Чингиз Айтматов: «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд» (Арўси абадӣ). Чаро ин китобро бояд хонд?

Чингиз Айтматов«Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд» осорест, ки онро адиби овозадори кирғиз Чингиз Айтматов дар овони ба қуллаи камолоти эҷодӣ расиданаш ба қалам додааст ва ин иддаоро ҷобаҷо афтидани ҳар як калимаву таъбири ин таълифот бо ҳама тобишу маъно пеши назар меоварад. Нависанда басо кўшидааст, ки вақтро дар ҳоли ҳаминрўза, бо ҳама бурду бохту резу чошаш рўбарўи замон ҷилва бидиҳад. Бавижа, волоияти сухану суханшинос, санъату санъатварро, ки қадрашон коҳидааст, чун ойина бинамояд ба хонанда. Роман моломол аст аз кайфияти ишқу дардҳо, васлату нокомиҳо ва ниҳоят ба таъкид меояд, ки мавҷудияти тазодҳо дар андозаи вақту фазо охир надорад.

Асар аз ҳар ҷиҳат хонданист, бахусус, ҷиҳати тарбиявии он дар ҳоли имрўз аҳамияти бузургеро дорост.

Ин  асарро ба тоҷикӣ Ҳикмат Раҳмат хеле зебову дилнишин баргардон кардааст ва ба он ин сарсухани пурмуҳтаворо навиштааст:

АДИБИ МАҲБУБИ БАШАР

Чингиз Айтматов яке аз адибони маъруфи замони худ маҳсуб ёфта, ўро дар ҷаҳон мешиносанд.

Чингиз Айтматов 11 декабри соли 1928 дар деҳаи Шакари ноҳияи Кирови Ҷурови Ҷумҳурии Қирғизистон, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудавст. Хатмкардаи техникуми зооветеринарии Ҷамбул (1948), Донишгоҳи кишоварзии Фрунзе – Бешкеки имрўза (1953) ва Курси олии адабии Донишгоҳи ба номи Максим Горкийи шаҳри Москва (1958) буд. Фаъолияти адабиашро аз тарҷумаи асарҳои нависандагони қирғиз ба забони русӣ шуруъ карда, тадриҷан бевосита ба эҷоди асарҳои худаш мегузарад. Дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш асосан ҳикоя менавишт. Ҳикояҳояш ба ду забон-қирғизӣ ва русӣ ба табъ расидаанд.

Номи Чингиз Айтматов на танҳо дар Қирғизистон, балки берун аз он ҳам дар бисёри мамлакатҳои ҷаҳон аввалин бор бо тавассути қиссаи ў «Ҷамила» (1958) машҳур гардид. Муаллиф дар ин қисса аз ишқу муҳаббати ду дилдода – Ҷамила ва Дониёр чунон ҳикоят карда буд, ки он дили хонандаро др бисёр кишварҳои олам шефта гардонд. Банду басти қисса, мантиқи сухан ба сабку услуби нависанда на танҳо дар адабиёти қирғиз, дар адабиёти ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҳамто надошт. Нависандаи маъруфи Фаронса Луи Арагон, ки ин қиссаи Чингиз Айтматовро аз русӣ ба фаронавӣ гардонидааст, онро «беҳтарин қиссаи муҳаббат дар ҷаҳон» номид, ки ин беҳуда набуд.

Ҳикоя, қисса ва романҳои дар солҳои минбаъда эҷодкардаи Чингиз Айтматов низ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд, ки ин аз истеъдоди бузург ва беназири нависанда гувоҳӣ медиҳад. Қиссаҳои «Сариқади рўёмолсурхаки ман» (1961), «Чашми шутур» (1962), «Муаллими аввалин» (1962), «Роҳи каҳкашон» (1963), «Алвидоъ, Гулсарӣ» (1966), «Сафинаи сафед» (1970), «Турнаҳои бармаҳал» (1976), «Саги алое, ки лаб-лаби баҳр медавад» (1978) ва романҳояш «Дуроҳаи бўронӣ», «Қиёмат», «Тамғаи Кассандар» ва новеллаи «Пораабри сафеди Чингизхон» аз ҳамин қабил асарҳои нависанда мебошанд.

Дарахти бузури эҷодиёти Чингиз Айтматов аз се сарчашма об мехўрад – эҷодиёти шифоии халқ (хусусан қирғизҳо), эҷодиёти классикии адабиёти рус ва ҷаҳон.

Яке аз хусусиятҳои услуби эҷодии Чингиз Айтматов истифода аз асотир ва ривоятҳо мебошад, ки дар як асари ў ба мушоҳида мерасад.

Дар ин бобат романи охирини нависанда «Вақте ки кўҳҳо суқут мекунанд» (Арўси абадӣ) истисно шуда наметавонад. Роман ду хати сюжет дорад, яке дар заминаи воқеа аз ҳодисаҳои замони мо пеш бурда мешавад ва хати сюжети дигаро мазмунҳои асотирӣ ё худ ривоятӣ ташкил медиҳанд. Сабаби ду ном гирифтани роман – «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд» ва дар қавс «Арўси абадӣ» маҳз дар ҳамин аст.

Хизматҳои Чингиз Айтматов дар бобати рушди адабиёти шўравӣ, хусусан насри адабиёти рус ва қирғиз дар замонаш сазовор қадр карда шудаанд. Ба ў Мукофоти ленинӣ (1963) ва се дафъа Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шўравӣ (1968, 1977, 1983) дода шудааст. Вай инчунин сазовори унвонҳои олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва Нависандаи халқии Қирғизистон гардида буд. Ўро узви ҳақиқии Академияи фанҳои Қирғизистон ва узви Академияи Аврупоии улум, санъат ва адабиёт, ки бунгоҳаш дар Париж воқеъ гардидааст, соли 1984 интихоб карда буданд.

Асарҳои Чингиз Айтматов ба 150 забони дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Теъдоди китобҳои нашршудаи нависанда ба 40 миллион нусха мерасад.

Аксарияти асарҳои Чингиз Айтматов ба забони тоҷикӣ ҳам тарҷума ва чоп шудаанд. Дар ин бобат адибони тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҳабиб Аҳрорӣ, Сорбон, Бахтиёр Муртазоев, Низом Қосим ва Истад Қосимзода хидмат кардаанд. Пйесаи Чингиз (дар ҳаммуаллифии К. Муҳаммадҷононов) «Қуллаи Фудзияма»-ро соли 1974 Театри давлатии академии драмаи Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ба саҳна гузошт.

Нависанда, мутафаккир ва инсонпарвари бузургу тавоно Чингиз Айтматов, ки ифтихори халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, равшанфикрони Тоҷикистон мебошад, 10 июни соли 2008 дар сини 79-солагӣ аз олам даргузашт.

Ў гузашту монд номаш дар ҷаҳон
Бо асарҳои сазовори замон.
Мутарҷим

Китоби «Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд» (Арӯси абадӣ)- ро шумо метавонед дар Китобхонаи милли мутолаа кунед.

Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шўъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.