Дар бораи ду Каломӣ: Яке аз Бухорову дигар аз Исфаҳон

КаломКаломии Бухороӣ шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар Бухоро касби камол кардааст. Дар синни камолот ба матоъфўрушӣ машғул шуд ва аз ин касб таъмини маош мекард. Муддате дар дарбори ҳукмрони давраш чун котиб хидмат кардааст. Дар манбаъҳои адабӣ аз Каломии Бухороӣ чун шоири ғазалсаро ёд кардаанд.

Каломии Исфаҳонӣ

Каломии Исфаҳонӣ Латифуддин Аҳмад ибни Муҳаммад, шоири форс-тоҷик (асри 13).  Каломии Исфаҳонӣ муосири Содиқии китобдор буд ва бино ба навиштаи муаллифи «Арафоту-л-ошиқин» ҳамзамони мулло Замирӣ, мулло Хуррамӣ ва мулло Муҳаммадқосими Розӣ будааст.

Замоне, ки Хоҷа Муҳаммадшарифи Ҳиҷрӣ вазири ҳокими Исфаҳон ва Ироқи Аҷам буд. Каломии Исфаҳонӣ ва бародараш Саломӣ дар мадҳи ў ашъоре сурудаанд. Ин ҳар ду дар бухлу тамаъ ва ҳирсу хасисӣ шуҳраи замона буданд. Хоҷа Муҳаммадшарифи Ҳиҷрӣ дар ҳаққи онҳо гуфта:

Ду чиз аст бадтар зи чизи ҳаромӣ:
Саломи Каломӣ, Каломи Саломӣ.

Муаллифи тазкираи «Рўзи равшан» ишора мекунад, «Каломӣ бар хубии назм бар Саломӣ тафаввуқ дошт». Каломии Исфаҳонӣ китоби мунтахаби ашъори шоирони форс-тоҷикро бо номи «Мунису-л-аҳрор фӣ дақоиқи-л-ашъор» тартиб ва ашъори худро низ дар он ҷо додааст. Бадрии Ҷоҷармӣ шеърҳои Каломии Исфаҳониро аз китоби мазкур хориҷ карда китобро бо баъзе иловаҳо ба номи худ гардонидааст. Намунаи ашъори ў дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондааст. Байти зер аз ўст:

Дўш дар оина акси рўи худ андохтам,
Дошт бо рўи ту даъво, зардрўяш сохтам.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 304-305.                                               

Муаллиф: Ф. Маҳмадуллоҳ
Таҳияи: Гулсара Толибова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