Чопи нави “Латифаҳои тоҷикӣ”-и мураттабкардаи Абудсалом Деҳотӣ

Латифаҳои тоҷикӣШастушаш сол баъди чопи “Латифаҳои халқӣ”, ки шоир ва донишманди маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ мураттаб карда буд, нашриёти “Адиб” дубора ба он рӯ овард. Ин рӯйдоди таърихӣ дар адабиёти шифоҳии тоҷик соли 2024 сурат гирифт ва дар муаррифии он низ омадааст, ки китоб аз рўйи нусхаи нодири он (чопи чорум), ки соли 1958 тавассути Нашриёти Давлатии Тоҷикистон дар Сталинобод  бо саъю кўшиши ҷамъкунандаи он устод Абдусалом Деҳотӣ бо зевари табъ ороста гашта буд, айнан нусхабардорӣ ва нашр шудааст. Дар матни китоб қоидаҳои имлои имрўзаи забони тоҷикӣ риоя карда шудааст.

Китоб бо сарсухани Абдусалом Деҳотӣ бо сарлавҳаи “Аз ҷамъкунанда” оғоз шуда ва донишманди тоҷик дар бораи чигунагии китоб, мушкилоти ҷамъоварии латифаҳои халқӣ, интихоби он барои чоп муфассал навиштааст.

АЗ  ҶАМЪКУНАНДА

Орзуи ба як китоб ҷамъ кардани латифаҳои тоҷикӣ ҳанўз дар солҳои 1935- 36 нависандаи ин сатрҳоро ба шавқ меовард ва чунон ки маълум аст, аввалин маҷмуаи «Латифаҳои тоҷикӣ»-ро дар соли 1933 Нашриёти Давлатии Тоҷикистон чоп карда буд. Як қисми материалҳои он маҷмуа ҳамон вақтҳо аз Самарқанд ва қисми дигар, қисми асосиаш, дар вақтҳои сафари ҷамъкунанда аз районҳои вилояти Ленинобод, аз Бухоро, аз районҳои атрофи Сталинобод: Орҷоникидзеобод, Варзоб ва Ҳисор, инчунин аз Дарвоз: Ванҷ, Қалъаи Хум ва Ёгет ҷамъ карда шуда буд.

Баъд аз паҳн шудани маҷмуаи мазкур як қатор хонандагони он аз маҳалҳои гуногун бо ташаббуси худ материалҳои нав пайдо карда, барои илова намудан ба чопи ояндаи маҷмуа ба тартибдиҳанда фиристоданд ва дар бобати ислоҳи ин ё он латифаи чопшуда мулоҳизаи худашонро баён намуданд. Инак, имрўз дар вақти бо ислоҳу иловаҳо тайёр кардани чопи навбатии маҷмуа ба он хонандагон барои ёрмандии рафиқонаашон ташаккур ва мамнуният изҳор мекунам.

Дар баробари ин ба ду қайди муҳимми баъзе хонандагон дар ин ҷо ҷавоб дода гузаштанро вазифаи худ мешуморам.

«…Дар китоб ба лаҳҷаи гўяндагони латифаҳо риоя кардан лозим буд, чунки бе ин намаки ҳикоя меравад», гуфта менависад яке аз онҳо. Дигаре менависад (мазмуни мухтасараш): «Барои чӣ замон ва маҳалли пайдоиши латифаҳо муайян карда нашудааст? Баъзе аз онҳо дар забонҳои дигар, масалан, дар ўзбекӣ ҳам ҳастанд-ку?»

