Дар бораи адабиёти ҷадидия чиҳо бояд донист?
Адабиёти ҷадидия, осори адабие, ки аз ҷониби намояндагони ҳаракати ҷадидияи Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри 20 пайдо шудаанд. Истилоҳи «ҷадид» ба маънои навпараст дар Тотористон охири асри XIX зуҳур карда, дар Бухоро ва Туркистон дар давраи Инқилоби якум дар Русия (1905-07) ба расмият даромад. Пайравони ин ҷараён ислоҳоти раванди таълимро дар мактабу мадраса тарғиб ва дигаргуниҳоро дар сохти давлатдории аморати Бухоро талаб мекарданд. Онҳо масъалаи кушодани мактаби нав («усули ҷадид»)-ро ба миён гузоштанд.
Назарияи навхоҳию навоварӣ ба адабиёти бадеӣ низ гузашт. Садриддин Айнӣ ибтидои адабиёти ҷадидияи тоҷикро аз соли 1905 донистааст. Пайдоиши адабиёти ҷадидия ба Инқилоби якум дар Русия (1905-1907) ва таъсири он ба бедоршавии шуури халқҳои Осиё алоқаманд аст. Паҳн шудани рўзномаву маҷаллаҳо бо забони форсиву туркӣ аз дигар кишварҳо, «Тарҷумон»-и Исмоилбеки Ғаспаронӣ (Гаспаринский) аз Боғчасаройи Крим, «Вақт» ва «Шуро» аз Қазону Оренбург, “Сироҷ-ул-ахбор» аз Афғонистон, маҷаллаи «Мулло Насриддин» аз Озарбойҷон ва осори маорифпарварони халқҳои дигар.
Осиёи Марказӣ ва тарҷумаҳо аз адабиёти русу Ғарб низ ба пайдоиши адабиёти ҷадидия таъсир расонданд.
Нахустин осори адабиёти ҷадидия навиштаҳои Абдурауфи Фитрат «Мунозираи мударриси бухороӣ бо як нафар фарангӣ дар Ҳиндустон дар хусуси макотиби ҷадида» (1910), «Мунозира» ва “Баёноти сийёҳи ҳиндӣ», «Раҳбари наҷот», «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ» мебошад.
Асарҳои С. Айнӣ «Таҳзиб-ус-сибён» (Самарқанд, 1909,1910,1917), Сиддиқии Аҷзӣ «Анҷумани арвоҳ», «Миръоти ибрат», «Ганҷинаи ҳикмат», «Айн-ул-адаб», Мирзо Сироҷи Ҳаким «Туҳафи аҳли Бухоро» ва дигарҳо ба адабиёти ҷадидия таалуқ доранд. Шеърҳои ҷудогонаи Адабиёти ҷадидияи тоҷик дар нашрияҳои «Бухорои Шариф», «Наҷот» (1925), маҷаллаи «Оина», «Самарқанд» ва маҷмуаи шеърҳои дузабонаи «Янги адабиёт» («Адабиёти нав»; Самарқанд, 1915) нашр шуданд.
Осор ва ашъори адабиёти ҷадидия рўҳи озодихоҳӣ, илму маърифат, бедории мардум ва ислоҳи ҷомеаро васф, ақибмондагию ҷаҳолатро танқид мекард. Асари Исмоилбеки Ғаспаронӣ роҳбари ҷараёни ҷадидияи мусулмонони Русия «Мусулмонони Дорурроҳат» аз ҷониби Фитрат тарҷума карда шуд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Мунзим, С. Айнӣ, А. Ҳамдӣ, Аҷзӣ, М. Мансуров, Асирӣ, Қозӣ Бобоҷон, А. Фарҳодӣ, Иброҳим, Абдулқодир Шакурӣ, Ҳоҷӣ Муин, М. Ҳоҷиқул, М. Шоҳимаҳмадзода, Иброҳим Сайид, Камолзода, М. Ҳошимов, Ҳомидҷон Меҳрӣ, Ҳоҷӣ Рофеъ, Мукамал-махдум, Бурҳонзода ва дигарон машҳуртарин ҷадидон буданд.
Аввали асри ХХ намояндагони адабиёти ҷадидия ба кишварҳои Аврупо – Вена, Будапешт, Берлин, Порис, Лондон ва ғайра сафар карда бо ҳар роҳу восита ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, саноату кишоварзӣ, илму фарҳнг, мактабу маорифи аморати Бухоро дахолат мекарданд. Дар замонҳои собиқ шуравӣ вобаста ба сиёсати замон ва идеологияи ҳукмрон ба адабиёти ҷадидия баҳои манфӣ дода шуд.
Солҳои 30 асри 20 бо сабаби ба инқилоб хиёнат кардани баъзе намояндагони ҷадидҳо ва чаправҳо омўзиши эҷодиёти намояндагони онҳо ва чопи осорашон манъ гардида буд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва таҳаввулот дар омўзишу баррасии адабиёти ҷадидия ба вуҷуд омада ва намунаҳои беҳтарини асарҳои намояндагони он таҷдиди назар гардид.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. – С. 178-179.
Таҳияи: Набиева Аниса
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