Дар бораи Бешаи палангон чӣ медонед?

Бешаи палангБеш аз 80 сол пеш барои ҳифзи  саривақтии бешазори табии соҳили дарёҳои Осиёи Миёна, ҳифзи ҳайвоноти камёбу нодир ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ «Бешаи палангон» таъсис ёфт. Ин аввали моҳи ноябр буд, моҳе, ки табиат рӯ ба сардиҳои зимистон меовард. Ин ягона мамнўъгоҳ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд, ки дар минтақаи туғайзор ҷойгир аст.

Мамнўъгоҳ дар миёни ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликўл ва Қумсангир ҷой гирифта, майдони умумиаш 52 ҳазор гектар, аз ҷумла бешазор – 25286 гектар, кўҳҳо – 11 ҳазор, биёбон – 10 ҳазор ва кўлҳо – 3500 гектарро ташкил медиҳанд. Дар «Бешаи палангон» намудҳои нодири ҳайвонҳо – паланги тўронӣ (баъдан, бо таъсири одамон нест шудааст), холгул (гавазни бухороӣ), зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, моҳии белбинӣ, мори айнакдор (кобра), намудҳои калтакалос, мурғи даштӣ, намудҳои мурғобӣ, ҳашароти гуногун, аз рустаниҳо ҷамоаҳои туғайӣ, ангат, санҷид (ҷигда), сафедор, туранча, найшакар, гули лола ва ранк мебошанд, ки ба «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.

Дар соҳили Дарёкўл муҳит сокиту ором аст. Насими гарм сабук мевазад. Мурғобиҳо, ки шумораашон ба 49500 сар мерасад, қатори дигар парандаҳои мавсимӣ (250 уқоб, 3765 ғоз, 1820 лаклак, 710 алошақшақа) омада дар 32 кўли атрофии мамнўъгоҳ шино мекунанд. Ҳаракати ин ҷонваракон оби ороми кўлро  мавҷ-мавҷ мезанад.

Мамнўъгоҳ лабараторияи илмӣ-табиӣ маҳсуб меёбад, аз ин рў дар он шикор, чарондани чорво, буридани дарахтон, ҷамъоварии рустаниҳо, истеҳсолу коркарди сарватҳои табиӣ, гаштугузори одамҳо ба ҷуз гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ манъ аст. Дар мамнўъгоҳ 2130  парандаи зебо-фазан боқӣ мондааст. Ин парандаи хушсурат ҳамасола то 9-15 чўҷа мебарорад, лек тўъмаи дигар ҷонварон мегардад.

Маъмурияти «Бешаи палангон» дар самти ободонӣ ва сабз намудани боғҳо  як қатор корҳоро анҷом додааст. Аз навъи аълои бодом 10500 ниҳол  шинонидаанд, ки 95 фоизи он нумўъ кардааст. Дар атрофи дидбонгоҳҳо 11 ҳазор қаламчаи анор, 50 бех арча, 20 бех дарахти сояафкани тут шинонида 25 кило тухми дарахти ҷигда, ки серҳосил буда, хўроки хушхўри ҷайраву гурозон аст, коридаанд, ки минбаъд дар минтақаҳои холӣ кўчат мекунанд.

Бозчоп аз Ҷавонони Тоҷикистон. – 20011. – 12 май.

Муаллиф: Холов Х.

ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАР БОРАИ БЕШАИ ПАЛАНГОН ЧӢ МЕТАВОН ХОНД:

Ҳасан, С. Одамони пиромуни «Бешаи палангон». – Душанбе. –2005. – 32 с.

Салим, М. Ҳикоёти «Бешаи палангон»:Ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб. – 2018. – 144 с.

Яқубов, Н. Кишвари аҷоибот: Дар бораи «Бешаи палангон» // Машъал. – 1959. – №. – 13 . – С. 9-11.

Прохоров, Б. Сайри «Бешаи палангон» // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 30 май.

Олимов, М. Суруди нохонда: Дар бораи табиати «Бешаи палангон» // Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. – 29 декабр.

Крюков, Я. Дар ҳифзи табиат бошем: Дар бораи заповедники дараи палангон // Занони Тоҷикистон. – 1974. – №6. – С. 22-23.

Ҳоҷиматов, М. Бешаи палангон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 6 июл.

Ҳоҷиматов, М. Бешаи палангон: Дар бораи олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 17 август.

Соҳибов, С. Дар пешаи палангон: Дар бораи мамнўъгоҳи «Бешаи палангон» // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. – 1981. – №11. – С. 58-60.

Юсуфов, М. Стансияи Бешаи палангон // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 5 октябр.

Фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мамнўъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» // Наврўзи Ватан. – 1999. – ноябр.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба беҳбуд бахшидани фаъолияти мамнўъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» // Наврўзи Ватан. – 1999. – ноябр.

Асоев, Ҳ. «Бешаи палангон» дар чӣ ҳол аст?: Ганҷинаи ноёбтарини табиати кишвармон «Бешаи палангон» // Омўзгор. – 1999. – 18 март.

Давлатов, А. «Бешаи палангон» паланг надорад: Дар бораи Бешаи палангон // Омўзгор. –  2008. – 19 сентябр.

Салим, М. Дар оғуши «Бешаи палангон» // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 30 июл.

Суннатӣ, С.  Амазонкаи Тоҷикистон: Оиди мамнўъгоҳи «Бешаи палангон» // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2010. – 6 октябр.

Суннатӣ, С. «Бешаи палангон» – ганҷинаи Тоҷикистон:  Мусоҳибаи С. Сунатӣ бо директори мамнўъгоҳи «Бешаи палангон» Нуриддин Сайфуллоев // Минбари халқ. – 2010. – 7 октябр.

Сайфуллоев, А. «Бешаи палангон» нигини ангуштарини табиати мост: Маълумот оиди ин мамнўъгоҳ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2011. – 12 май.

Бағали хуррами ҷангал: Парвариши парандаи тазарв (фазан) дар «Бешаи палангон» // Паёми Душанбе. – 2014. – 25 июл.

Бобоев, А. Табиат хонаи мост: Оиди мамнўъгоҳи «Бешаи палангон» // Ваҳдат. – 2015. – №22. – ноябр.

Библиографияи миллӣ