Ин даъвоҳо қисман дурустанд ё, чӣ тавре ки дар урфият мегўянд, ҷон доранд. Аммо дар ин бобат пеш аз ҳама ҳаминро ба назар гирифтан лозим  аст, ки маҷмуаи мо на бо мақсади маҳдуди илмӣ, балки барои истифодаи умум тартиб дода шудааст. Пас, дар чунин асарҳои оммавӣ риоя кардани лаҳҷаи гўяндагони латифаҳо, ки аз намояндагони шеваҳои гуногуни забони тоҷикӣ иборат буда, савияи донишашон ҳам ҳар хел аст ( чунончи: нависанда, колхозчӣ, муаллим, хизматчии одӣ ва ғайра), мувофиқи матлаб нест. Зеро ки дар он сурат забони асар ба як чизи бетартибу дўлоб мубаддал шуда, истифодааш мушкил мегардид. Бинобар ин, материалҳоро мувофиқи меъёри забони адабии ҳозираи тоҷик аз нав кор карда, унсурҳои ҷудогонаи лаҳҷаҳои маҳаллиро ҳам нигоҳ доштан лозим дида шуд.

Баъд ҷамъ карда чоп кунонидани фолклор як соҳаи кор асту тадқиқу тафтиши замон ва макони пайдоиши он- соҳаи дигар. Умедворем, ки фолклоршиносони мо дар ояндаи наздик ба тадқиқоти соҳаи дуюми кор машғул мешаванд.

Дар хусуси ин ки баъзе латифаҳои тоҷикӣ дар забони халқҳои дигар ҳам ҳастанд, ҳаминро бояд гуфт, ки ин хислати муштаракӣ ё умумият аз дигар жанрҳои фолклор дида ба латифаҳо хостар аст. Масалан, дар Туркманистон як қатор латифаҳоро ба номи шоири классики халқи туркман Камина шунидам, ки онҳо дар мо ба Мушфиқӣ ва дар байни ўзбекон ба Афандӣ нисбат дода мешаванд.

Номи мулло Насриддин Афандии озарбойҷонӣ бошад, дар байни ўзбекон ва тоҷикон баробар машҳур аст ва ҳоло муайян кардан душвор аст, ки латифаҳои ў дар байни кадоми ин ду халқи бародарӣ пештар пайдо шудаанд?

***

Бо мақсади осон кардани истифодаи хонандагон дар нашри ҳозира латифаҳо аз ҷиҳати мавзуашон ба ҳашт қисми зерин ҷудо карда шудаанд:

Қисми якум: ҳаҷви тунду тези зидди зулму истибдод, ҷаҳолат ва ҳамоқати подшоҳон, амирон, ҳокимони феодалӣ ва аҳли дарбори онҳо.

  Қисми дуюм: ҳаҷви макру найранги руҳониёни мутаассиб ва риёкор ҳаҷви хурофоту мавҳумот ва қонуну қоидаҳои асоратовари онҳо.

Қисми сеюм: якчанд латифа дар бораи табибони ҷоҳили одамкуш.

  Қисми чорум: оид ба рафтору кирдори боён, судхўрон ва давлатмандони хасис.

Қисми панҷум: латифаҳои оид ба нуқсонҳои ислоҳпазири зиндагии ҳаррўза, мазоҳи сабук ва бештар дўстонаи одамони содалавҳ, камфаросат, дурўғгўён, муҳоботчиён ва ғайра.

Қисми шашум: якчанд латифа дар ҳаҷви кўкнориён ва тарёкиён, ки боқимондаҳои зарарноки дунёи кўҳна буда, ба ҷамъияти советии мо тамомам бегонаанд.

   Қисми ҳафтум: ба тариқи намуна фақат чанде аз латифаҳо  ва ҳикояҳои сершумори оид ба ҳайвонотро дарбар мегирад.

Ниҳоят, дар қисми ҳаштум низ ҳамчун намуна якчанд латифаи дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  пайдо шудагӣ оварда шудаанд.

Шубҳае нест, ки кори ҷамъоварии латифаҳо хусусан, латифаҳои нави тоҷикӣ, ҳанўз саъю кўшиши бисёр ва мунтазам талаб мекунад. Мо дар ин роҳ минбаъд ҳам ба мадади дўстдорони ин жанри бой ва шавқовари адабиёти даҳанакии халқамон чашмдорем.

Китоби “Латифаҳои тоҷикӣ” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа аст. Хоҳишмандон метавонанд онро дар ҳар толори хониш дархост кунанд.

Таҳияи Зарина Зуёвуддинова,
мутахасисси  шуъбаи  адабиёти
кудакон ва наврасон.