Дар бораи Абдулқодири Мароғӣ чӣ медонем?

Абдулқодири МароғӣАбдулқодири Мароғӣ (Абдулқодири Гўянда, Ноӣ, Удӣ, Хоҷа Абдулқодир, Хоҷа Камолуддин (Низомиддин) ибни Ғайбӣ ибни Айнӣ, с.тав.1356, деӽаи  Ноини  Исфаӽон, с.ваф.1435 Ҳирот), сароянда, навозанда, мусиқидон, шоир, оӽангсози машӽури форстоҷик ва шарқ. Бино ба ахбори Давлатшоӽи Самарқандӣ, Дарвешаллии Чангӣ («Тазкират-уш-шуаро», Туӽфат-ус-сурур») ва Исфизорӣ («Равзат-ул-ҷиннот…») ба Саъдии Шерозӣ (1213-1292) иртиботи авлодӣ дошта, дар 10-солагӣ илмӽои замонаашро фаро мегирад.

Устоди Абдулқодири Мароғӣ дар мусиқӣ ва шеър падараш буда, аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ шўру завқи хоса дошта, кулли созӽои мусиқӣ (уд, қонун, танбўр , ной ва ғ.) – ро хеле хуб менавохт. Дар сози  най ихтирооти зиёд  намуда («Пешрави дор», «Савти най»), ба ашъори Рудакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Саъдӣ ва дигарон дар жанру шаклӽои мусиқӣ асарӽо офаридааст. Ў мусаннифи «Амали наср»  (ғазали Саъдӣ), «Таронаи Ироқ» (ғазали Қатрон) , «Амали Муӽайяр» (ғазали Камол),  асарӽои созию овозӣ ба мақомӽои «Бузург», «Ироқ», « Рост», «Дугоӽ» дар шаклӽои мусиқӣ офаридааш: «Амали тарона» (ғазали Саъдӣ), “Савти Ушшоқ» (ғазали Ҳофиз), «Мустазоди Наво», «Амали  Рост» «Амали Бўстон», « Амали Гулистон», «Амали Гесў», « Амали Хористон» (бар ашъори Саъдӣ) ва ғайра дар хаёти мусиқии Хуросону Эрон, Мавароуннаӽру Ироқ шўӽрати хоса доштаанд.

Абдулқодири Мароғӣ муаллифи асарӽои назарии мусиқии «Мақосиду-л-алӽон», «Ҷомеъу-л-алӽон» «Лаӽния», «Зубдату-л- адвор», « Шарӽуладвор» ва ғайра буда, масоили таърих ва назарияи мусиқӣ: таълифи мусиқӣ, савт, таркиботи назарии мусиқӣ, созӽо ва табақбандии онӽо, сохти торию пардавӣ, 12 мақом ( таркиботи он: овоза, гўшаю шўъбаӽо) вазну зарб, усули истиӽроҷи мақомӽо, жанру шаклӽои шеърию мусиқӣ (тавсиф ва усули эҷоди онӽо), назари аӽли илму амали мусиқӣ, тасӽеӽи нуқтаӽои донишмандони мусиқии юнонӣ, шарқӣ (Птоломей, Пифагор, Аристоксен, Форобӣ, Ибни  Сино, Қутбиддини Шерозӣ, Сафиуддини Урмавӣ ва дигарон) ва ғайра мавриди баррасии ҷиддӣ шудаанд. Абдулқодири  Мароғӣ, ки худ дар мусиқии амалию назарӣ дониши комил дошт, таӽаввулоти мусиқии замонаашро хуб медонист, аз ин лиӽоз бисёр хулосаӽои ў як навъи ҷамъбастию натиҷагирии падидаӽои эҷодию  иҷроӣ,  диди таӽқиқии  мусиқии Мавароуннаӽру Хуросон, Эрон ва  ӽавзаи ӽунарии Ироқи Аҷамро касб кардааст.

Бисёр асарӽои назариашро худи Абдулқодири Мароғӣ китобат намуда («Мақосиду-л-алӽон», «Ҷомеъулалӽон», «Шарӽу-л-адвор») ва нусхаӽои он дар китобхонаӽои Туркя (Нури Усмония, Топгапи Сарай), Британия (Музеи  Британия), Эрон ва ғайра маӽфузанд. Дар замони сулолаи туркони Усмонӣ рисолаӽои Абдулқодири  Мароғӣ  китобат ва ба туркии усмонӣ тарҷума шудааст. Ӯ мусаннифи зиёда аз 200-суруду оӽангӽо дар жанру шаклӽои созию овозии мусиқӣ буда, зумраи зиёди саромадони мусиқии Мавароуннаӽру Хуросон, Эрон, Ироқи  Аҷам: Хоҷа  Ризвоншоӽ, Султонмуӽаммади Удии Самарқандӣ, Абдулмуъмини Ҳофиз,  Қутбиддини Нойӣ,  Қулмуӽамади Удӣ,  Хоҷа Юсуфи  Андигонӣ, Ҳофизи Убаӽӣ, Устод Каҷаҷӣ ва дигарон аз ў мусиқиро омўхтаанд.

Пас аз ў писараш Абдурраӽмон, наберааш Абдулазиз дар заминаи мусиқии илмию  амалӣ корӽои ҷолибе анҷом додаанд.

Таӽияи мутахасиси шуъбаи адабиёт доир ба фарӽанг ва ӽунар
Дилафрўз Расулова аз китоби “Донишномаи “Шашмақом”.
Душанбе-2009