманадоре дорад.

Маргарита намояндаи халқ буда духтари одӣ, маъсума, покдил ва боэътиқод мебошад. Вай бовар дорад, ки дунё пур аз накӯкорист ва касе ба ӯ бадиро раво намебинад ва қурбони ин эътиқодаш мегардад. Ӯро зиндагӣ ба роҳи бад меандозад, зиндонӣ мешавад ва саранҷом маҳв мегардад.

Фаустро ҳам ҳусни расои Маргарита ва ҳам дили софу ботини поки ӯ мафтун намудааст. Фауст дар вазъияте, ки лаззати ҷаҳони гузарон барояш аҳамияти дараҷаи аввал пайдо кардааст, ба висоли Маргарита майл мекунад ва духтари беёварро ба чанги худ мекашад.

Маргаритаи некандеш найрангҳои ҷамъиятро дарк карда наметавонад, ӯ аз муҳити замони дурӯғпараст ва мардумфиреб огоҳ нест.

Барои Фауст муҳаббати Маргарита василаи худандармонкунист. Фауст дар бораи маҳбубааш фикре накарда, бародари ӯро бераҳмона ба ҳалокат мерасонад ва худ аз ҷазо канора меҷӯяд ва ҳамин тариқ беихтиёр ба маҳви маҳбубааш замина тайёр мекунад. Маргаритаи номурод дар ҳолати парешонӣ ва изтироб кӯдаки навзодаш , писари Фаустро мекушад ва худро қотили модару бародараш ҳам медонад.

Фауст Мефистотелро ба ёрӣ даъват карда, тарафи зиндон мешитобад. Дар дили ӯ муҳаббати поку пурзӯре ба туғён омадааст. Ӯ дар назди зан, дар назди инсон гуноҳи азим содир кардааст ва қасд дорад, ки худро сафед намояду аз гуноҳ пок шавад. Барои ин нахуст бояд маҳбубаашро озод ва хушбахт кунад. Ӯ бо азми қатъӣ ва дили пурмеҳру пурдард ба зиндон мерасад ва дар паси дар овози Маргаритаро мешунавад. Маргарита суруд мехонд. Суруд аз номи бачаест. Дар он аз кирдори модар, падар ва ғамхории хоҳар сухан меравад. Ба иборати дигар, ҳайати персонажҳои суруд чор нафаранд. Дар суруд ақидаи баъди марг зинда шудани инсон низ баён шудааст. Дар он инчунин воқеаи аз дасти модар кушта ва аз тарафи падар хӯрда шудани бача ва бо ёрии хоҳаракаш ба паррандае табдил ёфтани он тасвир шуддас:

Модари ман сабукпо,
Онест, ки маро кушта.

Падари ман нобакор,
Онест, ки маро хӯрда.

Аз “ Фауст”:

Чтоб волнее гулять,
Извела меня мать.
И отец людоед
Обглодал мой скелет.
И меня у бугра
Закопала сестра,
Головую к ключу.
Я вспрохнула веной
Серой птичкой лесной

И лечу.

(Тарҷумаи Б. Пастернак)

Назири ин сурудро мардуми тоҷик, умуман халқҳои эронинажод хеле пеш аз таваллуди муаллифи “Фауст” медонистанд. Ин мақола низ дар бораи шабоҳати суруди Маргарита бо суруди як афсонаи машҳури халқии тоҷик аст. Ин суруд дар яке аз афсонаҳои машҳури халқии тоҷик “Булбулаки (ё булбули) саргашта” дарҷ шудааст, нусхаҳои он аз маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба даст омадаанд. Афсонаи халқӣ бори нахуст бисту панҷ сол муқаддам дар калонтарин маҷмӯаи “ Афсонаҳои халқии точик” бо таҳрири адаби нашр шуда буд.(Афсонаҳои халқии точикӣ. Тартибдиҳандагон Р. Амонов ва Қ. Улуғзода. Сталинобод, Нашрдавтоҷ.1957, с.133-135). Баъд ду нусхаи он бо риояи хусусиятҳои нашри илмӣ ба диққати хонандагон пешниҳод шуд,- яке дар китоби Р. Амонов “Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб” (Душанбе, 1963, саҳ 285-287) чоп шуд. Афсонаро дар деҳаи Таваиёни Сари Хосор соли 1950 аз Каримова Оим (таваллудаш соли 1895) муаллифи китоб навишта гирифттаст. Нусхаи дигарро (гӯянда Ҳайдарова Мусаввара, таваллудаш 1942, истикоматкунандаи гузари Мубораки шаҳри Самарқанд) соли 1959 Зеҳниева Фарруха навишта гирифтааст. Афсона ба китоби “Афсонаҳои Самарқанд”, тартибдиҳанда Б. Шермуҳаммадов (Душанбе, 1965, саҳ 31-34) дохил шудааст.

Нусхаи таҳрирхӯрдаи афсона, алалхусус суруд, ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Москва борҳо ба забонҳои тоҷикию русӣ нашр гардида, дастраси хонандагон гардид. Вале дар ин мақола мо ба он нусха истинод нахоҳем кард, зеро чунон ки маълум аст, барои гузориши илмӣ ва тадқиқоти фолклоршиносӣ асари фолклорӣ фақат дар он шакле, ки аз ин ё он гӯянда навишта гирифта шудааст, эътимод дорад. Бинобар ин мо се нусхаи дар се маҳал навишташудаи афсонаро мавриди тадқиқ қарор медиҳем, ки яке соли 1961 дар райони Рометани вилояти Бухоро бо қалами Тоҷигул Исроилова сабт шудааст ва маъхази ду нусхаи дигар дар боло қайд шуд. Ба эътибори забон миёни афсонаҳо тафовути ҷиддӣ ба назар мерасад, зеро ҳар нусха дар лаҳҷаи маҳал (Сари Хосор, Самарқанд ва Рометан) гуфта шудааст, вале дар сужет, бандубаст, мазмун, ҳайати персонажҳо фарқият ба назар намерасад.

Садои-ШаркПадар бо талаб ва исрори модарандар, ки худро ба касалӣ мезанад, писарчаашро кушта, гӯшташро ба ӯ мехӯронад. Хоҳари бача устухонҳои ӯро чида, ба кадуча (дар нусхаи Самарқанд ва Рометан) ё халта (дар нусхаи Сари Хосор) андохта, ба шохи чанор меовезад. Устухон ба булбул (чумчуқ – дар нусхаи Рометан) табдил ёфта, рафта аз аттор (сурудхонон – дар нусхаи Самарқанд) ва ё савдогар (дар нусхаи Сари Хосор – сурудхонон) муроҷиат карда, сӯзан (дар нусхаи Самарқанд – зару зевар, дар нусхаи Рометан – ҷуволдӯз) ва ё аз наботфурӯш набот гирифта, баъд ба назди падараш ва пас аз он пеши модарандараш омада, суруд мехонад. Онҳо хоҳиш мекунанд, ки сурудашро бори дигар хонад. Булбулак ба шарте розӣ мешавад, ки онҳо даҳонашонро кушоянду чашмонашонро пӯшанд ва ӯ ба даҳони падараш ва модарандараш сӯзан (ҷуволдӯз) мепартояд, онҳо нобуд мешаванд. Баъд назди хоҳараш омада, ба ӯ ҳадя дода, аз нав ба писарча табдил меёбад.

Дар ҳамаи нусхаҳои афсонаи точикӣ модарандар аз сари рашк қасди писар мекунад. Ба ин мақсад худро ба касалӣ зада, ба сифати дору гӯшти фарзанд хостани зан дар ҳамаи нусхаҳо нақл мешавад. Дар варианти Бухоро модарандар сарторикиашро баҳона мекунад: “Як деҳқон будас, вай як зану ду бача доштас. Аз рӯзе рӯзе мегузараду занаш касал мешуду бечора мемурад. Ду бача катӣ деҳқони бечора азобу уқубат кашида мемонад. Баъд зан мегирад: – “ Хонема дараша яла кунад, бачаҳомба нигоҳубин кунад”. Бечора деҳқон мебиёд, занаш касал.

– Чиба ту касал? – мегӯд.
– Ман,- мегӯд, – гӯшти писарчат ба гудоиш шудам.

Бобо хафа шуда мерӯд. Бечора бобоба ҳеҷ рӯз нишон наметияд.
Бобо бо мебиёд, ки занаш касал:

– Писарата кушта те! – мегӯт.
Деҳқон маҷбур мешаду писараша кушта метият.

Дар нусхаҳои Сари Хосору Самарқанд ба ин ҷиҳат ишора нашудааст. Аммо дар ҳамаи вариантҳо як чиз таъкид шудааст, ки падар ба куштани писар ноилоҷ розӣ мешавад.

