Дақёнус ва Асҳоби Каҳф. Кӣ буд Дақёнус дар асл?
Дақёнус Дақюс (муарраби лот.: Decius), дар ривоятҳои масеҳӣ ва исломӣ подшоҳи мушрику ситамгарест, ки мардумро ба бутпарастӣ водор карда, яктопарастонро бераҳмона таъқиб менамуд ва зери фишору ситам дода буд. Ба қавли Абдуллоҳи Ансорӣ (дар «Кашфу-л- асрор»), Дақёнус ҳаргиз бемор намешуд ва аз мутакаббирӣ даъвои худоӣ карда, ҳар касеро, ки ба худоии ў иқрор намекард, ба қатл мерасонид.
Асҳоби Каҳф аҳди ҳукумронии ў дар шаҳри Афсус (шаҳри бостонии Эфес) зуҳур карданд. Тибқи ривояте, шаш нафари он вазирони ў буданд. Мутобиқи ривояти дигар, ў онҳоро, ки ҷавонони яктопараст буданд, ба назди худ хонда, аз ақидаашон пурсон шуд. Онҳо ақидаи тавҳидии худро бебокона баён карда, Дақёнусро ҳам ба сўи имону тавҳид даъват карданд. Дақёнус даъвати ҷавонони яктопарастро напазируфта, онҳоро бо таҳдид барои гаравидан ва баргаштан ба дини қавми худ чанд рўз муҳлат дод. Асҳоби Каҳф бо истифода аз фурсати муносиб аз мамлакати Дақёнус фирор карданд ва ба ғоре паноҳ бурданд. Дақёнус пас аз огоҳӣ ёфтан аз фирори онҳо лашкари азиме омода кард ва ба ҷустуҷўяшон фиристод.
Аз нигоҳи воқеияти таърихӣ чунин ба назар мерасад, ки манзур аз Дақёнус императори Рум Детсий Гай Мессий Квинт Траян (тахминан 200 – 251; ҳукмронӣ 249 – 251) аст. Дар аҳди ҳукумронии император Филипп 1 Араб (244 – 249) асли таҳаммулгароӣ нисбат ба масеҳиён риоя мегардид, вале баробари ба сари қудрат омадани Детсий ваъзият якбора ба куллӣ дигаргун шуд. Ў соли 250 фармоне содир карда, аз ҳамаи сокинони қаламрави империя талаб намуд, ки дар маросими қурбонӣ ба худоёни румӣ ширкат варзанд. Детсий бо ин роҳ мехост, ки аз сар задании ошўб ва сўиқасдҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ карда, ҳамзамон иқтидори сиёсии худро устувор намояд. Ба шахсоне, ки дар ин маросим иштирок мекарданд, шаҳодатнома бо имзои ду нафар дода мешуд (дар Миср тақрибан 40 адад чунин шаҳодатнома дар папирус ёфт шудааст).
Масеҳиён аз иштирок дар ин маросими динӣ худдорӣ мекарданд, аз ин рў, таъқиботи шадиди онҳо оғоз ёфт. Дар натиҷаи фишору таъқиботи оммавӣ, ки мамлакатро фаро гирифт, бисёр масеҳиён дучори зулму ситам ва ранҷу азоб гардиданд. Баъди ба қатл расидани Дақёнус дар муҳориба бо готҳо, ки ба Фракия ва Мақдуния ҳуҷум оварда буданд, таъқиботи масеҳиён низ хотима ёфт.
Ҳамучунин таъбири «аҳди Дақёнус» ё «даври Дақёнус» киноя аз замони фишору таъқибот, даврони худраъйиву яккатозии худкомагон ва гузаштаи хеле дуру замонҳои қадим ва аҳди бостон аст. Мардум агар ҳар бор қадимиву куҳнагии ягон шайъ ё матлабу мавзўеро исбот кардан бихоҳанд, бо танзу шўхӣ ба аҳди мазкур ишора карда, мегўянд, ки марбут ба аҳди Дақёнус аст:
Ҳоли асҳоби Каҳфу Дақёнус,
Қиссаи Табхлусу шаҳри Фусус.
Саноӣ
Нагўям зарри пешин нав наярзад,
Чу Дақёнус гуфтӣ, ҷав наярзад.
Низомӣ
Пас бихуспам, бошам аз асҳоби Каҳф,
Беҳ зи Дақёнус бошад хоби Каҳф.
Яқзашон масруфи Дақёнус буд,
Хобашон сармояи номус буд.
Ҷалолуддини Румӣ.
Муаллиф: С. Маҳмадуллоҳ
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – С. 215.
Таҳияи Маҳина Раҳмонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.