***

Ҳаҷми суруд дар ҳамаи нусхаҳои афсонаи тоҷикӣ ҳафт мисраъ аст. Вале мисраи якуми нусхаи Сари Хосор – “Ма булбули саргашта” дар охири нусхаҳои Рометану Самарқанд зикр мешавад ва дар онҳо мисраи дуюм мавқеъ надорад. Дар нусхаҳои Самарқанду Рометан тамоми мисраъҳо ҳамқофияанд. Масалан, ба нусхаи Рометан таваҷҷӯҳ кунед:

Падар маро кушта,
Модар маро хӯрда,
Ҷон апеки дилсӯхта,
Устухони мо чида,
Дар кадуча андохта,
Дар шохи чанор баста,
Мо як булбули саргашта.

Дар нусхаи сари Хосор мисраи сеюм (дар он нусха-панҷум) ҳамқофия нест ва ба тариқи зер гуфта шудааст:

Ҷон апаи дилсӯхта

Гап, албатта, дар сари қабил ин фарқҳо не. Сухан аз он аст, ки мавриди истифодаи шеър ва вазифаи он яксон аст. Он воқиаҳоро ба ҳам пайваста, мазмунро тобеи худ гардонидааст. Суруд дар нусхаҳои  афсона аз 4 то 6 маротиба истифода мешавад ва ҳар бор вазифаи муайянро адо мекунад. Дар тасдиқи ин фикр ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки падар ва модари қотил аз булбулак бори дигар суруд хонданашро илтимос мекунанд ва филҳол ҷазо мебинанд.

Яъне суруди афсонаи тоҷикӣ дар дасти қаҳрамони кӯчак воситаи интиқом аст. Яъне суруд ба ӯ кӯмак мекунад, ки алайҳи одамони бадсират мубориза кунад ва дар ин набард ғолиб ояд. Ҳамин ҷиҳати он ба суруди Маргарита ҳамоҳанг аст. Яъне Маргарита он сурудро дар вазъияти азоби сахти рӯҳӣ, дар ҳолати изҳори эътироз ба забон меорад. Дар суруди Маргарита ба василаи баёни сифатҳои одамон хашму ғазаб ифода мешавад: ба модар калимаи  “сабукпой” нисбат ёфтааст ва қотил будани ӯ таъкид гардидааст ва ба падар тавсифи  “нобакор” мансуб шудааст.

Дар суруди афсонаи тоҷикӣ бошад, нисбат ба падару модар тавсиф ба кор бурда нашудааст, онҳо фақат амалкунандаанд:

Отам мара кушта,
Моиндар маро хӯрда.

(Нусхаи Сари Хосор)

Дар он фақат хоҳар сифати “дилсӯз” ё “дилсӯхта”-ро ба худ гирифта, ба воситаи калимаи “ҷон” навозиш меёбад. Аз ин ҷиҳат суруди халқии тоҷикӣ бо суруди Маргарита шабеҳ аст, ки дар он хоҳар бо навозиш “хоҳарча” номида шудааст.

Ниҳоят байни сурудҳо як фарқи муҳим ба назар мерасад. Дар суруди Маргарита хоҳар боқимондаи маити бародарашро ба гӯшаи сарде мебарад. Дар тарҷумаи Э. Губер хоҳар устухонро ба чуқурӣ бурда мемонад ва дар тарҷумаи Б. Пастернак зери теппа, рӯ ба сӯи чашма гӯр мекунад. Дар суруди афсонаи халқии тоҷикӣ бошад, устухонро хоҳар ба кадуча (ё халтача) андохта, ба шохи чанор мебандад.

Дар фолклоршиносии тоҷик бисёр солҳо пеш аз ин дар асоси тадқиқоти таърихӣ мансубияти ин факт ба расму оинҳои қадим қайд шуда буд. “Аз рӯи ақидаи зардуштӣ, – гуфта шудааст дар китоби муаллифи ин сатрҳо “Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб”, – замин чизи муқаддас шуморида шуда, ҷасади мурда… ба замин гӯр карда намешуд, онро то нобуд шудани гӯшту пӯсташ дар рӯи замин мегузоштанд ва пас  устухонҳояшро дар сабат гузошта, ба шохи дарахт меовехтанд”.

Ҳамин тариқ, гуфтан ҷоиз аст, ки монандии зикршуда далели тозаест дар бораи робитаҳои тамаддуни Шарқу Ғарб, алалхусус дар назми мӯҳташами Гёте, ки дар “ Девони Ғарбу Шарқ” – и ӯ муҷассам гардидааст.

Бознашр аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 1983, №8.

Таҳияи Манзура Ҷомизода,
мутахассиси пешбари
шуъбаи матбуоти даврӣ.